Давоми 9 моҳи имсол ба 3 ҳазору 59 сокини бекори вилояти Суғд 2 миллиону 841,7 ҳазор сомонӣ кӯмакпулӣ пардохт шудааст. Дар ин бора Шермуҳаммад Нодирӣ, сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд иттилоъ дода, гуфт, се гурӯҳ шахсони бекоре, ки ҳамчун корҷӯ ба қайд гирифта мешаванд, аз кӯмакпулии давраи бекорӣ бархӯрдор мешаванд. Инҳо нафарони аз хидмати ҳарбӣ озодшуда, собиқ маҳбусон ва шаҳравандоне, ки корхонаашон барҳам хӯрдааст.
Гуфта шуд, имсол теъдоди гирандагони кӯмакпулии давраи бекорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 250 нафар зиёд шуда, ҳаҷми кӯмакпулӣ 335,4 ҳазор сомонӣ афзудааст.
Аз рӯйи маълумоти ин ниҳод, ба 284 нафар собиқ маҳбусон кӯмакпулӣ пардохт гардидааст.
“Давоми 9 моҳи соли 2024 ба Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ 397 нафар шаҳрвандони аз муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ озодгардида муроҷиат намуданд, ки 165 нафари онҳо бо ҷойи корӣ таъмин гардиданд”, - гуфт Шермуҳаммад Нодирӣ.
Ин кӯмакпӯлӣ солҳои қабл 600 сомонӣ буда, аз якуми июли имсол 800 сомонӣ муқаррар гардидааст ва то се моҳ пардохта мешавад.
Ёдовар мешавем, давоми нӯҳ моҳи имсол ба шӯъбаю бахшҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ вилояти Суғд 35 ҳазору 53 нафар шаҳрванд муроҷиат намуданд ва 17 ҳазору 259 нафар ба ҷойи корӣ таъмин шудаанд. Аммо ҳамоно таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор аз мушкилоти умда дар кишвар боқӣ мемонад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста