Вазорати маорифи Русия пешниҳод кард, ки ба супоридани имтиҳонҳо аз забони русӣ, таърихи Русия ва асосҳои қонунгузории ин кишвар барои муҳоҷирон нархи ягона муайян карда шавад. Тавре ки РБК хабар медиҳад, лоиҳаи марбутаи қарор дар ин бора дар портали лоиҳаҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ нашр шудааст.

Бар асоси ин санад, Вазорат нархҳои ягонаи зеринро пешниҳод мекунад:

- ба имтиҳон аз забони русӣ барои дарёфти шаҳрвандӣ - 2950 рубл;

- ба имтиҳон аз таърих ва асосҳои қонунгузорӣ барои дарёфти шаҳрвандӣ - 2950 рубл;

- ба имтиҳон аз забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузорӣ барои гирифтани Иҷозаи зисти муваққатӣ (РВП) ё Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ) - 5900 рубл;

 - ба имтиҳон аз забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузорӣ барои гирифтани иҷозаи кор ё патент - 3800 рубл.

Айни замон ба чунин имтиҳонҳо нархи ягонаи сабтшуда нест. Ҳоло қарори ҳукумат амал мекунад, ки аз рӯи тарзи гузаронидани имтиҳон нархи чунин хидматрасонӣ ҳисоб мешавад.

Дар он хароҷоти мустақими ташкилот, ки бевосита ба баргузории имтиҳон марбутанд, хароҷоти дигар, инчунин ААИ ба назар гирифта мешавад.

Дар ҳамон қарор маблағи ниҳоии арзиши хидматрасонӣ муайян карда шудааст. Он ба ҳамон нархи муаййянкардаи вазорат, ки пешниҳод мекунад доимӣ шавад, баробар аст”: барои РВП ё ВНЖ - 5900 руб ва барои иҷозаи кор ё патент - 3800 рубл.

Ҳоло супоридани имтиҳон дар мактабҳои олие, ки барои санҷиши шаҳрвандони хориҷӣ ба қайд гирифта шудаанд, асосан ҳамин қадар нарх дорад.

Масалан, дар Донишкадаи забони русии ба номи Пушкин, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Русия ба номи Герсен, Донишгоҳи давлатии Томск ва Донишгоҳи федералии Қафқози Шимолӣ, нархи имтиҳон барои гирифтани РВП ва ВНЖ 5900 рубл аст.

Дар Маркази муҳоҷирати Сахарово ин хизматрасонӣ арзонтар буда, 3500 рублро ташкил медиҳад.

Ислоҳоти сиёсати муҳоҷират ва, бахусус ҷараёни супоридани имтиҳони забони русӣ, таърихи Русия ва асосҳои қонунгузорӣ барои муҳоҷирон аз баҳор фаъолона идома дорад. Давоми моҳҳои март-апрел тасмим гирифта шуд, ки  ширкатҳои тиҷоратӣ аз раванди қабули имтиҳон хориҷ карда шаванд.

Он замон ҳама 12 мактаби олие, ки барои санҷиши муҳоҷирон сабином шуда буданд, шартномаҳои худро бо шарикони тиҷоратии худ қатъ карданд.

Охири моҳи октябр Думаи давлатӣ қонуне қабул кард, ки иштироки миёнаравҳоро дар ҷараёни санҷиши муҳоҷирон манъ мекунад. Муовини раиси Думаи давлатӣ Ирина Яровая он замон хабар дод, ки аз баҳор шумораи миёнаравҳо ҳангоми қабули имтиҳон чор маротиба кам шудааст.

Ӯ таъкид кард, ки пас аз ин даромади мактабҳои олие, ки ҳуқуқи қабули имтиҳонро ба ширкатҳои тиҷоратӣ медоданд, тағйир ёфт. Ба гуфтаи ӯ, дар баъзе мактабҳои олӣ даромадҳо даҳ ё ҳатто сӣ маротиба афзудааст.

"Ин гувоҳӣ медиҳад, ки бозори паси соя (пинҳонӣ) чӣ қадар калон аст. Қонуни мо, албатта, онро бозмедорад," — итминон дод муовини раиси Думаи давлатӣ.

Ҷорӣ кардани арзиши ягонаи имтиҳонҳо ба он вобаста аст, ки 29 октябр Думаи давлатӣ дар қироати дуюм ва сеюм ба қонун «Дар бораи мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия» тағйирот қабул кард. Мувофиқи ин тағйирот, акнун танҳо муассисаҳои давлатӣ метавонанд имтиҳонҳоро қабул ва баргузор кунанд ва инчунин арзиши ягона муқаррар мешавад. Дар ин бора хадамоти матбуоти Вазорати маориф ва илми Русия хабар дода буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.