Дар кӯҳҳои Тоҷикистон рӯзи 28 октябр барфи аввали имсола борид. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар доданд. Ба иттилои манбаъ, қабати барф дар баъзе ноҳияҳо ба якчанд сантиметр расидааст.
Ба посухи савол дар бораи кай пешбинӣ шудани барфи аввал дар пойтахти кишвар дар Агентии обуҳавошиносӣ зикр карданд, ки пешгӯӣ кардани он ҳоло барвақт аст.
Дар Агентӣ огоҳ намуданд, ки муддати чанд рӯз дар қаламрави ҷумҳурӣ обуҳавои ноустувор боқӣ мемонад.
Дар ҳамин ҳол, тавре ки ба “Азия-Плюс” аз филиали ширкати IRS хабар доданд, дирӯз, 28 октябр дар баъзе қитъаҳои роҳи Душанбе - Чанок, аз ҷумла дар Варзоб ва Зарафшон барф боридааст.
“Кормандони мо қитъаҳои мазкурро зери назорат гирифтанд, то ки бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиётро таъмин кунанд. Тибқи пешгӯиҳо, имрӯз ҳам дар ин роҳ боридани барфу борон дар назар аст. Айни замон роҳ кушода буда, ҳаракати тамоми воситаҳои нақлиёт имконпазир аст”, - гуфтанд дар филиали ширкат.
Қаблан хабар дода будем, ки шабонарӯзи наздик дар як қатор ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманкӯҳи тобеъи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон хатари омадани селҳо бар асари боронҳои пуршиддат боқӣ мемонад.
Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода аз сокинони ин минтақаҳо даъват кард, ки чораҳои бехатарии шахсиро риоя намуда, аз сайру гашт дар кӯҳҳо, шикор, чорвочаронӣ ва ҷамъоварии ҳезум худдорӣ намоянд.
“Аз ронандагон хоҳиш карда мешавад ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ қоидаҳои бехатарӣ, бахусус фосилаи байни мошинҳоро ҷиддан риоя кунанд”, - зикр гардида буд дар хабари Кумита.
Ба хотири ҷилавгирӣ аз обхезӣ Кумита тавсия дод, ки сокинон сари вақт ҷӯву заҳбурҳо ва каналҳои назди хонаҳои худро тоза кунанд.
Боисрор тавсия шуд, ки сокинон барномаи мобилии «SOS»-ро дар телфонҳои мобилии худ пайваст кунанд. Ин барнома барои ҳама намуди плеймаркетҳо ва App Store барои iOS ройгон боргирӣ (скачать) мешавад.