Санҷиши як литсей дарсшикании натанҳо хонандагон, балки омӯзгорон, ҳамчунин вайрон кардани низомнома ва талаботи хониш аз ҷониби онҳоро ошкор кардааст. Ин санҷиш дар пасманзари интиқоди раиси ҷумҳур аз санҷишҳои зиёди макотиб аз ҷониби мақомоти гуногун баргузор мегардад. Коршиносон ба риояи мувозинат миёни интизом ва ҳуқуқи инсон таъкид мекунанд.
Вазорати корҳои дохилӣ дар барномаи “Ахбори ВКД” гузоришеро нашр кард, ки дар он гуфта мешавад, мақомот дар натиҷаи як санҷиш дар Литсейи касбии техникии ноҳияи Ҷайҳун камбудиҳои зиёдро ошкор кард.
Дар гузориш гуфта мешавад, ки ин санҷиш дар доираи санҷишҳои мақсадноки кормандони Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД, тибқи нақшаи якҷояи ВКД, Вазорати маориф ва илм ва Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди ҳукумати кишвар гузаронида шудааст.
Мақомот гуфтаанд, дар санҷиши худ маълум кардаанд, ки бархе омӯзгорон бесабаб дар дарс ҳузур надоранд.
“Иштироки хонандагон низ нигаронкунанда буда, дар гурӯҳе, ки бояд 20 нафар хонанда дар дарс иштирок дошта бошанд, ҳамагӣ 6 нафар, дар гурӯҳе, ки бояд 17 нафар хонанда дар дарс ширкат дошта бошанд, ҳамагӣ 7 нафар дар дарс иштирок доранд”, - гуфта мешавад дар гузориши “Ахбори ВКД”.
Дар ин баробар гуфта мешавад, ки “40 нафар хонандагони таълимгоҳи мазкур бо ришҳои расида, либосҳои ғайритавсиявӣ, мӯйҳои дароз, бе лавозимоти хониш ва бо телефонҳои мобилӣ ба дарс ҳозир гардида, низомнома ва талаботи хонишро вайрон намудаанд”.
Ҳамчунин, риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор дар Литсей аз камбудиҳои дигаре будааст, ки мақомот аз ошкор шудани он иттилоъ додаанд.
Қайд гардидааст, ки барои бартараф кардани ин камбудиҳо бо масъулин корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шудааст. Аммо назари кормандони ин Литсей дар гузориш оварда нашудааст ва маълум нест, ки онҳо ба ин далелҳои мақомот розиянд, ё не.
Гузориши санҷиши мақомот аз фаъолияти ин даргоҳи таълимӣ дар ҳолест, ки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар “Рӯзи дониш” изҳор ошта буд, ки вақтҳои охир дахолати сохтору мақомоти алоҳида ба кори соҳаи маориф, санҷишҳои нақшавиву ғайринақшавии зиёд дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва олӣ ба мушкилии ҷиддӣ табдил ёфтааст. Ӯ ба мақомот дастур дода буд, ки аз дахолат ба кори маориф ва мактабу омӯзгор худдорӣ кунанд ва ин дастури ӯ боиси дастгирии зиёд ва кафкӯбии давомдор ҳам шуда буд.
Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон низ дар хулосаи як пажӯҳиши худ дахолат ва санҷиши мақомоти санҷишгар ва талаби маблағро дар муассисаҳои таълимӣ яке аз омилҳои фалаҷкунандаи соҳа номида буд.
Бояд гуфт, Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон аҳамияти риояи либоси тавсияшударо барои хонадагон, донишҷӯён ва омӯзгорон муҳим арзёбӣ мекунад. Ин ниҳод дар Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои хонандагони мактабҳои кишвар мегӯяд, “пӯшидани сарулибоси тавсияшуда ба ташаккули ҳисси зебоипарастӣ, ватандӯстӣ, одобу ахлоқи намунавӣ дар байни хонадагону донишҷӯён ва эҳтиром ба либоси миллӣ ҳамчун арзиши муҳими фарҳангӣ мусоидат мекунад”.
Мувофиқи тавсияҳои вазорат, ба духтарон дар мактаб пӯшидани ҳиҷоб, либоси нимбараҳна, шимҳои дарида, дар гӯш овехтани беш аз як гӯшвор, рангу бори беш аз ҳадди сару рӯ ва ранг (маникюр) кардани нохунҳо манъ аст. Ба писарон низ ба дарс омадан бо мӯйи дарозу ришу нохуни расида ва бо ангуштариву занҷиру дастпона ва гӯшвор манъ шуда, ба пӯшидани шими ҷинсу велвет танҳо дар мавсими сармо иҷозат дода шудааст.
Аммо коршиносон бар ин назаранд, ки қоидаву маҳдудиятҳо нисбати зоҳири хонандагону донишҷӯён ба озодии баён, ибрози ақида ва боварии онҳо таъсири манфӣ мерасонад.
Дилрабо Самадова, раҳбари Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ чанде пеш дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, “либоси тавсияшудае, ки Вазорати маориф ва илм онро тасдиқ кардааст, бояд ихтиёрӣ бошад на инки барои хориҷ кардан аз мактаб асос гардад. Дарозии мӯйи сар низ бо ягон санад танзим нашудааст ва истифодаи чунин меъёрҳо боиси таҳқир ва эродҳо нисбати омӯзгорону маъмурият мегардад”.
Ӯ ҳамчунин бар ин назар аст, ки телефонҳои мобилӣ на танҳо ҳамчун воситаи фароғат хидмат мекунанд, балки дастрасиро ба иттилоот, манобеъи таълимӣ ва имконоти молӣ низ осон мекунад.
Ин коршинос миёни интизом ва ҳуқуқи инсон будани мувозинатро таъкид карда, мегӯяд, ки фароҳам овардани шароит барои баёни фикру ақидаи хонандагон, бахусус дар наврасӣ, ки шахсияти онҳо ташаккул меёбад, муҳим аст.
Дилрабо Самадова ба зарурати бознигарии меъёру талаботҳои мавҷуда бо мақсади ҷавобгӯ будани онҳо ба талаботи муосири таълим ва эҳтироми ҳуқуқи хонандагон, фароҳам овардани фазои фарогир ва мусоиди таълимӣ таъкид кард.
Ёдрас мешавем, ки дар Тоҷикистон бо оғоз шудани соли хониш сокинон дар бораи мамнуъиятҳо ва тағйироти нав дар низоми мактаб шикоят мекунанд ва дар ин робита дар шабакаҳои иҷтимоӣ сару садоҳои гуногун ба вуҷуд омадааст. “Азия-Плюс” чанде қабл бархе аз масъалаҳои баҳсбарангезро аз шабакаҳои иҷтимоӣ ҷамъоварӣ намуда, барои тавзеҳот ба Вазорати маориф ва илм муроҷиат кард. Онҳо чӣ посух доданд, жар матлаби “Муҳим дониш не, зоҳир аст? Чӣ гуна ҳуқуқи хонандагон дар мактабҳои Тоҷикистон поймол мешавад?” мутолиа кунед.
6,6 млрд сомонӣ зиёдтар нисбат ба имсол. Парлумони Тоҷикистон буҷети соли 2025-ро қабул кард
Рамазон Қодиров ду мансабдори баландпояи Русияро барои пешбурди сиёсати зидди муҳоҷирон танқид кард
“100 чеҳраи муваффақ”-и Тоҷикистон. Кистанд онҳо?
Нишондиҳанда барои ҳисобҳо боло меравад. Маблағи хидмати ҳарбӣ, сиёҳ кардани шишаи мошин ва ҷаримаҳо зиёд мешавад
“Хурдандеширо намепазируфт”. Муруре ба рӯзгори роҳбари Бадахшони Кӯҳӣ Хушқадам Давлатқадамов
Воқеан, ба поинравии қурби рубл муҳоҷирон гунаҳкоранд? Шарҳ медиҳем.
Равшанбек Собиров, сиёсатмадори тоҷик дар ҳукумати Қирғизистон вазифаи нав гирифт
“Меҳргон” ва “Санъати сохту навохтани рубоб” ба феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуд
Содироти меваи хуч аз Тоҷикистон ба таври назаррас зиёд шуд
Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи бинои нави Додгоҳи олӣ бо додрасҳо мулоқот кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста