Дар Душанбе ду рӯз инҷониб намоишгоҳи дувоздаҳуми байналмилалии “Китоби Душанбе” бо ширкати меҳмонону ноширон аз 7 кишвари хориҷа баргузор мешавад. Ноширон бовар доранд, ки баргузории ин намоишгоҳ ба рушди равобити фарҳангӣ ва сифати чопи китобҳо таъсир мерасонад ва мақсад доранд, ки дар фарҷом миёни ҳам шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонанд. “Азия-Плюс” аз ин намоишгоҳ гузориш таҳия кард.

 

Ширкати 40 ношир аз 7 кишвари хориҷа

Намоишгоҳ дар толори Осорхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардида, дар он, ба ғайр аз ноширони ватанӣ, ноширону адибон аз давлатҳои Туркия, Эрон,  Чин, Ҳиндустон, Русия, Туркманистон ва Ӯзбекистон беҳтарин намунаҳои китобҳои нашриёти хешро пешниҳод  намудаанд.

Имсол беш аз 40 ношир зиёда аз 5 ҳазор китоби тозанашрро аз адабиёти бадеӣ, адабиёти кӯдакона, осори илмӣ, таърихӣ, фалсафӣ ва фарҳангу иҷтимоёт ба алоқамандони китоб пешниҳод кардааст.

Барои ҳар як нашриёт ғурфаҳои ҷудогона муҳайё шудааст ва ноширони хориҷӣ ба ҷуз китоб, инчунин бархе рамзҳои миллиашонро ҳам манзури тамошобинону харидорон гардонидаанд.

Дар рӯзи нахустини баргузории намоишгоҳ анбӯҳи зиёди меҳмонону сокинони пойтахт, вазири фарҳанги Тоҷикистон ва сафирони кишварҳои гуногун дар Душанбе ширкат доштанд.

Аммо дар рӯзи дуюми баргузории намоишгоҳ толори бузурги Осорхонаи миллии Тоҷикистон камодам ба чашм мерасад ва ноширон аз он ки харидор ё ҳаводор надоштанд, худ ба китобхонӣ пардохтаанд.

1/30

 

Равобити фарҳангии кишварҳоро беҳтар месозад

Ҳомиди Муҳаққиқ, намояндаи Хонаи китоб ва адабиёти Эрон, ки дар намоишгоҳ ширкат меварзад, бар ин назар аст, ки он ба такмил ва беҳтар шудани равобити фарҳангии Тоҷикистону Эрон замина муҳайё месозад.

Ҳомиди Муҳаққиқ

Хонаи китоб ва адабиёти Эрон беш аз 300 унвон китоб ба намоишгоҳи “Китоби Душанбе” овардааст, ки дар ин радиф адабиёти классик ва муосири форсу тоҷик шомиланд.

“Адабиёти классик, ки муштарак бо Тоҷикистону Эрон аст, заминаи равобити ҳасанаи ду кишвар, ба вижа миёни адибон гардидааст. Ин китобҳо дар ҳама давру замон аз аҳамияти вижа бархӯрдор буд ва мавриди таваҷҷӯҳ қарор мегирифт. Ҳоло бар замми адабиёти классик, мо намунаи китобҳои шоирону нависандагони муосири Эронро ба намоишгоҳи “Китоби Душанбе” овардем, ки ҳаводор, харидор ва хонанда дорад.”, - гуфт Ҳомиди Муҳаққиқ дар суҳбат бо “Азия-Плюс”.

Хонаи китоб ва адабиёти Эрон инчунин намунаи китобҳои шоиру нависандагони тоҷикро, ки бо хатти форсӣ баргардон, таҳия ва дар Эрон нашр кардааст, ба намоишгоҳи “Китоби Душанбе” овардааст.

Ҳомиди Муҳаққиқ бар ин бовар аст, ки баргузории намоишгоҳи “Китоби Душанбе” ба рушди беш аз пеши равобити адабии Эрону Тоҷикистон замина хоҳад гузошт ва адибони муосири ду кишвар ҳам беш аз пеш бо эҷоди ҳамдигар ошно хаҳанд гардид.

 

Ноширон бо ҳам шартома мебанданд

Асадулло Исмоилзода, сармуҳаррири Хонаи табъу нашри “Маҳорат”-и Ӯзбекистон ҳам бар ин бовар аст, ки баргузории ин намоишгоҳ ноширони кишварҳои гуногунро ба ҳамдигар ошно месозад ва заминаи беҳтар кардани чопи китобҳо мегардад.

Асадулло Исмоилзода

Исмоилзода дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, ки ноширони Туркия, Эрон,  Чин, Ҳиндустон, Русия, Туркманистон ва Ӯзбекистон тасмим гирифтаанд, ки дар фарҷоми намоишгоҳ бо ҳамдигар шарномаи ҳамкорӣ ба имзо расонанд.

“Баргузории намоишгоҳи “Китоби Душанбе” ноширони гуногунро аллакай бо ҳам шинос кард ва ман бовар дорам, ки ин гуна равобит пайдо кардан дар оянда ба сифати чоп ва беҳтар кардани кори нашриёт таъсир хаҳад расонид”, - муътақид аст сармуҳаррири Хонаи табъу нашри “Маҳорат”-и Ӯзбекистон.

Дастандаркорон ҳам мегӯянд, ки ҳадаф аз баргузории намоишгоҳ муаррифии китоб ва таҳкиму густариши робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон бо давлатҳои ҷаҳон мебошад.

Меҳмонон ва харидорон барои тамошо ва хариди китобҳои гуногун бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англистӣ, ӯзбекӣ, ҳиндӣ, туркӣ, туркманӣ ва инчунин бо хатти форсӣ омадаанд.

Намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Душанбе” дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон то 24-уми октябр идома меёбад.

Ёдовар мешавем, ки ин намоишгоҳи 12-уми байналмилалии “Китоби Душанбе” аст ва он аз соли 2013 инҷониб ҳамасола бо ширкати меҳмонону ноширон аз кишварҳои хориҷа баргузор мегардад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.