Дар пойтахти кишвар аввалин микроавтобусҳо ё худ маршруткаҳои барқӣ ба равуо оғоз намуданд. Нахустин чунин микроавтобусҳо ҳоло дар хатсайри №8 ҳаракат мекунанд.
Микроавтобусҳои Foton Toano метавонад 17 мусофир ва ронандаро ҷойгир кунад. Нақлиёти замонавӣ ва бароҳат дорои курсиҳои эргономикӣ, бағоҷи васеъ, тарҳи муосир ва сатҳи баланди бехатарӣ мебошад. Бо кондитсионер, чанбарак (рул)-и бисёрфунксионалӣ ва системаи мултимедиявӣ муҷаҳҳаз шудааст.
Foton Toano бо батареяи 80-киловатта муҷаҳҳаз аст ва метавонад бо як заряд тақрибан 350 километрро тай кунад. Яъне як пуркунии заряд кифоя аст, ки микроавтобус чанд рӯзи пурра ба мусофирон хизмат расонад.
Электроникунонии нақлиёт дар Душанбе дар чаҳорчӯби сиёсати ҳукумати пойтахт ҷараён дорад. То моҳи сентябри соли оянда пойтахт бояд комилан ба таксиҳои барқӣ гузарад. Автобусҳои мусофирбар низ ба электрикӣ иваз карда мешаванд. Муфассалтар дар гузориши видеоии мо.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста