Роҳбари шуъбаи консулгарии сафорати ИМА дар Тоҷикистон Тим Уорм ба "Азия-Плюс" чанд нуктаи муҳимро шарҳ дод, ки барои роҳ надодан ба хатогиҳо ёрӣ мерасонанд.

То ба охир расидани муҳлати қабули дархостҳо дар барномаи Green Card каме бештар аз як ҳафта мондааст (қабули дархостҳо рӯзи сешанбе, 5 ноябр, соати 22:00 бо вақти Душанбе анҷом меёбад).

Агар шумо хоҳиши иштирок кардан дореду вале ҳоло ҳам саволҳоятон боқӣ мондаанд, пас ин маълумот барои шумост!

Оё барои иштирок бояд пардохт кунам?

Иштирок дар барнома комилан ройгон аст! Барои бақайдгирӣ ягон маблағ ситонида намешавад. Пардохт барои раводид (виза) танҳо дар сурати бурд кардан ва даъват ба суҳбат лозим мешавад. Натиҷаҳо дар моҳи майи соли оянда дар вебсайти dvprogram.state.gov дастрас хоҳанд шуд.

Аз ҷараёни кор бо дархост Шумо метавонед бо истифода аз ID-и махсуси худ огоҳ шавед.

Лутфан дар хотир доред: огоҳиномаҳои бурд кардан тавассути почтаи электронӣ фиристода намешаванд, аз ин рӯ, ҳар гуна паёму хабарҳое, ки ба кумак ё бурд ишора намуда, пардохт талаб мекунанд, ба гумони ғолиб, қаллобӣ мебошанд.

Агар ихтисос ё маълумоти муайян надошта бошам, метавонам дар барнома иштирок кунам?

Бале, аммо барои иштирок доштани маълумоти миёна ё таҷрибаи корӣ дар соҳаи муайян, ки омӯзиш талаб мекунад, лозим аст. Агар шумо ба ин ду талабот мувофиқ набошед, ҳангоми баррасии ҳуҷҷатҳо дархости шумо метавонад рад шавад.

Тим Уорм дар барномаи радиои "Азия-Плюс"

Донистани забони англисӣ барои сабти ном дар Green Card зарур аст?

Донистани забони англисӣ барои иштирок дар барнома ҳатмӣ нест. Дар сурати бурд кардан, суҳбат метавонад бо забони англисӣ, тоҷикӣ ё русӣ баргузор шавад. Агар барои шумо забони дигар мувофиқ бошад, иштироки тарҷумон низ имкон дорад.

Чӣ бояд кард, агар вазъи оилавӣ баъд аз сабти ном тағйир ёбад?

Агар ҳангоми бақайдгирӣ шумо оиладор набудед ва фарзанд надоштеду вале баъдан издивоҷ кардед ё фарзанддор шудед, метавонед аъзои оилаи худро ба ҳуҷҷатҳоятон илова кунед ва барои гирифтани раводид ба онҳо пурсишнома (анкета) пешниҳод кунед.

То даъват ба суҳбат шумо бояд сафорати ИМА дар Тоҷикистонро аз ҳама тағйироти муҳими вазъи оилавӣ огоҳ созед.

Аммо агар ҳангоми сабт оиладор будед ё фарзанд доштед, вале онҳо ба дархост илова нашуда буданд, ин метавонад ба ҳуқуқи гирифтани раводид ба шумо таъсир расонад — ҳатто агар дар барнома бурд кунед.

Агар бурд кунам, вале фикрамро тағйир диҳам, шахси дигар метавонад ба ҷои ман равад?

Не, бурд дар барнома танҳо ба ғолибоне тааллуқ дорад, ки ба таври тасодуфӣ интихоб шудаанд. Дар сурати аз ҷониби ғолиб рад шудан, довталабони «захиравӣ» ё дигар довталабон пешбинӣ нашудаанд.

Чӣ тавр метавон аз қаллобӣ худро эмин нигаҳ дошт?

Имрӯзҳо теъдоди зиёди миёнаравон ва ширкатҳо пайдо шудаанд, ки бо маблағи муайян кумак барои пур кардани дархостро пешниҳод мекунанд. Бархе ҳангоми пур кардани дархости шумо метавонанд ба хатогиҳо роҳ диҳанд, дигарон метавонанд ваъда диҳанд, ки имкон (шонс)-ии бурди шуморо зиёд мекунанд, ки ин кор аслан ғайриимкон аст.

Ҳеҷ гуна хидматрасонӣ ё миёнаравон наметавонанд имкони шуморо зиёд кунанд. Барои пешгирӣ аз чунин ҳолатҳо, беҳтар аст, ки дархостро худатон пур кунед. Ягона сомона барои тафтиши натиҷаҳо сомонаи расмии Департаменти давлатии ИМА (Вазорати корҳои хориҷии ИМА) мебошад.

Ва дар охир:

Шумораи ниҳоии раводидҳои дастрас дар доираи барнома 55 000 ададро ташкил медиҳад Барои зиёд шудани имкони худ, шумо бояд ҳуҷҷатҳои лозимаро ҷамъ оварда, дархостатонро ҳарчи зудтар пешниҳод кунед.

Донистан муҳим аст, ки ҳатто агар дархости шумо дар байни бурдкардагон бошад ҳам, барои аз кор рафтан ё фурӯхтани молу мулк ба шитобкориву саросемагӣ роҳ надиҳед. Муваффақона гузаштан аз суҳбат ва гирифтани раводидро интизор шуда, танҳо баъдан ба тағйироти ҷиддӣ дар зиндагии худ шурӯъ кунед.

Ба Шумо барори кор мехоҳем!

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.