Давоми 9 моҳи соли ҷорӣ ба як созмони ҷамъиятие дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд 70 кӯдаку зан бо дархости пешниҳоди паноҳгоҳ муроҷиат кардаанд.
Созмони ҷамъиятии Маркази занон - “Гулрухсор”, ки дар шаҳри Хуҷанд фаъолият карда, ба занону кӯдакон кӯмак мерасонад, дар нӯҳ моҳи аввали соли ҷорӣ ба 40 зан ва 30 кӯдак паноҳгоҳ ё паноҳгоҳи муваққатӣ додааст.
Муяссара Мавлонова, муовини Раёсати кор бо занон ва оилаи ҳукумати вилояти Суғд гуфт, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18 адад кам мебошад.
Тибқи иттилои ӯ, дар умум ба ин созмони ҷамъиятӣ дар ин давра 1 ҳазору 702 нафар бо мушкилоти гуногун, аз ҷумла дастрасӣ ба ёрии равонӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ муроҷиат кардаанд. Теъдоде ҳам аз ин созмон барои пайдо кардани ҷойи кор ва пешгирӣ аз хушунат кӯмак хостаанд.
Аммо мушкили дастрасӣ ба манзил мубрамтарин масъалае будааст, ки муроҷиаткунандагон дар ин созмон матраҳ мекардаанд.
Бояд гуфт, ин созмон дар шаҳри Хуҷанд фаъолият дошта, асосан ба занҳову кӯдаконе, ки дар пайи пошхӯрии оилаҳо бесарпаноҳ мемонанд, дасти кӯмак дароз мекунад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста