Рӯзҳои 6-7 ноябри соли ҷорӣ бо сабаби ба қаламрави кишвар ворид шудани анбуҳи ҳавои сард аз самти шимолу ғарб ноустуворшавии обу ҳаво ва боришот пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо боришоти бошиддат дар назар аст.
Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, дар минтақаҳои кӯҳии Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ сар задани зуҳуроти сел аз эҳтимол дур нест.
Гуфта мешавад, дар натиҷаи боришот дар ноҳияҳои водию-доманакӯҳӣ ҳарорати ҳаво то 7-9° паст шуда, 6 ноябр дар баъзе ноҳияҳо вазиши шиддатнокии шамол аз самти ғарб бо суръати то 17-22 м/с вазида, чангу ғубор ба амал меояд.
Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода аз шаҳрвандон даъват менамояд, ки чораҳои бехатарии шахсиро риоя намоянд. Чунин шароити обуҳаво метавонанд ба ҳолатҳои фавқулодаи зерин боис гарданд:
- зиёд шудани ҳолатҳои садамаи нақлиёт дар роҳҳо, бахусус дар минтақаҳои кӯҳистон ва доманакӯҳ, маҳдудшавии ҳаракат бинобар шуста шудани пулҳо ва вайроншавии роҳҳо;
- хавфи зери об мондани маҳалҳои аҳолинишин аз оби борон бинобар норасоиҳо дар системаи ҷӯйбору заҳбурҳо;
- болоравии сатҳи об дар сойу дарёҳо ва зери об мондани заминҳо, аз ҷумла заминҳои кишоварзӣ.
Ба хотири ҷилавгирӣ аз обхезӣ Кумита тавсия медиҳад, ки сокинон сари вақт ҷӯву заҳбурҳо ва каналҳои назди хонаҳои худ ва селроҳаҳоро аз хасу хошок ва сангу хок тоза кунанд. Ҳамчунин хавфи аз кор баромадани хатҳои интиқоли барқ, афтодани дарахтҳо ва вайрон шудани боми хонаҳо вуҷуд дорад.
“Аз ин рӯ, ҳангоми дар кӯча будан аз қарор доштан дар наздикии хатҳои интиқоли барқ, дарахту лавҳаҳои рекламавӣ худро эҳтиёт намоед”, - зикр мекунанд дар Кумита.
КҲФ аз шаҳрвандон даъват кардааст, ки дар ин рӯзҳо аз рафтан ба минтақаҳои хатарнок, сайру гашт дар кӯҳистон, ҷамъоварии ҳезум ва дигар зироатҳои кишоварзӣ, ки дар манотиқи кӯҳистон мерӯянд, худдорӣ кунанд.
Зикр мешавад, ки дар сурати рух додани ҳодисае сокинон ба рақами 112 ё қисми навбатдорӣ бо рақамҳои: (+992) 93 880 28 19, 223 13 11 занг зананд.