Намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии "Маорифи Русияву Беларус" дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд баргузор мешавад, хабар медиҳад намояндагии "Россотрудничество" дар Тоҷикистон.

Ин аллакай 12-умин намоишгоҳи таълимӣ аст, ки дар он мактаббачагон, донишҷӯён, волидайн ва омӯзгорон метавонанд бо шароити дохилшавӣ ба мактабҳои олӣ ва зиндагӣ дар хобгоҳҳои донишгоҳҳои пешрафтаи Русия ва Беларус шинос шаванд.

Дар Душанбе рӯзи 4-уми октябр аз соати 9:30 ва 5-уми октябр аз соати 9:00 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд намоишгоҳ дар "Қасри ҷавонон" рӯзи 7 октябр, соати 10.00 баргузор мешавад.

Бояд гуфт, ки соли гузашта дар намоишгоҳ 10 донишгоҳи Беларус ва 39 донишгоҳи Русия барномаҳои худро муаррифӣ карданд. Тавре сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григорьев он вақт гуфта буд, дар соли хониши 2023 беш аз 28 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия таҳсил кардаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.