Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон манъи гузоштани ришу пӯшидани ҳиҷоб дар бархе корхонаҳои давлатиро “тартиботи дохилии муассисаҳо” унвон кард.

Ӯ ин нуктаро дар ҳошияи конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Конститутсияи Тоҷикистон – кафили таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шахсӣ” иброз дошт.

Дар ин конфронс, ки рӯзи 29-уми октябр дар Китобхонаи милли Тоҷикистон баргузор гардид, масъалаҳои озодии динӣ ва эътиқод дар кишвар бо ҳузури мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва адёни гуногун мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Раиси кумитаи дини кишвар дар сӯҳбати ҷудогона бо рӯзноманигорон гуфт, то кунун дар кишвар ягон нафар аз рӯи боварҳои диниаш мавриди табъиз қарор нагирифтааст.

Сулаймон Давлатзода
Asia-Plus

Ба гуфтаи ӯ, қонуни асосӣ ҳама гуна озодиҳои динӣ ва эътиқодро таъмин кардааст ва ҳар шаҳрванд метавонад озодона ба ҳар дине гаравад.

Вай дар мавриди он ки дар муассисаҳои давлатӣ ба гирифтани риш ва набастани сатр ба мусулмонон таъкид мешавад, кӯтоҳ иброз дошт, ки “он ҳама тартиботи дохилии муассисаҳои ҷудогона аст”.

 

Муфтӣ: Конститутсия озодиҳои диниро кафолат медиҳад

Дар конфронс Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон гуфт, ки “Конститутсияи Тоҷикистон озодии дин ва арзишҳои онро кафолат медиҳад”.

“Вақте ки кас ба муҳтавои Конститутсияи Тоҷикистон бо назари эътибор менигарад, бе шакку шубҳа иқрор мешавад, ки инсон ва ҳуқуқҳои фитрии он аз рӯзи таваллуд то дами марг аз ҷониби давлат эътироф, риоя ва ҳифз мешавад”, - гуфт муфтии Тоҷикистон.

Ӯ бо такя ба моддаи 8-уми Конститутсия гуфт, “ҳаёти ҷамъиятӣ дар кишвари мо дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад, мафкураи ягон ҳизбу иттиҳодияи ҷамъиятӣ ва динӣ ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф намешавад ва фаъолияти ҳама гуна иттиҳодияҳои ҷамъиятие мамнӯъ аст, ки хилофи арзишҳои башарӣ амал мекунанд”.

Саидмукаррам Абдулқодирзода
Asia-Plus

Абдулқодирзода аз ҳеҷ гуна “иттиҳодияҳои ҷамъиятии мамнӯъ” ном набурд, вале таъкид кард, ки “дар Тоҷикистон фазои озоди андешаи динӣ тибқи талаботи Конститутсия ташаккул ёфта, ҳамчун як рукни фарҳанги миллӣ амалӣ мегардад”.

Ин дар ҳолест, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ аз маҳдуд будани озодиҳои дин ва эътиқоди шаҳрвандон дар Тоҷикистон интиқод мекунанд.

Чанде пеш дар Қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим” тағйиру иловаҳо ворид гардид ва дар асоси тарҳи нави қонуни мазкур дар кишвар “воридот, фурӯш, тарғиби либосҳои ба фарҳанги миллӣ бегона ва пӯшидани чунин либосҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ” манъ карда шуд.

Пас аз қабули ин тағйирот ҷомеаи шаҳрвандӣ нигаронӣ кард, ки ин ба озодиҳои динӣ, ба вижа ба пӯшидани сатру ҳиҷоб маҳдудияти расмӣ ҷорӣ мекунад.

Баъдан Созмони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон (International Partnership for Human Rights - IPHR) ҳам дар эъломияе маҳдудият дар шеваи либоспӯширо “хилофи меъёрҳои ҷаҳонии ҳуқуқи башар, аз ҷумла ҳуқуқ ба озодии баён ва озодии пайравӣ аз дин ё эътиқод” донист.

То кунун Иттиҳоди ҷаҳонии уламои Ислом, Шӯрои равобити Амрико ва Ислом (CAIR) ва Комиссияи байнулмилалии Амрико  дар мавриди озодиҳои динӣ (USCIRF) низ ин тасмими Тоҷикистонро интиқод карданд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 13-уми август ин вокунишҳоро "иғвоангез" номид. Фаррух Шарифзода, муовини вазири корҳои хориҷӣ, дар ҳузури дипломатҳои хориҷӣ ва расонаҳои байнулмилалӣ дар Душанбе гуфт, ҳадафи Тоҷикистон аз қабули қонун ҳифзи арзишҳои миллӣ ва пешгирӣ аз ифротгароист.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.