Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба шаҳрвандони Тоҷикистон тавсия дод, ки аз сафар ба Русия муваққатан худдорӣ кунанд. Сабаби тавсияи худдорӣ аз сафар ба ин кишварро сафорат ба пурзӯр шудани назорат ҳангоми вуруди шаҳрвандони хориҷӣ аз сарҳади Русия тариқи гузаргоҳҳои заминӣ ва ҳавоӣ рабт додааст.
Айни ҳол дар ин маврид шарҳи бештар дастрас нест.
Бояд гуфт, ин аввалин тавсияи ниҳодҳои дипломатии Тоҷикистон барои худдорӣ аз сафар ба Русия нест. Пештар, баъди оғози ҷанги Русия дар Украина ва баъди он, дар пайи ҳамлаи мусаллаҳона ба толори консерти "Крокус Сити Ҳол" ва бо иттиҳоми содир кардани он боздошт шудани шаҳрвандони Тоҷикистону дар пайи он афзоиши санҷишҳои тоҷикон ҳангоми вуруд ба Русия низ Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз сокинони кишвар хоста буд, ки аз сафар ба ин кишвар муваққатан худдорӣ кунанд.
Ҳафтаи гузашта Қирғизистон низ аз шаҳрвандонаш хост аз сафар ба Русия муваққатан худдорӣ кунанд. Дар баёнияи Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон низ сабаби ин даъват, “пурзӯр шудани назорат ҳангоми вуруди шаҳрвандони хориҷӣ аз сарҳади Русия тариқи гузаргоҳҳои заминӣ ва ҳавоӣ” зикр гардид.
Бояд гуфт, ки Русия баъди ҳамлаи мусаллаҳона ба толори консерти "Крокус Сити Ҳол"-и вилояти Маскав дар моҳи марти соли ҷорӣ ва бо иттиҳоми содир кардани он боздошт шудани шаҳрвандони Тоҷикистону маъракаи санҷиши муҳоҷиронро тақвият бахшид ва барои вуруди шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ, махсусан кишварҳои Осиёи Марказӣ монеаҳои зиёд эҷод кард. Теъдоде аз хоҳишмандони вуруд ба Русия дар гузаргоҳҳои заминӣ маҷбуранд чандин рӯз навбат истанд ва дар охир посухи рад гиранд. Ҳамин тавр баъзеи онҳое, ки тавассути ҳавопаймо сафар мекунанд, низ соатҳо ва баъзан чанд рӯз дар навбат истода ё бозпурсӣ шуда, барои вуруд ба Русия иҷоза намегиранд. Ҳамаи он бо шеваи тунд сурат мегирад.
Рӯзи омӯзгорон. Сокинон дар бораи муаллими худ чӣ мегӯянд?
Адабиёт, мактаб ва расонаву филмҳо. Чӣ гуна забони меъёри тоҷикиро оммавӣ кунем?
"Шуълаи орзу". Филми мустанад дар бораи ҷавоне, ки мушкилиҳои зиндагӣ ӯро қаҳрамон кард
Истаравшан шаҳри умумиҷаҳонии ҳунармандӣ шуд. Ин шаҳр бо чӣ машҳур аст?
Ду медали Тоҷикистон дар мусобиқоти ҷудои ҷаҳон миёни ҷавонон
“Мехост хонаи давлатиро хусусӣ кунад” Ҷузъиёти боздошти роҳбари дастгоҳи шаҳри Истиқлол
Парлумони Тоҷикистон тартиби соддакунии ҳамлу нақли борро бо Ӯзбекистон тасдиқ кард
“Пул надоштам”. Милитсияи пойтахт навори ҷузъиёти ҳамла ба ронандаи “Як такси”-ро нашр кард
Нашри китоб дар бораи таърихи ҷанги шаҳрвандӣ ва корномаи Эмомалӣ Раҳмон бо забони арабӣ дар Миср
"Ба ихроҷ омода шавед". Дар Русия амалиёти “Нелегал-2024” мегузарад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста