Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Файзи Олӣ (Файзалӣ Юлдошев), вакили мудофеи тоҷикро ба 2,5 сол зиндони низомаш сахт маҳкум кардааст.
Дар ин бора Радиои Озодӣ иттилоъ медиҳад. Ба навиштаи ин расона, ҳукми Файзи Олӣ рӯзи 29-уми ноябр содир шудааст.
Додгоҳ ин вакили дифои 74-соларо ба “дурӯғгӯӣ” нисбат ба кормандони Додситонӣ гунаҳкор донистааст. Худи Файзи Олӣ пештар ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки танҳо дар бораи “ришвахории чанд маъмури Додситонӣ” ба мақомот нома навишт, вале онҳо ба ҷойи санҷишу ҳалли масъала нисбат ба худи ӯ парванда боз карданд.
Дар Додгоҳи ноҳияи Сино ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Файзи Олӣ баъд аз эълони ҳукм аз толори додгоҳ ба ҳабс гирифта шуд.
“Додситон барои Файзи Олӣ 6 сол зиндон талаб карда буд. Моддаи 346, банди 3-и Кодекси ҷиноӣ барои ин иттиҳом аз панҷ то ҳафт сол ҷазо пешбинӣ кардааст. Додрас (судя) пиронсолии Файзи Олиро ба инобат гирифта, ба ӯ ҷазои камтар аз ҳадди пешбинишуда таъин кард. Нусхаи ҳукмро ин ҳафта ба Файзи Олӣ месупоранд ва агар ӯ норозӣ бошад, метавонад ба зинаи болоии додгоҳ шикоят барад,” – гуфтааст ҳамсуҳбати ин расона дар Додгоҳи ноҳияи Сино.
Маълум нест, ки Файзи Олӣ ё намояндаи Додситонӣ нисбат ба ҳукми додгоҳ шикоят мебаранд ё не. Додситонии кулли Тоҷикистон, ки Файзи Олиро бо гумони “дурӯғгӯӣ” нисбат ба кормандонаш ба додгоҳ кашидааст, то ҳол масъаларо шарҳ надодааст.
Пештар Файзи Олӣ ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки “бо розигии зерҳимояам ба прокурори генералӣ (додситони кул) муроҷиат кардам. На ба воситаи ахбор, на ба Интернет. Ба ҷойи он ки дар бораи мактуби ман санҷиш баранд, гуфтаҳои моро гирифтанду нисбат ба ман парванда кушоданд”.
Бояд гуфт, Файзи Олӣ дар гузашта дар чанд қазияи пурсарусадои додгоҳӣ, аз ҷумла боздошту ҳукми зиндони Саиднуриддин Шамсиддинов (судиҷрочии собиқ) ва марги Ҳамза Икромзода дар зиндони рақами яки Душанбе ба ҳайси вакили мудофеъ баромад кардааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста