Чанде пеш шаҳри Истаравшан мақоми "Шаҳри умумиҷаҳонии ҳунармандӣ"-ро соҳиб гардид. Дар ин шаҳр аз 1 то 3-юми октябр нахустин Фестивали байналмилалии ҳунарҳои мардумӣ бо номи “Озар” баргузор шуд.
Дар ин фестивали серӯза 20 узви раёсати Шӯрои ҷаҳонии ҳунарҳо, зиёда аз 40 ҳунарманд аз давлатҳои узви Шӯро ва садҳо ҳунарманд аз Тоҷикистон иштирок карда, ҳунари аҷдодии худро ба намоиш гузоштанд.
“Азия-Плюс” талош кард маълум кунад, ки дар ин шаҳр ҳунармандон чӣ маҳсулот истеҳсол мекунанд ва ин шаҳри шимолии Тоҷикистон бо чӣ машҳур аст.
Таърихи беш 1000 солаи кордсозӣ
Барои мақоми шаҳри ҷаҳонии ҳунармандиро соҳиб гардидани Истаравшан масъулини шаҳр чанд маротиба кӯшиш карданд. Бори аввал онҳо ба Шӯрои ҷаҳонии ҳанарҳо бо 160 номгӯи ҳанарҳо ариза пешниҳод карданд. Вале аз сабаби он ки талабот дар бораи шаҳри ҳунармандӣ эътироф кардан бо як ҳунари мушаххас эълон мешавад, аризаи онҳо рад карда шуд.
“Мо ба хулосае расидем, ки ҳунари кордсозиро муаррифӣ карда ариза кунем. Чунин ҳам кардем ва роҳбари ташкилот баъди аризаи мо омада аз вазъи ҳунари кордсозӣ дид ва тасдиқ кард,-гуфта буд Аҳтам Маъмурзода, раиси шаҳри Истаравшан дар нишасти охири матбуотӣ.
Бояд гуфт, ки кордсозӣ дар Истаравшан таърихи беш аз 1000 сола дошта, кордсозони Истаравшан дар дигар давлатҳо ҳам машҳур мебошанд.

“Истаравшан сипоҳдори ҳунарҳост”.
Истаравшан яке аз қадимтарин шаҳрҳои Осиёи Марказӣ буда, таърихи беш 2500 сола дорад. Дар Истаравшан зиёда аз 160 намуди ҳунари гуногун мавҷуд аст. Бисёре аз ин ҳунарҳо аз насл ба насл мерос монда, дар шароити хона истеҳсол карда мешаванд. Инчунин, насли нави ин шаҳр барои аз миён нарафтани анъанаҳои бобоӣ ва гаромидошти хотироти онҳо кӯшиш мекунанд ҳунари онҳоро идома диҳанд.

Дар ин шаҳр аз ҳунари кулолгарӣ, гаҷкорию дурегарӣ, то заргарӣ сохтани асбабҳои мусиқӣ хеле рушд кардаанд. Кордсозӣ ва карнайсозию дигар созҳои мусиқӣ номи Истаравшанро чун шаҳри ҳунармандӣ зиёдтар шинохта кардааст. Қолинбофӣ, оҳангарӣ, пӯст ва заргарӣ ҳам дар шаҳр рушд кардааст. Қолинбофӣ, оҳангарӣ, пӯст ва заргарӣ рушд кардааст. Бофандагӣ, дӯзандагӣ, армуғонсозӣ, кулолгарӣ, чӯбкорӣ, ресандагӣ, читгарӣ, рассомӣ ва дигар намуди ҳунарҳо ҳам нисбати дигар шаҳрҳои кишвар дар Истаравшан зиёд аст
Устодони Коллеҷӣ ҳунармандӣ дар шаҳри Истаравшан талош мекунанд, ки баъзе намуди ҳунармандӣ, ки имрӯз хавфи аз байн рафтанро дорад рушд дода ба шогирдон омӯзанд. Ба қавли худи онҳо “Истаравшан сипоҳдори ҳунарҳост”.
Маҳсулоти ҳунармандони ин шаҳр бозоргир аст ва на танҳо бозори дохилӣ балкӣ берун аз он низ мизоҷони доимӣ дорад. Аз тамоми гӯшаю канори ҷумҳурӣ ҳангоми сафарҳои муҳим аз ҳунармандони Истаравшан тақозо мекунанд, ки барояшон туҳфа омода кунанд.

Истаравшан-макони сайёҳӣ
Истаравшан баробари шаҳри ҳунармандӣ будан макони сайёҳӣ ҳам ҳаст. Дар ин шаҳр ҷойҳои зиёдӣ таърихӣ мавҷуданд, ки ба гуфтаи шаҳрдори ин шаҳр дар қисмати чапи шаҳр ҷойгир буда, барои аз тахриб шудан эмин доштан ҳукумати Истаравшан пайваста талош мекунад. Дар Истаравшан шумораи зиёди ганҷҳои аслии меъморӣ ва таърихӣ, қалъаҳо, мақбараҳо, мадрасаҳо ва тамоми шаҳракҳо ҳифз шудаанд.
Аз ҷумла, Шаҳраки Муғтеппа, ки дар гузашта қалъаи шаҳрӣ буд, ки ба асри IV тааллуқ дошт, ҷои зисти аристократияи маҳаллӣ буд. Қалъаи баландро туркҳо, муғулҳо, лашкари амири бухоро ва хани қӯқанд борҳо штурм карданд, аммо ҳар дафъа он борҳо аз болои шаҳр боло мерафт.

Дар шаҳр масҷид-мадрасаи Бузурги Кок-Гумбаз мавҷуд аст. Он дар замони Султон Абдуллотиф дар асри XVI ҳамчун масҷиди асосии ҷумъаи шаҳр сохта шудааст. Дар охири асри XIX гунбази фурӯ рехта, имрӯзҳо аз ҷониби устодони маҳаллӣ аз рӯи намунаҳои қадимӣ, инчунин аз нав барқарор карда шудааст, ки дар он ороишҳо ва каллиграфия печонида шудаанд.
Шӯрои ҷаҳонии ҳунармандӣ чӣ созмонест?
Шӯрои ҷаҳонии ҳунармандӣ як ташкилоти байналмилалии ғайритиҷоратӣ мебошад, ки фаъолияти он ба ҳифз, маъмулгардонӣ ва рушди санъати амалӣ ва ҳунарҳои анъанавӣ равона шудааст.

Шӯро мақоми мақоми машваратии назди Юнеско дорад. Имрӯз он миллионҳо ҳунармандон ва ҷомеаҳои ҳунариро аз саросари ҷаҳон муттаҳид мекунад. Барномаи "шаҳрҳои ҷаҳонии ҳунармандӣ" соли 2014 оғоз ефт ва дар тӯли 10 сол беш аз 60 шаҳр аз кишварҳои гуногун ба он ҳамроҳ шуданд.
Имсол ба руйхати ин шуро аз кишвари мо шаҳри Истаравшан шомил шуд Дар нақша аст, ки чанд шаҳри вилояти Суғд -Хуҷанд, Панҷакент ва Исфара ба узвияти Шӯрои ҷаҳонии ҳунарҳо шомил карда шаванд.
Баъди 13 рӯзи озодӣ аз маҳбас. Боздошти як ҷавон бо гумони дуздии телефону дучарха
Маошу нафақа ва идрорпулӣ дар соли 2025 аз кадом ҳисоб зиёд мешаванд?
Вазири дифои Тоҷикистон дар Эрон. Бо киҳо вохӯрд ва кадом масъалаҳо баррасӣ шуданд?
Дар Тоҷикистон расман бекорон қариб нестанд, вале...
Бо нозири минтақаи худ шинос шавед! Пулиси Душанбе “телеграм-бот”-и “Нозири минтақавии ман”-ро фаъол кард
Тоҷикистону Қирғизистон мехоҳанд хатсайри нави ҳавоӣ боз кунанд
Ҷароҳати 11 кас, кӯчонидани зарардидаҳо ва ҳаҷми кумакҳо ба сокинон. Ҷузъиёти рафъи паёмади заминларза дар Рашт
“Саргузашт”-и Пушкин ва мӯшикофии як ҷиноят. Дар рӯзи дуюми “Парасту-2025” дар оинаи театр чӣ ҷило ёфт?
Муҳити кӯҳӣ дар шаҳр. Рақобати дучархаронони 20 давлат дар Душанбе
Маскав интизор дорад, ки дар гузашти 9-уми май сарони 20 давлату ҳукумат ширкат кунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста