Дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон (ВМКБ), ки ба фарқ аз дигар минтақаҳо дар фасли зимистон аҳолӣ бо барқи доимӣ таъмин буданд, имсол дар интиқоли барқ маҳдудият ё “лимит” ҷорӣ шудааст. Сабаби ин “сард шудани ҳаво, яхбандии шадид ва паст шудани сатҳи об дар кӯли Яшикӯл, инчунин норасоии об ва афзоиши истеъмоли нерӯи барқ” мебошад.
Дар ин бора Амрихон Раҳимов, директори “Помир Энерҷи”, ки масъули таъмини барқ дар минтақа аст, дар як ҷаласа, ки бо ширкати Алишер Мирзонабот, раиси вилоят гузашт, хабар додааст.
Ӯ гуфтааст, ки “...айни замон танҳо маркази ВМКБ - шаҳри Хоруғ ва марказҳои ноҳияҳо бо қувваи барқи доимӣ таъмин буд, дар деҳоти дурдаст неруи барқ дар давоми чанд соат тариқи реҷа ҷорӣ гардидааст”.
Аз ширкати “Помир Энерҷӣ” ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки дар пайи яхбандӣ дар кӯли Яшикӯл сатҳи об нисбат ба соли гузашта 15% камтар аст.
Дар ин ниҳод гуфтанд, ки маҳдудият метавонад то 6 соат дар як шабонарӯз идома ёбад ва дар ҳолати тағйирёбии ҳаво, имкони зиёд шудани маҳдудият мавҷуд аст.
Дар чанд соли охир бори аввал аст, ки дар ВМКБ дар таъминоти нерӯи барқ маҳдудият ҷорӣ мешавад. Ин дар ҳолест, ки ҳамасола бо фаро расидани фасли зимистон дар дигар минтақаҳои Тоҷикистон "лимит"-и барқ ҷорӣ мешавад.
Сабаби он кам ҷорӣ шудани об ба дарёи Вахш, сард омадани зимистон ва талафоти нерӯи барқ аз сӯи аҳолӣ маънидод мешавад. Имсол он аз 22-юми сентябр расман ҷорӣ шуд.
Ҳарчанд, Вазорати энергетика мегӯяд, ки ба аҳолӣ дар як шабонарӯз 10 - соат барқ дода мешавад, аммо сокинони кишвар аз бенизомии реҷаи барқ шикоят карда, мегӯянд, ки аз 5 то 8 соат дар як шабонарӯз бо барқ таъмин ҳастанд.
Эрон аз таҳдиди Амрико ба СММ “шикоят” бурд. Моҷарои лафзии Эрон ва Амрико шиддат меёбад
Размикори ММА аз Тоҷикистон Артур Одилбеков дар ҷанги Украина ҳалок шуд
Додгоҳи олӣ баррасии шикояти кассатсионӣ дар парвандаи “табаддулот”-ро оғоз кард
Киҳо раиси кумитаву комиссияҳои порлумони Тоҷикистон интихоб шуданд?
Ду медали гӯштингирони Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё
Имзои Шартномаи нуқтаи пайвастшавии сарҳад миёни Тоҷикистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 1 апрели соли 2025
Синфи миёна - муҳаррики иқтисод ва омили субот. Тоҷикистон то соли 2030 барои рушди он чӣ нақша дорад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2025
Иди саиди Фитр муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста