20-уми сентябр дар таърихи синамои тоҷик ҳамчун рӯзи нахустнамоиши аввалин филми ҳунарии тоҷикӣ-“Вақте амирон мемиранд” сабт шудааст. Бори нахуст дар ҳамин рӯзи соли 1932 дар боғи онвақтаи шаҳрии Сталинобод (Душанбеи ҳозира) ин филм рӯи пардаи синамо омада буд.
Ба ин муносибат “Азия-плюс” 10 филми беҳтарини даврони истиқлоли Тоҷикистонро, ки тамошои он барои ҳар як нафар манфиатнок аст, гирдоварӣ кард. Ин феҳрист тавсиявӣ буда, дар асоси андешаву пешниҳоди коргардонҳо, ҳунармандон, мунаққидони кино ва алоқамандони синамои тоҷик омода шудааст.
"Дов"
Филми ҳунарии “Дов” бо коргардонии Муҳиддини Музаффар аз ҷониби “Тоҷикфилм” ва “Суғдсинамо” рӯйи навор омада, нахустнамоишаш 28-уми октябри соли 2022 дар кинотеатри “Ватан” баргузор гардид.
Филм дар бораи ду рафиқ Қаҳҳор (Абдумуъмин Шарифӣ) ва Маннон (Салоҳиддин Шукурзода) қисса мекунад, ки яке аз рафиқон соҳиби лоторея мешавад ва ба ивази маблағ ба дӯсташ медиҳад. Филм атрофи ҳамин дов ё омад дар лоторея давр мезанад, ки он оқибат дӯстии ин ду нафарро барҳам мезанад. Бо гузашти вақт ҳарду хатогии якдигарро дарк мекунанд, вале Қаҳҳор аз сактаи қалб вафот мекунад.
Филми “Дов” дар муддати хеле кӯтоҳ дар саросари кишвар ва берун аз он эътироф ва соҳиби чандин ҷоизаҳои дохилӣ ва байналмилалӣ гардид. Аз ҷумла моҳи апрели соли 2022 дар ҷашнвораи синамои миллии “Тоҷи Сомон” ба ҷоизаи “Беҳтарин филми ҳунарӣ” сазовор гардид.
"Муаллим"
Филми бадеии “Муаллим” истеҳсоли “Тоҷикфилм” буда, соли 2014 аз рӯйи асари Сафар Ҳақдодов бо коргардонии Носир Саидов таҳия шудааст. Ин филм ҳунарманди маъруф Марат Орифовро баъди 20 соли бознишастагӣ ба саҳнаи синамо овард ва бо ҳузури яке аз маъруфтарин ҳунарпешаҳои эронӣ – Маҳнози Ашроф ба анҷом расид. Баъди намоиши филми “Муаллим” дар 33-юмин ҷашнвораи байналмилалии филми “Фаҷр” Марат Орипов ба гирифтани ҷоизаи “Симурғи булӯрин” муваффақ гардид.
Сужаи филм саргузашти муаллим Назарро, ки дар деҳа обрӯманд, вале пиру бемор аст, фаро мегирад. Ягона дастгираш Самандари муаллим – писари хурдиаш буда, писари калониаш Юсуф дар Русия зиндагӣ мекунад. Падар ҳатто қабр канда, вале чашм ба роҳи Юсуф мемонад.
"Автобус"
Филми “Автобус” соли 2019 дар жанри моҷароӣ-мазҳакавӣ бо коргардонии Абдулҳай Зокиров рӯйи навор омадааст. Нахустнамоиши филми мазкур 6-уми ноябри соли 2020 дар толори синамои “Кохи Наврӯз” баргузор шуд. Дар филм, ки тақрибан 80 дақиқа давом мекунад, тамоми ҳодисаҳо дар автобус ва кӯча мегузаранд. Ҳунармандони маъруф Мавлона Наҷмиддинова, Абдулмӯъмин Шарифӣ, Насриддин Нуриддинов ва Зарина Хушвахт дар филм нақш офаридаанд. Ин филм яке аз сертамошобинтарин филмҳои чанд соли охир маҳсуб меёбад.
“Дар филми “Автобус” наздики ним миллион сомонӣ сарф шуд. Филми мазкур дар гӯшаҳои зебои кишварамон наворбардорӣ шуд.
"Падари моҳтобӣ"
“Падари моҳтобӣ” филми бадеии коргардони тоҷик Бахтиёр Худойназаров буда, дар ҳамкорӣ бо Русия, Олмон, Шветсария, Австрия, Ҷопон, Ӯзбекистон ва Фаронса соли 1999 ба навор гирифта шудааст. Филм соли 2000 Шоҳҷоизаи "Кинотавр»-ро соҳиб шуд ва коргардон соли 2001 барои филми мазкур бо ҷоизаи “Ника” барои беҳтарин кори коргардонӣ қадр гардид.
Қисса аз тасвири зиндагии оилае дар деҳаи Фархор оғоз мешавад, ки аз се аъзо – падар, Мамлакати 18-сола ва бародари ӯ Насриддин, ки дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ аз сараш зарба хӯрда, аз ақл бегона шуда буд, иборат аст. Мамлакат ба театр шавқи беандоза дошт ва ғайричашмдошт аз ҳунарпешае обистан мешавад. Давоми қисса моҷароомез аст.
"Охирин сайди сайёд"
Филми “Охирин сайди сайёд” аз рӯйи асари Аброри Зоҳир бо коргардонии Муҳаммадрабӣ Исмоилов аз ҷониби “Тоҷикфилм” таҳия шудааст. Нахустнамоиши филми мазкур моҳи июли соли 2021 дар Душанбе доир шуд.
Наворбардории филми ҳунарии «Охирин сайди сайёд» дар деҳаи Вешаби ноҳияи Айнӣ ва минтақаи «Бешаи палангон» анҷом ёфтааст.
Филм аз рӯйдодҳои солҳои навадуми садаи пор дар марзи Тоҷикистону ҳамсоякишвари Афғонистон бозгӯӣ мекунад ва меҳвари онро мухолифату муборизаи сокинони бумӣ бо марзшиканону қочоқчиёни аҷнабӣ дар бар мегирад.
"Роҳ"
Филми ҳунарии “Роҳ” аз рӯйи филмномаи Сафар Ҳақдодов таҳти коргардонии Носир Саидов ба навор гирифта шудааст.
Муҳтавои он дар бораи воқеаҳои муаммодору баҳсбарангези бонувоне қисса мекунад, ки баъд аз баромадан аз адои ҷазои тӯлонӣ дар маҳбас ба гардиш меояд. Онҳо заноне буданд, ки бо ҷурмҳои мухталиф паси панҷара рафтанд ва ҷомеа чӣ бархурде нисбати онҳо нишон дод.
Ахиран, филми “Роҳ” соҳиби ҷоизаи давлатии “Рӯдакӣ” гардид.
"Бачаи обӣ"
Филми ҳунарии «Бачаи обӣ», ки бо коргардонии Файзулло Файзов рӯйи навор омадааст, дар жанри драмаи иҷтимоӣ офарида шуда, аз рӯзгори наврасе, ки ба моҳигирӣ шавқ дошта, мехоҳад оянда ба ин касб шуғл варзад, ҳикоят мекунад. Инчунин, филм масоили муҳити зист, кам шудани захираҳои об ва хушкшавии рӯдхона, кӯлу дарёҳоро дар робита ба гармшавии ҷаҳонии иқлим инъикос менамояд.
“Бачаи Обӣ” моҳи майи соли 2022 дар даври ниҳоии бахши “Филми бадеӣ” (Feature Film) барандаи ҷоизаи “Интихоби тамошобинон” (Audience Choice Award) гардид.
"Муҷассамаи ишқ"
Филми “Муҷассамаи ишқ” соли 2003 бо коргардонии Умед Мирзоширинов ва филмномаи Аброр Зоҳир ба навор бардошта шудааст.
Достони филм дар бораи писаре бо номи Неъмат қисса мекунад, ки падару модар надораду дар хонаи аммааш Санам зиндагӣ дорад. Неъмат ба Зебӣ, духтари аз худаш чанд сол бузургтар ошиқ мешавад, аммо Зебӣ бо номзади худаш, як муаллим издивоҷ мекунад.
Нақши Бобои Ғаффорро, ки маҳз бо ҳамин нақш аксаран ин филмро медонанд, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Убайдулло Раҷабов офаридааст ва ӯ дар як мусоҳибааш гуфта, ки нақши аз ҳама сертамошобин ва маҳбубгаштааш дар синамо ҳамин нақши Ғаффор аст.
"Дар орзуи падар"
Силсилафилми “Дар орзуи падар” авоили соли 2000 рӯи пардаи синамо баромада, яке аз пурмухотабтарин филмҳои телевизионии Тоҷикистон буд. Филм аз рӯи асари Кароматулло Мирзо бардошта шудааст. Ин силсилафилм натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар Эрон ва Афғонистон ҳам маҳбубият пайдо кард.
Филм дар бораи Меҳрубон ном писарбача қисса мекунад, ки дар кӯдакӣ бо иштибоҳҳои падар оилаашро аз даст дод. Онҳо хушбахтона зиндагӣ мекарданд, вале падар маъшуқа пайдо кард, ки сабаби нохушиҳои оила шуд. Аммо дар кишвар ҷанги шаҳрвандӣ оғоз шуд, ки Меҳрубони кӯчакро маҷбур кард, ки ба ҷаҳон дигаргуна нигоҳ кунад.
Нақшҳои асосии филм Низомӣ - падари оиларо Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Муҳаммадҷон Шодиев ва Меҳрубон – ҷавони подоши амалҳои падар медодаро Беҳрӯзи Саид офаридааст.
"Сарбор"
Филми кӯтоҳи «Сарбор», ки бо коргардонии Манзаралӣ Шералӣ соли 2020 сабт шудааст, аз достони як зани ҷавон, ки аз хонаи шавҳар ронда шуда, волидонаш ӯро қабул намекунанд, нақл мекунад. Иҷрокунандагони нақши асосӣ Абдукарим Машрабов, Саодат Сафарова мебошанд.
Филми “Сарбор” дар синамоҷашнвораи 13-уми байналмилалии “Гавҳари роҳи абрешим” дар шаҳри Тошканд беҳтарин филм дониста шуд. Ғайр аз ин дар чандин ҷашнвораҳои байналмилалӣ соҳиби ҷоиза гардидааст.
Гулҳои “тиллоӣ”. Чӣ гуна дар Душанбе барои харидории гулҳо миллионҳо сомонӣ сарф мекунанд?
Озмуни “Тоҷикистон-ватани азизи ман” ҷамъбаст гардид. Киҳо ғолиб шуданд?
Тоҷикистон аз ҷиҳати арзонии хидматрасонии таксиҳо дар ҷаҳон 5-ум аст
“Китобхонаи электронӣ”, “Мактаб мобайл”, “Сандуқчаи зулбиё”. Хазинаи электронии вазорати маориф чӣ дорад?
Маблағи иловагии БОР барои пайвастани Тоҷикистон ба низоми энергетикии минтақавӣ
"Изҳороти тоҷикситезона". Вокуниши тунди масъули ВКХ-и Тоҷикистон ба суханони як вакили парлумони Русия
Милитсияи Душанбе аз сокинон даъват намуд, ки ба фиреби талбандаҳои “маъюб” бовар накунанд
Аввалин бонки молиявии хурд: тағйири ном ва ҳадафҳои густурдатар
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи "Фил дар торикӣ"
Мунтахаби футболи Тоҷикистон аз бозии дӯстона бо тими Русия даст кашид
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста