Вазорати нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, мушкили норасоии рухсатнома барои убури сарҳад бо Чин барои мошинҳои боркаш бартараф шуд. Баъзе ширкатҳои боркашон зикр мекунанд, ки тариқи дигар кишвар бори худро аз Чин ба Тоҷикистон мерасонанд.
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, рухсатнома барои убури сарҳади Тоҷикистону Чин барои мошинҳои боркаш ба “мақомоти дахлдори Тоҷикистон дастрас шудааст” ва ширкатҳои интиқолдиҳандаи молу коло аз Чин метавонанд бе мушкил ба фаъолияти худ идома диҳанд.
“Дирӯз, 26-уми ноябр, аз Чин рухсатнома ба мақомоти дахлдори Тоҷикистон дастрас гардид ва дигар барои убури сарҳад барои моҳшинҳои боркаш мушкиле нест”, - гуфтанд аз Вазорати нақлиёт ба “Азия-Плюс”.
Корманди яке аз кишварҳои интиқолдиҳандаи молу коло аз Чин бо шарти зикр нашудани номаш тасдиқ кард, ки мушкили чанд ҳафта пеш пайдошуда, яъне тамбашавии мошинҳои боркаш дар сарҳад, ҳал шудааст ва мошинҳо сарҳадро убур мекунанд. Аммо ӯ дар бораи дастрас шудани рухсатнома ва пешниҳоди он ба ронандагон мушаххас чизе нагуфт.
Дар ҳамин ҳол, баъзе ширкатҳои дигари интиқолдиҳандаи бор аз Чин, ки дар пайи пеш омадани мушкили дастраскунии рухсатнома масири ҳаракати худро тағйир дода, тариқи кишварҳои дигар бор интиқол медоданд, ҳамоно тавассути дигар давлатҳо, аз ҷумла Қазоқистон боркашонӣ мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки ду ҳафта пеш аксар ширкатҳои интиқолдиҳандаи мол аз Чин ба Тоҷикистон эълон карданд, ки аз 12 ноябр муваққатан барои овардани мол аз Чин фармоиш қабул намекунанд. Он замон Вазорати нақлиёти Тоҷикистон мушкилро ба норасоии рухсатномаҳои байналмилалӣ рабт дода буд.
Баъдтар ширкатҳои интиқолдиҳандаи молу коло бо огоҳии таъхир дар интиқол қабули фармоишро идома дода, шарҳ медоданд, ки мошинҳои боркашон тариқи сарҳади Ӯзбекистон ва Қазоқистон ба Тоҷикистон ворид мешаванд.
Рухсатнома - санади якдафъаинаи иҷоза барои гузариши воситаи нақлиёти як кишвар бо бори вазнин, калонҳаҷм ё хатарнок тариқи қаламрави кишвари дигар мебошад. Ба ҳар як санад рақами махсус дода мешавад. Дар гумрук рухсатнома баста шуда, истифодаи такрории он манъ аст. Рухсатномаҳо барои боркунӣ ё фаровардани бор, инчунин барои транзит дода мешаванд.
Санади мазкур ба мошинҳои боркаш аз ҷониби Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёт бо пардохти маблағи муайян тавассути ширкатҳои логистикӣ дода мешавад.
Пас аз 1-уми апрел муҳоҷиронро дар Русия чӣ интизор аст?
Пасандоз бо 20% даромади солона. Иқдоми нави LOLC Молия дар Наврӯз
Аз раводиди ягона то афзоиши хатсайрҳои заминӣ. Бархе ҷузъиёти мулоқоти раисҷумҳурони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон
Рӯзи якуми маъракаи даъвати ҳарбӣ. ВМКБ, вилояти Хатлон ва минтақаи Рашт аз иҷрои нақша хабар доданд
Эрон аз таҳдиди Амрико ба СММ “шикоят” бурд. Моҷарои лафзии Эрон ва Амрико шиддат меёбад
Размикори ММА аз Тоҷикистон Артур Одилбеков дар ҷанги Русия дар Украина кушта шуд
Додгоҳи олӣ баррасии шикояти кассатсионӣ дар парвандаи “табаддулот”-ро оғоз кард
Киҳо раиси кумитаву комиссияҳои порлумони Тоҷикистон интихоб шуданд?
Ду медали гӯштингирони Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё
Имзои Шартномаи нуқтаи пайвастшавии сарҳад миёни Тоҷикистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста