Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии "Беҳтарин ҳамсар" оғоз шуд. Озмун бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ дар доираи амалисозии "Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024–2028" баргузор мешавад.

Гуфта мешавад, озмун дар 2 давр баргузор мешавад. Даври аввал аз 25 ноябр то 10 декабри соли 2024 дар шаҳру ноҳияҳо доир мегардад.

Иштирокчиён бояд нусхаи шиноснома ва шаҳодатномаи таваллуди аҳли хонаводаро пешниҳод намоянд. Ба талаботи ҳамсар бештар ба мардҳо афзалият дода мешавад.

Марди оила бояд ҳамаҷиҳата рушдёфта бошад, ба маърифатнокии аҳли оила, ба илмомӯзию касбомӯзӣ машғул шудани онҳо, меҳанпарастию меҳнатдӯстии фарзандон, таъмини шароити мусоид барои кору таҳсил, ҷалби фарзандон ба варзиш ва корҳои ҷамъиятӣ ва дигар самтҳои рушди оила саҳмгузор бошад.

Аз ҳар як минтақаи кишвар ғолибон ба таври зерин пешниҳод карда мешаванд:

Шаҳри Душанбе – 2 ҳамсар;

Вилояти Суғд – 3 ҳамсар;

Вилояти Хатлон – 4 ҳамсар;

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – 2 ҳамсар;

Шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 3 ҳамсар.

Ҷамъбаст ва маросими мукофотсупорӣ нимаи дуюми моҳи декабр сурат мегирад. Ғолибону иштирокдорон аз ҷониби Кумитаи тадорукот бо Диплому туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ мегарданд.

Қобили зикр аст, ки рӯзи 25 ноябр дар Тоҷикистон ҳамчунин озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин оилаи ҳунарманд” оғоз шуд, ки он ҳам аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилдаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ роҳандозӣ шудааст.

Ҳадафи озмун ҷалби ҷомеа ба ҳунармандӣ, касбомӯзӣ, тарбияи фарзанд дар руҳияи ватандӯстиву худшиносӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим унвон шудааст.

Даври аввали озмун аз 25-уми ноябр то 5-уми декабр дар шаҳру навоҳии кишвар доир гардида, маросими ҷамъбастӣ ва ҷоизасупорӣ нимаи дуюми моҳи декабр баргузор мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.