Тоҷикистон дар радабандӣ (рейтинг)-и ҷаҳонии рушди ҳукумати электронӣ (EGDI), ки аз ҷониби Департаменти умури иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ тартиб дода шудааст, миёни 193 кишвар ҷойи 123-юмро касб кардааст.
Индекс (шохис)-и феълии кишвар 0.5606 буда, аз сатҳи миёнаи ҷаҳонӣ, ки 0.6382-ро ташкил медиҳад, поинтар аст.
«Тоҷикистон дар беҳтар кардани хидматрасониҳои давлатии электронӣ бо мушкилот рӯбарӯ мешавад, ки сабаби он инфрасохтори маҳдуди рақамӣ ва сатҳи пасти саводнокии рақамӣ байни аҳолӣ, махсусан дар минтақаҳои деҳот мебошад», — омадааст дар гузориш.
EGDI як индекси мураккабест, ки сатҳи рушди рақамии кишварҳоро арзёбӣ мекунад. Он Индекси хидматҳои онлайн (OSI), ки дастрасӣ ва сифати хидматҳои давлатии электрониро месанҷад, Индекси инфрасохтори телекоммуникатсионӣ (TII), ки дараҷаи рушди заминаи техникиро инъикос мекунад ва Индекси сармояи инсонӣ (HCI)-ро, ки омодагии аҳолӣ барои истифодаи технологияҳои рақамиро нишон медиҳад, дар бар мегирад.
Дар муқоиса бо Тоҷикистон, ҳамсояҳо дар рушди рақамӣ хеле пешсафанд. Қазоқистон дар раддабандии ҷаҳонӣ дар ҷойи 24-ум қарор дошта, босуръат платформаи «e-Gov»-ро рушд медиҳад ва доираи васеи хидматрасониҳои онлайн пешниҳод мекунад.
Ӯзбекистон дар зинаи 63-юм ҷой гирифта, стратегияи «Узбекистони рақамӣ 2030»-ро татбиқ мекунад, ки ба ҳамгироии технологияҳои рақамӣ дар ҳама соҳаҳои идораи давлатӣ равона шудааст.
Қирғизистон дар ҷойи 78-ум қарор дошта, дар соҳаҳои маориф ва тандурустӣ ҳалли рақамиро фаъолона рушд медиҳад ва дастрасии шаҳрвандонро ба хидматрасониҳои давлатии онлайн беҳтар менамояд.
Русия дар ҷойи 29-ум қарор гирифта, барои беҳтар кардани хидматрасониҳои давлатӣ ва баланд бардоштани дастрасӣ ба онҳо технологияҳои пешрафта, аз ҷумла зеҳни сунъиро фаъолона ҷорӣ менамояд.
Беларус дар ҷойи 41-ум қарор дошта, ҳамчунин ба рушди инфрасохтори телекоммуникатсионӣ ва беҳтар кардани сифати хидматрасонии электронӣ барои шаҳрвандон таваҷҷуҳ зоҳир мекунад.
Интернети суст ва гарон
Сокинони Тоҷикистон доимо аз интернети суст ва гарон шикоят мекунанд, ки инро радабандии ҷаҳонӣ низ тасдиқ мекунад.
Дар радабандии Speedtest Global Index аз рӯи суръати интернети мобилӣ тибқи маълумоти моҳи феврали соли 2024, Тоҷикистон аз охири рӯйхат зинаи 5-умро ишғол мекунад: ҷойи 139-ум байни 143 кишвари ҷаҳон. Дар радабандии навшудаи моҳи майи соли равон Тоҷикистон умуман дар рйхат нест. Сабаби дар ин рӯйхат шомил набудани Тоҷикистон ҳоло маълум нест.
Аз лиҳози интернети ноқилӣ бошад, Тоҷикистон байни 181 давлати саросари дунё дар мақоми 131-ум қарор гирифтааст.
Дар радабандии Mobile Data Affordability Index, ки дар он дастрасӣ ба интернети мобилӣ бо назардошти музди меҳнати миёна арзёбӣ мешавад, байни 179 кишвар Тоҷикистон дар зинаи 163-ум ҷойгир шудааст.
Барои муайян кардани радабандии дастрасӣ ба маълумоти мобилӣ муаллифон арзиши миёнаи нақшаи тарифҳои моҳонаи телефони мобилӣ (13.77 доллар)-ро бо ҳаҷми маълумоти зиёда аз 10 ГБ бо музди меҳнати миёна (170 доллар) муқоиса кардаанд.
Аз ин бармеояд, ки барои харидани 10 ГБ интернет сокинон бояд 8% аз музди меҳнаташонро сарф кунанд.
Байни кишварҳои ИДМ аз лиҳози дастрасӣ ба интернети мобилӣ Русия зинаи 26-ум, Ӯзбекистон - 43, Арманистон - 55, Беларус - 61, Қазоқистон - 63, Қирғизистон - 90 ва Озарбойҷон - мақоми 114-умро касб кардаанд.
Афғонистони ҳамсоя аз рӯи дастрасӣ ба интернети мобилӣ ду зина аз Тоҷикистон боло - дар мақоми 161-ум қарор дорад.
Гузоришҳо дар бораи интернети суст дурӯғанд?
Дар нишасти матбуотии Хадамоти алоқа рӯзи 24 июли соли равон ба саволҳои сершумори рӯзноманигорон дар бораи сабабҳои суръати паст ва арзиши баланди Интернет дар Тоҷикистон посухи мушаххас дода нашуд.
Рафиқҷон Шокиров, иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати алоқа ва иттилоотонии Хадамот изҳор намуд, ки суръати суст ва арзиши баланди Интернет дар Тоҷикистон “маълумоти бардурӯғ ва сохтакорӣ” аст.
Ӯ ба воқеияти ҳисоботи раддабандиҳои хориҷӣ дар бораи суръату арзиш ва дастрасӣ ба интернет шубҳа кард ва таъкид намуд, ки “дар ин ҳисобот ҳама омилҳо ба назар гирифта нашуда, онҳо барои аз зовияи бад нишон додани баъзе аз кишварҳо нашр мешаванд”.
“Дар ин гуна тадқиқот, маъмулан шумораи умумии аҳолии кишвар ба назар гирифта мешавад. Дар ин баробар, кӯдакони то 5-сола, ки қариб 2 миллион нафар аҳолии кишварро ташкил медиҳанд ва аз воситаи алоқа истифода намебаранд, аз ҳисоб хориҷ намешаванд” - гуфт Шокиров.
Ба андешаи ӯ, дар кишварҳои дигар кӯдакон ҳисоб намешавад, аммо “танҳо дар Тоҷикистон кӯдаконро ҳам ҳисоб мекунанд”.
Бино ба маълумоти Хадамот, айни замон 96,3%-и аҳолии кишвар бо алоқа таъмин карда шудаанд.
“Сиёсатмадор барои худ - на, барои миллат кор мекунад...” Нигоҳе ба 101-соли Низорамо Зарифова
Як ҳафта танаффус. Дастикам 30 нафар алайҳи чеҳраҳои боздоштшуда шаҳодат додаанд
Чӣ гуна чангу ғубор ба пиряхҳои Тоҷикистон таъсир мерасонанд?
Ҳайати ҳукумати “Толибон” дар Ӯзбекистон. Онҳо аз Самарқанду Бухоро дидан кардаанд
Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Мусодираи беш аз 21 ҳазор маводи тарфгарӣ дар Суғд
Якбора 3 размикори тоҷик соли 2025-ро бо рақобатҳои нав оғоз мекунанд. Ҳарифонашон кистанд?
Боздошти як зан дар Зафаробод бо гумони қатли фарзанди “угаяш”
"Боим" дар Туркия боздошт ва ба Тоҷикистон оварда шудааст. Ӯ кист?
Дар Шуғнон як мошин ба дарё чапа шудааст. КҲФ ҷасади ронандаро меҷӯяд
Ашёи муҳим барои саноати ҳарбӣ. Тоҷикистон дар истеҳсоли сурма метавонад пешсаф шавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста