Ба муносибати 60-солагии Фарзона, Шоири халқии Тоҷикистон гулчини ғазалҳои ӯ бо номи “Сетор” ва маҷмӯаи “Гавҳари ашк”-и Озарахш, Шоири халқии Тоҷикистон аз чоп баромад. Дар ин бора 30-юми октябр Давлат Сафар иттилоъ дода, навишт, ки ин ду китобро нашриёти “Ирфон” ба табъ расонидааст.
Мураттиби ин китобҳо Шоҳонаи Озарахш, номзади улуми филологӣ ва фарзанди ин ду шоир дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, дар китобҳо танҳо ғазалҳо гулчин шудаанд.
“Дар китоби “Гавҳари ишқ” 100 ғазал аз “Девон”-и аввал ва 100 ғазали дигар аз “Девони ишқ”-и падарам гулчин кардем ва аз рӯйи алифбои тоҷикӣ тадвин кардем. “Девони ишқ”, ки 100 ғазалаш ба “Гавҳари ишқ” интихоб шуд, то ҳол нашр нашудааст”,-гуфт ӯ.
Дар “Сетор” 100 ғазал аз “Девони ғазалиёт”-и Фарзона ва 100 ғазали дигар аз китобҳои “Арғувони офтоб”, “Найсон”, “Найшакар” ва дигар маҷмуаҳо гулчин шудаанд.
Ин ду китоб ба теъдоди 100 нусхагӣ ба чоп расиданд.
Шоҳонаи Озарахш гуфт, ҳамчунин чанд рӯз пеш китоби “Ҳумоюннома”, ки соле пеш дар Тоҷикистон нашр шуда буд, ба теъдоди 500 нусха дар нашриёти “Хирадгон”-и Теҳрон бо хатти форсӣ нашр гардид.
Нуралӣ Нурзод, профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд китобро ба хати форсӣ баргардон кардааст ва онро рӯзе пеш олимаи эронӣ, Суҳайло Юсуфӣ ба Тоҷикистон овардааст.
Ин китобҳо имрӯз, 1 ноябр дар конфронси байналмилаии илмӣ – амалӣ, ки ба муносибати 60-солагии Фарзона таҳти унвони "Мақоми Фарзона дар адабиёти муосири тоҷик" дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, рӯнамоӣ гардиданд.
Дар маҳфил Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, Фирдавс Шарифзода, раиси шаҳри Хуҷанд, намояндагони Иттифоқи нависандагон, шоирону адабиётшиносон ва ҳаводорони назм аз кишварҳои гуногун, аз ҷумла Ӯзбекистону Эрон иштирок карданд.
Дар конфронс аз корнома ва эҷодиёти Фарзона дар адабиёти муосири тоҷик гуфта шуд.
Рушди ҳукумати электронӣ. Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ дар мақоми охир қарор дорад
Душанбе: аввалин универмаг, автобус ва ҳайкал кай пайдо шуд?
Ваъдаи 200 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ аз сӯи мақомот барои кумак дар ошкор кардани ду ҳодисаи куштор
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Тавбаи насӯх”
Дар муқоиса бо моҳи январи соли 2024 нархи маҳсулоти хӯрокворӣ чӣ гуна тағйир ёфт?
Нурулло Алиев амрикоиро мағлуб карда, рекорди худро то 10-0 расонид
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 январи соли 2025
Коргар каму нафақахӯр зиёд. Ин чӣ хатар дорад ва чӣ бояд кард?
Сокинон дар бораи сохтмони метро дар Душанбе чӣ мегӯянд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 январи соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста