Тоҷикистон номинаҳои муштараки “Ҷашни Меҳргон” ва “Санъати сохту навохтани рубоб”-ро барои ворид кардан ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият дар ЮНЕСКО пешниҳод кардааст. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии кишвар хабар медиҳад.

Манбаъ менависад, ки рӯзи 2-юми декабр дар шаҳри Асунсиони Парагвай иҷлосияи 19-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО ба кори худ шурӯъ намуд ва то 7-уми декабри соли 2024 идома меёбад. Интизор меравад, дар кори иҷлосия ин ду намина аз Тоҷикистон ба феҳрест шомил шавад.

Дар кори ҷаласа намояндагони кишварҳои узви Конвенсия оид ба ҳифзи ёдгориҳои мероси фарҳангии ғайримоддӣ, аз ҷумла Тоҷикистон иштирок доранд.

Ҷашни Меҳргон ҳамчун рамзи шукргузорӣ аз неъматҳои табиату  меҳнати деҳқон ва арҷгузорӣ ба ваҳдати инсону табиат таҷлил мегардад. Соли 2009 ҳукумати Тоҷикистон дар бораи эҳёи ҷашни Меҳргон, ки ифодагари анҷоми ҷамъоварии ҳосил аст, қарор қабул кард ва Меҳргон ба рӯйхати идҳои расмӣ дохил шуд.

Ҳар сол ин ҷашн бештар ва бошукӯҳ таҷлил мегардад. Дар чаҳорчӯби ҷашн фестивалҳо ва намоишгоҳҳо ва фурӯши асал, маҳсулоти кишоварзӣ, техникаи кишоварзӣ ва биринҷ баргузор мешавад.

Таҷлили ҷашни "Меҳргон" дар яке аз боғҳои фарҳангии Душанбе
Asia-Plus

Тоҷикистон қаблан дархост дода буд, ки ҷашни қадимаи деҳқонон – Меҳргон ба рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шавад.

Рубоб сози тории мусиқӣ буда, дар байни халқҳои Шарқ, алалхусус тоҷикон маъмул аст. Дар Тоҷикистон рубоб сози миллии мусиқӣ дониста мешавад.

Асосан баъди солҳои 60-ум дар Тоҷикистон навозандагони касбии бомаҳорат дар навохтани рубоб шогирд тайёр намуда, онро ҳамчун сози якканавозӣ ташвиқу тарғиб кардаанд. Имрӯз дар мактабҳои мусиқии Тоҷикистон навъҳои гуногуни навохти сози рубоб таълим дода мешавад.

Ёдовар мешавем, ки соле пеш дар иҷлосияи 18-уми Кумитаи байниҳукуматии Созмони мероси ғайримоддӣ ба феҳристи ғайримоддии ЮНЕСКО беш аз 40 унсури нав ворид карда шуд. Аз ҷумла се номина аз Тоҷикистон, Ҷашни Сада, ҳунари бофтани атласу адрас ва зарҳалкорӣ ҳамчун ҳунари фарҳангӣ ва мероси башарият эътироф гардида, ба Феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуданд.

Мақсади асосии ворид намудан ба ин рӯйхат, ҳифзи расму оини суннатӣ, дониш, малака ва интиқоли онҳо ба наслҳои оянда гуфта мешавад. Ҳоло дар ин рӯйхат зиёда аз 600 номгуй  зикр шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.