Имрӯз 20-уми сентябр Театри академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ, “модари театрҳои тоҷик” бо намоишномаи “Хунхори Торросӣ” мавсими 95-уми театриро оғоз мекунад. "Азия-Плюс" маълум кард, ки боз кадом театрҳо бо кадом намоишнома мавсими нави театриро оғоз мекунанд.
Намоишномаи “Хунхори Торросӣ” аз рӯйи асари драматург Азиз Несин бо коргардонии Султон Усмонов, саркоргардони театр рӯйи саҳна омадааст. Ин театр дар мавсими нав се намоишномаи тозаи дигар ба саҳна мегузорад.
Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов мавсими нави театриро бо намоишномаи нави “Симо ва ниқоб” оғоз мекунад. Намоишномаи мазкур аз рӯйи асари Шодӣ Солеҳ бо коргардонии Нозим Меликов таҳия шуда, нахустнамоишаш рӯзи 21-уми сентябр, соати 12:00 дар оғози мавсими нави театрӣ ба саҳна гузошта мешавад.
Нозим Меликов коргардоне аст, ки дар таърих нахустин маротиба театри тоҷикро бо намоишномаи “Дирафши ковиёнӣ” аз рӯи “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ дар Амрико муаррифӣ кард.
Дар аксари театрҳои пойтахт алакай мавсими нави театрӣ оғоз гардидааст. Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ 18 сентябр бо намоиши операи “Рӯдакӣ” мавсими нави театриро оғоз кард. Операи мазкур санаи 21-уми сентябр дар шаҳри Хуҷанд низ намоиш дода мешавад. Коргардони ин намоишнома Суҳроб Усмонов ва бастакори он Шарофиддин Сайфиддинов буда, аз рӯйи либреттои “Рӯдакӣ”-и Сотим Улуғзода ба саҳна гузошта шудааст.
Бояд гуфт, аввалин шуда 11-уми сентябр Театри таҷрибавии “Аҳорун” ба номи Муҳаммадҷон Қосимов бо намоишномаи кӯдаконаи “Қиссаи Ниф-ниф” ин мавсимро оғоз кард.
Интизор меравад, ки театри мазкур баъди як моҳ нахустнамоиши тарҷумаи назмии “Евгений Онегин”-и Пушкинро ба саҳна гузорад. Коргардони ин намоишнома Гулчеҳра Наимова аст.
Театри давлатии “Лӯхтак” рӯзи 15-уми сентябр намоишнома барои кӯдакони “Звёзды и мальчик”-ро ба саҳна гузошт ва бо намоиши нахустини ин намоишнома мавсими нави театриро оғоз намуд.
Санаи 24-уми сентябр, соати 10:00 бахшида ба 40-солагии таъсиси театри “Лӯхтак” намоишномаи “Кист гунаҳкор?” ба саҳна гузошта мешавад. Он аз рӯи асари Лев Кажевников бо коргардонии Сафарзода Иззатулло таҳия шудааст ва дар Тоҷикистон аввалин маротиба намоиш дода мешавад.
Аз Театри давлатии драмаи русии ба номи Владимир Маяковский гуфтанд, мавсими нав дар ин театр ҳанӯз 31-уми август бо намоишномаи "Панҷ зани Хоҷа Насриддин" оғоз ёфта буд ва ҳоло ҳайати театр барои иштирок дар ҷашнвораи байналмилалӣ дар сафари ҳунарӣ қарор дорад.
Бояд гуфт, ҳамасола мавсими театрӣ моҳи сентябр оғоз мегардад ва театрҳои кишвар то моҳи май намоишномаҳои худро барои ҳаводорони театр ба саҳна мегузоранд.
“Ҷуръати баррасии фоҷеаҳои 100 соли гузашта”. Баҳси зерматнҳои китоби “Нони шарикӣ" (Сад сол бо Русия)
Додгоҳ як мардро барои қатли ронандаи таксӣ 15 сол равонаи зиндон кард
Имрӯз ҳавопаймои Душанбе-Хоруғ парвози худро анҷом дод
Вазорат: “Дар Тоҷикистон коронавируси ХЕС ошкор нашудааст, ҳеҷ асосе барои нигаронӣ нест”
Суғд нақшаи даъвати ҳарбиро 80% иҷро кардааст
Аз 30 ба 90 сомонӣ. Нархи гӯшт чӣ гуна боло рафт?
Амирхон Мутаққӣ барои ширкат дар нишасти шашуми "Формати Маскав" вориди Русия шуд
Чӣ гуна «Душанбе Сити Бонк» шуморо аз қаллобон ҳимоя мекунад?
Ҷаримаи волидайни се хонанда барои кашидани “калян”-и электронӣ дар мактаб
Беш аз 85% ифротиёни тоҷик муҳоҷирон будаанд. Ин то куҷо дуруст аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста