Аксари донишҷӯёни тоҷик иқрор мешаванд, ки ба донишгоҳ на барои аз худ кардани касб, балки зери фишори омилҳои дигар дохил шудаанд. "Азия-Плюс" бо мақсади муайян кардани сатҳи таълим дар макотиби олии кишвар, таваҷҷуҳи ҷавонон ба таҳсилу интихоби касб ва фаъолияти минбаъдаи онҳо миёни донишҷӯёну хатмкунандагони донишгоҳу донишкадаҳои Тоҷикистон пурсиш гузаронид ва натиҷаи онро дар ин мавод пешкаши хонанда мекунад.

Дар пурсиш 243 донишҷӯи зинаҳои бакалавриат, магистратура ва аспирантураи донишгоҳҳои гуногуни кишвар, аз ҷумла, 77 духтар ва 166 писар ширкат карданд.

 

Донишгоҳ-“паноҳгоҳ”-и ҷавонон

Назарсанҷӣ нишон дод, ки танҳо 45%-и пурсидашудагон ба донишгоҳ бо мақсади омӯхтани касби муайян дохил шудаанд. Тақрибан 66% маълумоти олиро қисми муҳими ояндаи худ мешуморанд ва ба донишгоҳ низ дар такя ба ҳамин андеша дохил шудаанд.

Қариб 10%-и мусоҳибон танҳо барои фирор аз хизмати ҳарбӣ ба макотиби олӣ дохил шудаанд. 

Қисме аз донишҷӯён интихоби худро бо фишор аз ҷониби волидон ва ҷомеа асоснок кардаанд. Барои аксари ҷавонон донишгоҳ як навъ “паноҳгоҳ” гардидааст, ки ҳарчанд таҳсилоти “босифат” надиҳад ҳам, эътирофи ҷомеаро таъмин мекунад.

Донишҷӯёни яке аз донишгоҳҳои Тоҷикистон
Аз манбаъҳои боз

Мувофиқи назарсанҷӣ, аксари донишҷӯён (72,4%) ихтисоси худро мустақилона интихоб кардаанд. 11,5%-и пурсидашудагон гуфтанд, ки тариқи тақсимоти Маркази миллии тестӣ (ММТ) ба донишгоҳ ё ихтисоси таҳсилмекардаашон муайян гардидаанд.Ихтисоси қариб 10%-ро бошад, волидон интихоб кардаанд.

Аз ин метавон хулоса кард, ки новобаста аз озодии интихоби аксари ҷавонон, таъсири низоми тақсимоти ММТ ва ақидаи волидайн дар дохилшавии ҷавонон ба донишгоҳҳо дар Тоҷикистон то ҳол назаррас аст.

 

Оё донишҷӯён бо интихоби худ розианд?

58%-и пурсидашудагон изҳор доштанд, ки бо донишгоҳ ва ихтисоси интихобнамудаашон розианд, вале наздики 42% аз интихоби худ қонеъ нагардидаанд. Миёни сабабҳои навмедӣ донишҷӯён, аз ҷумла, набудани имконияти рушди касбӣ ва дигаргуна будани интизориҳо аз донишгоҳу барномаи таълимиро номбар карданд. 

“Фасоду порагирӣ бениҳоят зиёд аст, аксари донишҷӯён умуман намехонанд” - гуфтааст яке аз мусоҳибон.

Ҳамчунин, донишҷӯён аз сатҳи пасти таълим, ноуҳдабароии омӯзгорон, муносибати беадолатона аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳҳо ва ҷалби иҷбории онҳо барои иштирок дар чорабиниҳои гуногун шикоят караданд.

 

Кор ва таҳсил. Душвор, вале имконпазир

Наздиқи 69%-и донишҷӯён дар як вақт ҳам кор ва ҳам таҳсил мекунанд. о вуҷуди ин, ҳиссаи камтарини онҳо аз рӯйи ихтисос кор мекунанд. Ин аз он далолат медиҳад, ки дар вақти таҳсил пайдо кардани кор аз рӯи ихтисос на ҳамеша имконпазир аст ва ё худи донишҷӯён танҳо кори муваққатии нопурраро, ки тахассуси баландро талаб намекунад, интихоб мекунанд.

Тибқи посухи пурсидашудагон, барои кор кардан аз рӯи ихтисос (хусусан ба ҳайси духтур) шумо бояд таҷрибаи корӣ ва ё “робита” дошта бошед ё ришва диҳед.

“Донише, ки донишгоҳ медиҳад ба талаботи корфармоён ҷавобгӯ нест” - мегӯяд яке аз донишҷӯён.

Баъд аз анҷоми таҳсил 35%-и пурисдашудагон мехоҳанд аз рӯйи ихтисоси худ кор кунанд, вале зиёда аз 14%-и донишҷӯён нақша доранд ба хориҷа раванд. Ин метавонад бо норасоӣ ё набудани имкониятҳо барои рушди касбӣ дар Тоҷикистон алоқаманд бошад. 

Боз наздики 14% ният доранд таҳсилро дар зинаи магистратура ва аспирантура идома диҳанд.

 

Нақшаи Маркази миллии тестӣ

Қисми муҳимми низоми қабул ба донишгоҳҳо ММТ аст, ки дар он довталабон аз имтиҳони дохилшавӣ мегузаранд. 

Тавре Абдулвосид Шодиниё, муовини аввали ММТ қаблан дар суҳбат ба «Азия-Плюс» гуфт, барои баъзе ихтисосҳо бояд «аз онҳое, ки ҳастанд, интихоб кард».


Мувофиқи маълумоти ММТ, имсол қариб 100 ҳазор довталаб аз қайд гузаштаанд. Нақшаи қабули донишҷӯён дар Донишгоҳи тиббӣ 100%, вале дар Донишкадаи фарҳанг ва санъат 20% ва Донишкадаи инноватсионӣ 16%, иҷро шудааст.

Ба гуфтаи Сабзалӣ Ҷаъфарзода, директори Маркази миллии тестӣ, имсол аз 99 ҳазору 722 довталаб 86 ҳазору 838 нафар дар имтиҳонҳо иштирок кардаанд, ки 65 ҳазору 266 нафари онҳо ба муассисаҳои олии кишвар дохил шудаанд.

“Тақрибан 60 фисади довталабон аз рӯйи ихтисосҳои интихобкардаашон ба донишгоҳу донишкадаҳо роҳ ёфтанд”, - илова кард Ҷаъфарзода.

Ӯ афзуд, ки 146 ихтисосро дар 34 мактаби олӣ касе интихоб накардааст.

Тибқи омори ММТ, дар байни муасисаҳои олии кишвар аз ҳама пешсаф Донишгоҳи давлатии тибби Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон мебошанд, ки нақшаи қабули донишҷӯён дар озмуни тақсимоти асосӣ дар даврҳои 1‑ум ва 2‑юми ИМД 100% иҷро шудааст.

Дар муассисаҳои дигар вазъ чандон хуб нест. Аз ҷумла, дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дар озмуни тақсимоти асосӣ нақшаи қабул 21%, Донишкадаи саноат ва хизматрасонӣ 18% ва Донишкадаи инноватсионии Душанбе 16% иҷро шудааст.

Дар баробрин ин, ба сатҳи дониши мутахассисони оянда диққати ҷддӣ дода намешад ва дар ниҳояти кор “кадрҳои боихтисос” чандон ихтисоснок намешаванд.

 

Ба ҷои хулоса

Назарсанҷӣ миёни донишҷӯёни донишгоҳҳои Тоҷикистон чанд мушкилоти муҳимро ошкор кард. Ҷавонон аксар вақт на танҳо аз рӯи хоҳишҳои шахсӣ, балки зери фишори омилҳои беруна, аз ҷумла, артиш, интихоби волидон ва ҷомеа донишгоҳҳо ва ихтисосро интихоб мекунанд.

Қисми зиёди донишҷӯён аз интихоби худ қаноатманд нестанд, ки ин аз зарурати аз нав дида баромадани равишҳои роҳнамоии касбӣ ва таҳияи барномаҳои муосири таълимӣ, ки ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ бошад, шаҳодат медиҳад.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва тағйири доимии бозори меҳнат муҳим аст, ки донишҷӯён имкони гирифтани таҳсилоти босифат ва интихоби бошууронаи касби ояндаи худро дошта бошанд. Ислоҳот дар соҳаи маориф ва дастгирии донишҷӯён дар тамоми марҳилаҳои таҳсил метавонад роҳи ҳалли бисёре аз мушкилоти дар ин тадқиқот муайяншуда гардад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.