Аз 18 то 22-юми ноябр дар Душанбе “Ҳафтаи таҳсилоти байналмилалӣ” баргузор гардид. Дар он донишгоҳҳои хориҷӣ барномаҳои таҳсил ва имкониятҳои худро барои довталабони тоҷик муаррифӣ карданд. Хабарнигори "Азия-Плюс" низ дар ин намошгоҳ иштирок намуда, феҳристи чанде аз барномаҳоро барои таҳсил дар хориҷа тартиб дод, ки пешкаш мекунем.
“Global UGRAD”
Барномаи мубодилаи донишҷӯён “Global UGRAD” аз ҷониби Департаменти давлатии ИМА маблағгузорӣ шуда, ба донишҷӯёни зинаи бакалавр имкони таҳсил ва мубодилаи таҷрибаро дар яке аз донишгоҳҳои Амрико тӯли ним соли академӣ, бе гирифтани дараҷаи таҳсилот, пешниҳод мекунад. Барои иштирок синни довталабон бояд 18 сола боло бошад.
Маълумоти иловагӣ ва дастурамал барои ҳуҷҷатсупориро метавонед дар сомонаи “Global UGRAD” ва ё тариқи рақамҳои 229-20-00 аз бахши робита бо ҷомеаи Сафорати ИМА дар Тоҷикистон пайдо намоед.
Барои иштирок дар барнома метавонед тариқи ин пайванд дархост фиристед.
Айни ҳол қабули ҳуҷҷатҳо ба “Global UGRAD 2025-2026” дар ҷараён аст. Хоҳишмандон метавонанд то 15-уми декабри соли 2024 ҳуҷҷатҳои худро ба Сафорати ИМА дар Тоҷикистон пешниҳод кунанд.
Дар бораи дигар барномаҳои таълимии ИМА аз сомонаи Сафорати ИМА дар Тоҷикистон маълумоти бештар метавонед пайдо кунед.
Телефон: 2-29-23-22
Почтаи электронӣ: [email protected]
Нишонӣ: хиёбони. И. Сомонӣ, 109/А
MEXT
Барномаи стипендиявии Ҷопон - MEXT 4 барномаи таҳсил - донишҷӯ-тадқиқотчӣ, донишҷӯ-бакалавр, донишҷӯи коллеҷи махсусгардонидашуда ва донишҷӯи забони ҷопониро барои довталабони зинаҳои гуногун пешниҳод мекунад.
Барномаи якум барои довталабони зинаи магистратура ва докторантура пешбинӣ гардидааст. Дар ин барнома довталабони то 35 сола, ки хатмкардаи донишгоҳ ё донишкада ҳастанд, метавонанд иштирок кунанд. Барои дохилшавӣ довталабонро мебояд аз фанҳои забони англисӣ ва ҷопонӣ имтиҳон супоранд. Давомнокии таҳсил 2 сол аст. Маълумоти бештар оид ба барномаро ин ҷо хонед.
Барномаи дуюм барои донишҷӯёни зинаи бакалавриат пешбинӣ шудааст. Дар он хатмкардагони мактаби миёна ва хонандагони синфи 11 иштирок карда метавонанд. Имтиҳонҳои дохилшавӣ, вобаста аз ихтисоси интихобнамуда, гуногунанд.
Давомнокии таҳсил 5 сол (дар ихтисосҳои тиббию бойторӣ - 7 сол) буда, як соли он ба забономӯзӣ сарф мешавад. Маълумоти бештар оид ба барнома ин ҷо хонед.
Барномаи сеюм барои донишҷӯёни коллеҷҳои махсусгардонидашуда буда, ба он хатмкардагони мактаби миёна ва хонандагони синфи 11 ҳуҷҷат супорида метавонанд. Давомнокии таҳсил 3 сол буда, як соли он барои забономӯзӣ пешбинӣ шудааст. Маълумоти бештар оид ба барнома ин ҷо хонед.
Қабули ҳуҷҷатҳо ба ин се барнома то 31 майи соли 2025 идома меёбад.
Барномаи чоруми MEXT барои омӯзандагони забон ва фарҳанги ҷопонӣ пешбинӣ шудааст. Дар он ҷавонони то 25 сола иштирок карда метавонанд. Давомнокии барнома 1 сол буда, дар ин муддат донишҷӯ забони ҷопониро меомӯзад ва бо анъаву фарҳанг ва таърихи Ҷопон шинос мешавад. Қабули ҳуҷҷатҳо ба барномаи фарҳангӣ моҳҳои декабр-январ аст.
Телефон: (+992) 44-600-54-77 / (+992) 44-600-54-78
Почтаи электронӣ: [email protected]
“Campus France”
Барномаи мазкур ба донишҷӯёни хориҷӣ имкони таҳсил дар Фаронсаро пешниҳод мекунад. Он барои довталабони зинаи бакалавриат ва магистратура пешбинӣ шудааст. Талаботи асосӣ барои таҳсил дар донишгоҳҳои Фаронса донистани забони фаронсавӣ аст.
Барои таҳсил дар зинаи бакалавриат хатмкардагони мактабҳои миёна, хонандагони синфи 11 ва донишҷӯёни соли охири коллеҷҳо ҳуҷҷат супорида метавонанд. Таҳсил 3 сол идома меёбад.
Ҳангоми ҳуҷҷатсупорӣ довталаб метавонад як ихтисос ва се донишгоҳро интихоб намояд. Ба довталабон донистани забони фаронсавӣ дар сатҳи TCF DAP B1 или DELF B2 ҳатмист. Барои як соли таҳсил дар бакалавриат донишҷӯ бояд қисме аз арзиши таҳсилро пардохт намояд, қисми боқимондаро барнома рӯйшпӯш мекунад.
Ба зинаи магистратура бошад, хатмкардагон ва ё донишҷӯёни соли охири макотиби олӣ метавонанд ҳуҷҷат супоранд. Таҳсил дар магистратура, вобаста ба ихтисос ва донишгоҳи интихобшуда, аз 1 то 2 сол давом меёбад.
Довталаб метавонад ба якчанд донишгоҳ ҳуҷҷат супорад. Ба ӯ донистани забони франсузӣ дар сатҳи В2 ҳатмист. Ҳамчунин, дар ин зина таҳсил бо забони англисӣ низ имконпазир аст.
Пардохти қисме аз арзиши таҳсил бар дӯши худи магистрант ва қисми боқимонда бар дӯши барнома аст.
Почтаи электронӣ: [email protected]
Нишонӣ: к. М. Турсунзода, 12/А, Маркази фарҳангии “Бохтар”
“Chevening”
Барномаи стипендиявии “Chevening” аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Британия маблағгузорӣ шуда, барои магистрантон пешбинӣ гардидааст. Барнома пурра хароҷоти таҳсилро рӯйпӯш мекунад.
Барои ҳуҷҷатсупорӣ ба “Chevening” доштани дипломи бакалавр ва таҷрибаи кории ҳаддиақал 2 сола лозим аст. Фаъолияти ризокорӣ, муҳлати таҷрибаҳосилкунӣ ва кори нимбаста низ ҳамчун таҷрибаи корӣ қабул карда мешаванд.
Донишҷӯён метавонанд ба дилхоҳ донишгоҳи Британия ҳуҷҷат супоранд ва дар ҳолати қабул шудан барои дастгирии молиявӣ довталаби ин барнома гарданд.
Давомнокии таҳсил як сол аст.
“Chevening” ҳамчунин хароҷоти донишҷӯёнро барои гирифтани раводид ва сафар пардохт карда, стипендияи ҳармоҳа ва кӯмаки яккарата барои кӯч пешниҳод мекунад.
Маълумоти бештар дар сомонаи chevening.org.
Deutscher Akademischer Austauschdienst (DAAD)
Барномаи стипендиявии хадамоти олмонии мубодилоти академӣ (DAAD) ба донишҷӯёни зинаи магистратура ва докторантура имкони таҳсил ройгон дар донишгоҳҳои давлатии Олмонро пешниҳод мекунад. DAAD арзиши таҳсилро пурра ва хароҷоти нақлиётиро қисман пардохт мекунад. Ғайр аз ин, барнома ба донишҷӯён барои хароҷоти моҳона стипендия пардохт мекунад.
Довталабони ин барнома танҳо магистрант ва докторантоне шуда метавонанд, ки на дуртар аз 6 соли пеш таҳсили охирашонро хатм кардаанд.
Донистани забони англисӣ ё немисӣ дар сатҳи В1/С1 барои ҳамаи довталабон ҳатмӣ аст. Ҳамчунин, ҳангоми ҳуҷҷатсупорӣ ба барнома довталаб бояд аллакай ба яке аз донишгоҳҳои давлатии Олмон қабул шуда бошад. Яъне, барнома танҳо кӯмаки молиявӣ пешниҳод мекунад. Интихоби донишгоҳу ихтисос ва дохилшавӣ ба он ба зимаи худи донишҷӯ аст.
Телефон: (+992 37) 2276565
Адрес: ул. А. Афсахзод, 107
эл-почта: [email protected]
US-CAEF (US - Central Asia Education Foundation)
Дигар барномаи стипендиявии Департаменти давлатии ИМА - US-CAEF барои ҷавонони ташаббускор аз Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон пешбинӣ шудааст. Он таҳсил дар Донишгоҳи амрикоии Осиёи марказӣ, воқеъ дар шаҳри Бишкеки Қирғизистонро дар назар дорад.
Барномаи мазкур арзиши таҳсил дар ДАОМ ва хароҷоти зиндагиву нақлиётӣ донишҷӯёнро рӯйпӯш намуда, стипендияи ҳармоҳа пешниҳод мекунад.
Тариқи ин барнома метавон дар зинаи бакалавр дар яке аз 4 ихтисос - иқтисод, математикаи амалӣ, таҳияи таъминоти барномавӣ ва маъмурикунонии корӣ таҳсил намуд.
Хоҳишмандон метавонанд то 15-уми январи соли 2025 ҳуҷҷатҳои худро пешниҳод кунанд.
Почтаи электронӣ: [email protected]
Маълумоти бештар дар сомонаи uscaef.org.
Оҷонсии таълимии Multikid
Multikid дар самти машварат ва кӯмак дар интихоби барномаҳои таълимӣ дар хориҷа барои донишҷӯёни зинаҳои гуногун кор мекунад. Оҷонсӣ бо зиёда аз 100 макотиби олӣ дар 12 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла бо донишгоҳҳои Британияи Кабир, Лаҳистон, Қибрис ва Олмон ҳамкорӣ дорад.
Барномаҳои таълимии Multikid барои хатмкунандагони мактаби миёна, донишҷӯёни зинаҳои гуногун ва омӯзандагони забонҳои хориҷӣ пешбинӣ гардидааст.
Ҳангоми дохил шудан ба яке аз донишгоҳҳои пешниҳодкардаи оҷонсӣ, Multikid ба довталаб дар ҷамъоварӣ ва тарҷумаи ҳуҷҷатҳо, раводид, интихоби манзил ва суғурта кӯмак намуда, барои муайян кардани сатҳи забондонӣ имтиҳони ройгон пешниҳод мекунад.
Multikid ҳам барномаҳои грантӣ ва ҳам ройгон пешниҳод мекунад. Дохилшгавӣ ба аксари ин барномаҳо аз баҳои аттестат вобаста аст.
Идораи оҷонсӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд воқеъ аст.
Сомона: www.multikid.tj, почтаи электронӣ - [email protected]
ш. Душанбе
Телефон: (+992) 935797005
Нишонӣ: к. Пушкин 10, ошёнаи 2 (дар назди Донишгоҳи славянӣ)
ш. Хуҷанд
Телефон: (+992) 926495005
Нишонӣ: маҳаллаи 26, хиёбони Тошканд
Барои касбият, ҷасорат ва ҳақиқат: хонандагон “Азия-Плюс”-ро барои чӣ мехонанд ва дӯст медоранд?
Арабистони Саудӣ ба 35 ҳазор сокини Тоҷикистон кумаки молӣ мекунад
НАВШУДА. Вазири меҳнату раиси Оҷонсии нафақа аз мансаб озод шуданд. Бозхонди Шермуҳаммад Шоҳиён аз раисии Додгоҳи олӣ
Нуриддин Саид аз вазифа барканор ва Носир Саид раиси нави Кумитаи телевизион ва радио шуд
Аз эълони вазъи фавқулода то ихроҷи муҳоҷирони ғайриқонунӣ. Доналд Трамп баъди савгандёдкунӣ корро аз чӣ оғоз кард?
Ҷудокори навраси тоҷик аз Ҷоми Африқо медали тилло ба даст овард
Кӣ ва ё чӣ ба рушди тиҷорат дар Тоҷикистон халал мерасонад?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Посухи боғбон ба дузди ҷабрӣ”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 январи соли 2025
Ба зоирон ҳам дахл дорад. Як талаби ҳатмии Арабистон аз мусофироне, ки ба ин кишвар мераванд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста