Дар 9 моҳи соли ҷорӣ 2 ҳазору 373 муҳоҷир, ки аз Русия ихроҷ шуда буданд, барои дарёфти кор ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон муроҷиат карда, танҳо 595 нафар бо ҷойи корӣ таъмин шудаанд.

Дар ин бора Бустон Аҳмадзода, сармутахассиси Раёсати бозори меҳнати вазорат дар маҳфили иқтисодии “Тавозун”, ки ба “Рушди шуғли пурмаҳсул дар Тоҷикистон” бахшида шуда буд, иттилоъ дод.

Номбурда дар ҳузури намояндагони ниҳодҳои давлатӣ, коршиносон ва журналистон гуфт, ки аз шумораи умумии муҳоҷирони ихроҷшуда 366 нафар ба марказҳои касбомӯзӣ ва хизматрасонии вазорат ҷалб шуда, 189 нафари дигар ба корҳои ҷамъиятӣ фаро гирифта шуданд.

Ҳамчунин, ба 178 нафар қарзи имтиёзнок ва ба 1045 нафар машварати касбӣ дода шудааст.

Таъмини қариб 600 муҳоҷири ихроҷшуда бо ҷои кор дар ҳолест, ки дар нишасти матбуотии нимсола Гулнора Кенҷа, вазири меҳнату муҳоҷират гуфта буда, ки дар 6 моҳи соли равон беш аз 17 ҳазор муҳоҷири тоҷик дар Русия ихроҷ шудаанд.

Бустон Аҳмадзода ҳамчунин маълумот дод, ки дар 9 моҳи имсол 192 ҳазору 818 ҷойи корӣ таъсис дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 43 ҳазору 720 адад ё 9,3 фоиз зиёд аст.

Акс аз "Азия-Плюс"

Намояндагнони вазорат гуфтанд, ки ин ниҳод барои дастгирии муҳоҷирони корӣ, ки аз Русия ихроҷ ё бозпас гардонида шудаанд, як қатор чораҳоро пешбинӣ кардааст.

Аз ҷумла, Шамсиддин Асламов, сармутахассиси шуъбаи рушди захираҳои меҳнати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ гуфт, бо намояндагони Хадамоти муҳоҷират ва кормандони вазорати корҳои хориҷии кишвар ҳатто дар фурудгоҳҳо навбатдор гузошта, варақаи тарғиботӣ тақсим кардаанд.

“Дар варақаҳо номгӯйи ҷойҳои кории холиро бо номгӯйи корхона ва номгӯйи марказҳои касбомӯзӣ ба муҳоҷирон пешниҳод кардаанд”, - гуфт ӯ.

Бо ин усул онҳо тавонистаанд бо 5850 нафар корбарӣ карда, аз ин шумора 1350 нафарро дар ҳамаи шаҳру минтақаҳои ҷумҳурӣ дар бахшҳои гуногун бо кор таъмин кунанд. Зиёда аз 500 нафар ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуда, ба зиёда аз 100 нафар барои ба роҳ мондани соҳибкории иҷтимоӣ қарз дода шудааст.

Бояд гуфт, дар баробари таъсиси ҷойҳои корӣ дар кишвар давоми 9 моҳи имсол 42 ҳазору 596 ҷойи корӣ барҳам дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1546 адад ё 3,8 фоиз зиёд аст.

Аз ҷумла, 24 ҳазору 865 ҷойи корӣ аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва 17 ҳазору 331 адад аз тарафи шахсони воқеӣ барҳам дода шудаанд.

Гуфта мешавад, аз рӯйи таҳлили минтақаҳои ҷумҳурӣ барҳамхӯрии ҷойи корӣ дар шаҳри Душанбе аз ҳама зиёд буда, 19 ҳазору 312 ададро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта 5084 адад зиёд аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.