Хонаводае дар шимоли Тоҷикистон ҳафт моҳ ин ҷониб, аз ҳамон рӯзе, ки ба толори консерти “Крокус Сити Ҳолл” ҳамла шуд ва бо гумони содир кардани он чанд шарҳванди Тоҷикистон дар шароити мармуз боздошт гардид, интизори сардори оилаи худ мебошад.
Манучеҳр Болтуев, сокини шаҳри Хуҷанд аст, ки чандин сол ба Русия барои муҳоҷирати корӣ мерафт ва дар шаҳру навоҳии атрофи Маскав ба сохтмон машғул буд.
Бори охир ӯ ҳафт моҳ пеш, шаби 22 ба 23-юми марти соли 2023, дақиқан ҳамон шабе, ки ба толори консерти “Крокус Сити Ҳолл” ҳамла шуд ба хонаводааш тамос гирифта мегӯяд, аз сабаби шароита бад доштан, тариқи мошин ва аз қаламрави Ӯзбекистон ба Ватан бармегардад. Аммо бо ҳамин дигар бедарак шудааст.
“9 моҳ дар Русия буд. Он ҷо ҷарроҳӣ шуд ва хост, ки баргардад. 19-уми март ба роҳ баромад, дар Маскав 3 рӯз дар меҳмонхона, интизори нақлиёт буд. Ва рӯзи 22-юми март ба роҳ баромад. Вале соати 23-и шаб занг заду гуфт, ки ман дар автобус меравам, вале маро дар нимароҳ фароварданд, намедонам, ки инҷо куҷо аст. Дар WhatsApp (тариқи навор) нишон дод, роҳи калон буд. Мо суҳбат кардем. Вале пас аз ин дигар натавонистем бо ӯ тамос гирем”, - мегӯяд Сайҳуна Музаффарова, ҳамсари Манучеҳр Болтуев.
Муроҷиати оилаи Манучеҳр Болтуев ба мақомот чӣ натиҷа дод ва ҳоло онҳо чӣ рӯзгоре доранд? Муфассал дар гузориши зерин бубинед:




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста