Дар Тоҷикистон бештар занон аз ҷониби шавҳаронашон мавриди хушунату зӯроварӣ қарор мегиранд. Аксаран пас аз расонаӣ шудани ҳолати зӯроварӣ нисбати занон, мақомот вокуниш мекунанд. Тибқи маълумоти ташкилоте, ки ҳуқуқи занонро ҳимоя ва ба онҳо кӯмак мерасонанд, хонумоне, ки аз тарафи мақомот дастгирӣ намешаванд, ба онҳо паноҳ мебаранд. Мутахассисон бар ин назаранд, ки сабаби бетаваҷҷуҳии мақомоти пулис дар он аст, ки аксари кормандони он ҷоро мардон ташкил медиҳанд, ки аксаран ҳақро ба мард медиҳанд.
Чаро мақомоти пулис шикояти занҳоеро, ки аз хушунату зӯроварӣ ранҷ мебаранд қабул намекунанд ва чора намеандешанд? Дар матлаби зер талош намудем то ба ин ва чанд суолҳои дигар посух пайдо кунем.
“Худаш айбдор”
Муҳайё солҳои тӯлонӣ аз ҷониби шавҳараш латукӯб шудаву озору азият дидааст. Ӯ гуфт, шавҳараш ҳангоми сархушӣ латӯкӯб мекард.
“Як рӯз чунон латукӯб намуд, ки беҳуш шудам, духтархондам духтури ҳамсояро даъват кард. Ӯ вазъияти маро дида, зуд ба ёрии таъҷилӣ занг мезанад. Духтурон пас аз муоина ба мақомоти пулис хабар доданд, онҳо аз ман изҳоротамро гирифтанду шавҳарамро ба шӯъбаашон даъват карданд. Як корманди пулис ба ӯ гуфт, ки “занат аз болои ту шикоят кард, талоқаш деҳ!”. Ӯро бе додани ягон ҷазо озод карданд. Пас аз ин ҳодиса талоқамро дод ва маро аз хона ронд”,- ба ёд овард Муҳайё.
Ӯ 16 сол бо шавҳараш зиндагонӣ намуда, соли 2015 ҷудо шуд, аммо пас аз ҷудошавӣ низ озору азияти ӯ идома доштааст. Муҳайё чандин маротиба ба мақомоти пулис шикоят намудааст, аммо танҳо як маротиба шавҳарашро се рӯз ҳабси маъмурӣ кардаанду халос. Дар ҳолатҳои дигар ба мақомот даъват ва пас аз сӯҳбат озод мешудааст. Бори вақте Муҳайё гуфтааст, “агар бори дигар латӯкӯб намояд, ба мақомот шикоят мекунам”, посух гирифтааст, ки “нархи милисаҳои ту 100 сомонӣ аст”.
Муҳайё борҳо ба мақомот муроҷиат намудааст, аммо кормандони шуъбаи милитсияи ноҳияи Фирдавсии пойтахт гуфтаанд, “айби худат аст”, “тоқат кун”. Пасон ӯ ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе муроҷиат кардааст, ки пас аз интизориҳои тӯлонӣ арзи ӯро қабул намудаанд. Аммо дар инҷо низ бо шавҳараш танҳо суҳбат намуда, огоҳӣ додаанду халос.
Муҳайё мегӯяд, алҳол аз дасти собиқ шавҳараш ранҷ намекашад. Ӯ ҳоло ҳамроҳи модараш зиндагӣ мекунад ва дар як коргоҳи ҳунармандӣ ба дӯзандагӣ машғул аст.
Беназир Хайриддинова ҳам мисли Муҳайё аз ҷониби шавҳараш мавриди шиканҷа қарор гирифтааст. Ӯ ҳатто пас аз ҷудо шудан аз шавҳар ҳам мавриди хушунат қарор мегирифтааст.
“Ӯ бо зангу паёмҳои таҳдидомез ва шиканҷаву маълумоти бардурӯғ ва пастзанандаи шаъну эътибор ману духтарамро ором намегузошт. Аксар вақт нисфи шаб ба хонаи мо омада, бо доду фарёд ҳамсоягонро безобита мекард”, - нақл мекунад Беназир.
Аризаву муроҷиатҳои пайдарпай суде наовардаанд.
“Ҳамон давра (моҳи октябри соли 2021 - АП) ман борҳо ба шуъбаи ВКД дар ноҳияи Шоҳмансур ва додситонии пойтахт муроҷиат карда будам, ҳатто боре баъд аз шиканҷа аз ташхиси тиббӣ-судӣ гузашта, натиҷаи онро ба аризаи худ замима намудам. Ин ҳам самарае надод. Мақомот ҳолати мазкурро ҷиддӣ тафтиш накарданд ва вобаста ба он парвандае боз нашуд. Шиканҷа боз ҳам идома ёфт”, - мегӯяд Беназир.
Ниҳоят, Беназир роҳи дигари раҳоӣ пайдо накарда, бо мактуби кушод ба раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ муроҷиат кардааст. Ба қавли ӯ, баъд аз ирсоли мактуб воқеа тафтиш шуда, ӯ ба мақомоти гуногун даъват гардид. Собиқ шавҳараш бошад, ба Тошканд фирор кард ва даъвати мақомотро нодида гирифт.
“Баъди 3,5 моҳ шавҳари собиқам ба кишвар баргашт. Касе ӯро боздошт накарду ба ҷавобгарӣ накашид ва ӯ то ҳол маро ранҷ медиҳад”, - илова намуд Беназир.
Занон - қурбонии асосии хушунати хонаводагӣ
Мувофиқи омор, занон қурбонии асосии хушунати хонаводагианд. Ҳамин тавр, мувофиқи омори Марказҳои машваратӣ-иттилоотӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оилаи назди Кумитаи кор бо занон ва оила соли 2023 89% ҷабрдидагони хушунати хонаводагӣ занонанд.
Дар 6 моҳи аввали соли 2024 бошад, дар Марказ 1 ҳазору 263 ҳолати зӯроварӣ нисбати занон ба қайд гирифта шудааст.
Эҳтимол, ин омор вазъро пурра инъикос накунад ва воқеият даҳчанди ин бошад.
Барои омори дақиқ “Азия-Плюс” бо мактуби расмӣ ба ВКД муроҷиат кард. Дар ҷавоб гуфта шуд, ки натиҷаҳои корӣ оид ба ҳолатҳои пешгирии зӯроварӣ дар оила ҳар моҳ ба Кумитаи кор бо занон ва оила пешниҳод мешавад ва бинобар ин маълумоти зарурӣ аз ин ниҳод дастрас карда шавад.
Дар Кумитаи номбурда бошад, ба мактуби мо бо замимаи посухи ВКД ҷавоб доданд, ки ин ниҳод танҳо истифодабарандаи маълумоти омории ВКД буда, салоҳияти пешниҳоди онро надорад. Аз ин рӯ, тавсия дода шуд, ки маълумоти дахлдорро аз худи ВКД дархост кунем.
Ҳамин тавр, ба “Азия-Плюс” маълумоти лозима дар ин ду ниҳод пешниҳод накарданд.
Қонун чӣ мегӯяд?
Чаро занҳо дар ҳолати латукӯб шудан аз ҷониби шавҳари худ ба мақомот муроҷиат намекунанд, то куҷо амалҳои кормандони милитсия дуруст аст ва аз рӯйи қонун онҳо бояд чӣ гуна рафтор кунанд?
Ба ақидаи Нигина Мамаҷонова, равоншиноси тоҷик аксаран занон аз тарс ба мақомот муроҷиат намекунанд. Вақте зӯровариву муносибати бад аз ҷониби шахси наздик сар мезанад, зан бовариро аз даст медиҳад.
“Дар ин гуна ҳолатҳо зан аз ҷониби оилаи худ дастгирӣ намешавад ва аз ҳама бадаш ӯро дар хонаи волидон касе интизор нест. Модараш ӯро бовар мекунонад, ки зӯроварӣ дар оила чизи одӣ аст. “Ҳама ба ин тоқат мекунанд, ман тоқат кардам, ту ҳам бояд тоқат кунӣ. Барои фарзандон, оила ва обрӯ”, - гуфт равоншинос.
Ба гуфтаи Мамадҷонова, барои касе пӯшида нест, ки муносибати мақомоти қудратӣ бо қурбониёни хушунати хонаводагӣ норӯшан аст. Дар амал ҳолатҳои дахолати кормандони милитсия зиёд аст, вале аксаран дертар занҳо пушаймон шуда, аз аризаи худ даст мекашанд.
“Шояд сабаб дар он бошад, ки ингуна ҳолатҳо сирф “оилавӣ” шуморида мешаванд ва танҳо дар ҳолати латукӯби сахт ва агар зан қаблан аз ташхиси тиббӣ гузашта бошад, мақомот ба аризаи ӯ ҷиддӣ муносибат мекунанд” - илова кард ӯ.
Сабаби вокуниш нишон надодани милитсияро бошад, Мамадҷонова дар “ҳамраъйии мардон” медонад.
“Аксари намояндагони мақомоти қудратӣ мардонанд. Қариб ҳар як мард мутмаин аст, ки дар хушунати хонаводагӣ худи зан гунаҳгор аст, ӯ иғво андохта бо “забондарозиву” гапногириаш қаҳри шавҳарашро оварда, ба задан водор кардааст. Вале ҳар касе, ки чунин фикр дорад, фаромӯш мекунад, ки иғвоангезӣ баҳонаи ҷиноят шуда наметавонад. Зӯроварӣ бошад ҷиноят аст!”, - баён дошт равоншинос.
Вале ба назари Мамадҷонова, вазъ беҳтар мешавад. Изҳороти занон оид ба зӯроварӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ё расонаҳо ба ҷомеаву мақомот таъсир мерасонад. Ҳарчанд, дар ин ҳолат ҳам ҳазорҳо нафар эътироз карда, худи занро айбдор мекунанд.
Лариса Александрова, ҳуқуқшинос ва ҳомии ҳуқуқи занон ҷой доштани ингуна ҳолатҳоро тасдиқ мекунад, вале пешниҳод дорад, ки ҳар як ҳолат алоҳида, бе алоқамандӣ ба ҳамдигар баҳо дода шавад.
“Ин ғалати кормандони милитсия аст, вақте онҳо на ҳимояи қурбонии зӯроварӣ, балки оштӣ кардани тарафҳоро вазифаи асосӣ медонанд. Дар ин ҳолат, зан баъд аз бозгашт ба оила метавонад дубора латукӯб шавад. Аммо ӯ аллакай таҷрибаи манфии муроҷиат ба мақомотро дорад, дар он ҷо ба ӯ гйфтанд, ки бояд “фикри фарзандон ва оиларо кунад”. Аз ин рӯ, ӯ дигар ба милитсия муроҷиат намекунад ва то сабру қувва дорад, тоқат мекунад”, - қайд намуд ҳуқуқшинос.
Қонунгузорӣ чӣ мегӯяд?
Тавре маълум гардид, дар кишвари мо дастури дақиқи амал ҳангоми қабули муроҷиат оид ба зӯроварӣ вуҷуд надорад, вале дар ҳар сурат шикоят, хоҳ шифоҳӣ, хоҳ хаттӣ бояд қабул карда шавад. Муҳлати ҷавоб ба ариза ба вазнинии ҷиноят вобаста аст.
Қабул накардани ариза ва ё вокуниш накардан ба он ҷиноят аст.
Бо эҳтимоли зиёд, ин навъи ҷиноятҳо бо моддаи 322-и Кодекси ҷиноятии ҶТ - “Хунукназарӣ” ҷазо дода шавад.
Ҳамин тавр, хунукназарӣ, яъне иҷро накардан ё ба таври дахлдор иҷро накардани вазифаҳои худ аз ҷониби шахси мансабдор дар натиҷаи муносибати беинсофона ё бепарвоёна ба хизмат, агар ин боиси ба таври ҷиддӣ поймол кардани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрванд ё ташкилот ё манфиатҳои қонунан ҳифзшудаи ҷамъият ё давлат гашта бошад:
бо ҷарима ба андозаи аз сад то дусаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ҳатмӣ ба мӯҳлати аз яксаду бист то яксаду ҳаштод соат ё корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 21.07.2010 № 617).
2) Ҳамин кирдор, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон ё дигар оқибатҳои вазнин гаштааст:
бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то нӯҳсаду дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 21.07.2010 № 617).
Ба қавли Александрова, оид ба чунин хунукназарӣ тариқи муроҷиат ба мақомоти болоӣ, масалан ШВКД ё прокуратура, шикоят кардан мумкин аст.
“Ё беҳтараш метавонед ба телефони боварии ВКД занг зада, оид ба амали корманди милитсия хабар диҳед. Одатан, шикоятҳо ба телефони боварӣ зуд ислоҳ мешаванд. <...> Ҳамчунин, агар ба муроҷиати шумо ба телефони боварӣ беҷавоб монд, метавонед бо муроҷиати хаттӣ бо нақли муфассали воқеа - аз ҳолати зӯроварӣ то вокуниш накардани кормандони милитсия, ба ВКД шикоят кунед”, - маслиҳат медиҳад ӯ.
Ҳамчунин, ба гуфтаи ҳуқуқшинос, бо ариза метавон додситони маҳалли зисти ҷабрдида муроҷиат кард, вале аксаран ингуна шикоятҳо ба ШВКД- и ноҳия фиристода мешаванд. Агар муроҷиат ба додситон ҳам самарае наовард, метавон ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон муроҷиат кард. Зеро беамалии кормандони мақомоти давлатӣ дар ҳолати муроҷиати шаҳрванд нақзи ҳуқуқи инсон ҳисобида мешавад.
“Дар ингуна ҳолатҳо занон метавонанд барои кӯмак ба марказҳои буҳронӣ муроҷиат кунанд. Одатан, дар чунин марказҳо ҳуқуқшиносу равоншиносоне фаъолият доранд, ки ба норизоӣ аз болои амалҳои кормандони мақомоти давлатӣ ба мақомоти болоӣ машғуланд. Мутаассифона, имрӯз дар Тоҷикистон маркази буҳронии давлатӣ вуҷуд надорад, вале муассисаҳои ҷамъиятие фаъолият мекунанд, ки маҳз ба кӯмак ба занони аз хушунат ҷабрдида машғуланд”, - пешниҳод намуд мутахассис.