Додгоҳе дар Ӯзбекистон даъвои Ботир Қодиров, овозхони ҷавони ӯзбек дар бораи он ки Шералӣ Ҷӯраев, овозхони шинохтаи Ӯзбекистон падари биологиаш аст, қонеъ кардааст. Писарони дигари Шералӣ Ҷӯраев ҳукми додгоҳро ғайриқонунӣ гуфтаанд. Дар ин бора хабаргузории Kun.uz иттилоъ медиҳад.
Дар қарор гуфта шудааст, ки дар сутуни “падар”-и шаҳодатномаи таваллуди Ботир Қодиров навиштаи “Шералӣ Ҷӯраев, соли таваллуд–1945, миллат-ӯзбек” ҷой дода шавад.
Қарори додгоҳ баъди як моҳ эътибори қонунӣ пайдо мекунад ва дар ин муддат ҷонибҳои норозӣ метавонанд ба додгоҳ шикояти кассатсионӣ баранд.
Зоҳиршоҳ Ҷӯраев, яке аз писарони марҳум Шералӣ Ҷӯраев баъди эълони ҳукм ба хабарнигорон гуфтааст, ки қарори ниҳоӣ ғайриқонунӣ буда, далелу исботи кофӣ вуҷуд надорад.
Ёдовар мешавем, ки аризаи даъвогии овозхон Ботир Қодиров 19-уми марти соли 2024 ба суд ирсол гардид. Дар ариза Ботир Қодиров гуфта буд, ки Шералӣ Ҷӯраев падари биологии ӯ аст ва барои исботи ин гуфтаҳо далелҳои кофӣ низ дорад.
“Ман маҷбур шудам онҳоро ба додгоҳ кашам, зеро онҳо (Зоҳирҷон ва Шоҳҷаҳон Ҷураевҳо, писарони Шералӣ Ҷӯраве дар назар аст-муаллиф) бар зидди шаъну шарафи модарам сухан гуфтанд. Ман аз бародаронам чизе намехоҳам ва ба пулу мерос ниёз надорам”, - шарҳ дода буд ӯ.
Шералӣ Ҷӯраев Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистону Ӯзбекистон буда, дар Тоҷикистон низ маҳбубият дошт. Ӯ 4-уми сентябри соли 2023 дар Тошканд вафот кард.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста