Дар Ӯзбекистон нақша доранд, ки барои мардон ҳангоми фарзанд таваллуд кардани ҳамсарашон рухсатии пулакӣ ҷорӣ кунанд. Ҳадафи ин иқдом беҳбуди ҳуқуқи баробари меҳнат, аз байн бурдани табъиз ва мусоидат ба мувозинат миёни ҳаёти касбӣ ва оилавӣ дониста шудааст.
Дар ин хусус хабаргузории “uznews.uz” хабар дода навиштааст, ки лоиҳаи ин қонун ба палатаи поёнии парлумон пешниҳод шудааст. Лоиҳа такмили принсипҳои баробарии ҳуқуқи меҳнатӣ, манъи табъиз, фишор ва зӯроварӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғлро пешбинӣ мекунад.
Бар асоси қонуни мазкур мардон метавонанд дар давоми як моҳ пас аз таваллуди фарзанд рухсатии пулакии панҷрӯзаро барои ёрӣ ба завҷаи худ дарёфт кунанд.
То имрӯз дар қонунгузории Ӯзбекистон чунин рухсатиҳо пешбинӣ нашуда буд ва ин боиси мушкилот дар омезиши вазифаҳои касбӣ ва оилавӣ барои мардон ё маҷбур шудани онҳо барои гирифтани рухсатии бе музд мегардид.
Дар Тоҷикистон мардон ҷунин ҳуқуқ доранд?
Дар Тоҷикистон мардон ҳуқуқи рухсатии пулакӣ гирифтан барои нигоҳубини кӯдакро доранд.
Бар асоси моддаи 224 Кодекси меҳнати Тоҷикистон мардон метавонанд ҳам дар давраи ҳомиладории ҳамсар ва ҳам баъд аз таваллуди кӯдак рухсатии меҳнатӣ гиранд. Аммо, ба гуфтаи ҷомеашиносон мардҳо дар Тоҷикистон аз ин ҳуқуқи худ дар амал истифода намекунанд ва сабаби ососии ин ҳолат афкори ҷамъиятӣ ва “стереотипҳо” ҳисобида мешавад, ки нигоҳубини кӯдаконро танҳо вазифаи занон мешуморанд.
Маргарита Ҳегай, ҷомеашинос ва машваратчӣ оид ба масъалаҳои гендерӣ дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, ки “мардон дар Тоҷикистон ҳуқуқ ба рухсатии меҳнатӣ доранд, аммо мутаассифона, дар амалия ин ҳуқуқ қариб истифода намешавад”.
Ӯ аҳамияти тағйир додани нигоҳи ҷамъиятро ба ин масъала таъкид мекунад ва мегӯяд, ки масъулияти нигоҳубини кӯдакон бояд миёни ҳарду волидон баробар тақсим карда шавад.
Ин ҷомеашинос мегӯяд, ки дар таҷрибаи кориаш ягон ҳолате дар бораи истифодаи рухсатии нигоҳубини кӯдак аз ҷониби мардон вонахӯрдааст.
“Эҳтимол аст, ки дар Тоҷикистон ҳеҷ ҳолати сабти рухсатии мардон дар ин самт вуҷуд надошта бошад. Дар асл, барои мардон истифодаи ин ҳуқуқ хеле хуб мебуд, зеро ин метавонад фаъолияти меҳнатии занонро дастгирӣ ва табъизи гендериро кам кунад”, - мегӯяд ӯ.
Маргарита Ҳегай мегӯяд, ки “дар оилаҳое, ки даромади занон аз мардон зиёдтар аст, баргаштани занҳо ба кори асосӣ метавонад буҷети оиларо ҳифз кунад”.
Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон мардон инчунин ҳуқуқ доранд, ки кӯмакпулии нигоҳубини кӯдакро расман сабт кунанд.
Тибқи моддаи 224-и Кодекси меҳнати Тоҷикистон, рухсатии ҳомиладорӣ ва таваллуд ба занон дода мешавад ва баргаи нотавонмандӣ ва кӯмакпулӣ ба номи онҳо расман сабт мешавад. Аммо дар ҳолате, ки зани таваллудкарда кор намекунад, падари кӯдак, ки мақоми шахси суғурташударо дорад, метавонад кӯмакпулии нигоҳубини кӯдакро то синни 1,5-солагӣ дар ҷои кори асосии худ сабт кунад.




Аз кор озод кардани муҳоҷирон дар Русия осонтар мешавад. Он чӣ гуна кор мекунад?
Муҳоҷири тоҷик чӣ қадар бояд кор кунад, то дар Душанбе хона харад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 декабри соли 2025
Таҳримҳо алайҳи 3 бонки Тоҷикистон. Он ба фаъолияти бонкҳо чӣ таъсир расонида метавонад?
Назархудо Дастамбуев: "Ҳар як кӯдак бояд тавассути бозӣ инкишоф ёбад..."
Аввали ҳафтаи оянда дар кишвар боришоти шадид пешгӯӣ мешавад
"Лимит"-и барқ то нақлиёти барқӣ расид. Электромобилҳо чӣ қадар барқ истифода мекунанд?
Пиряхи "Деҳдал" дар як моҳ 520 метр ҳаракат кардааст
Дар Русия марҳилаи озмоишии ҷамъоварии маълумоти биометрии муҳоҷирон оғоз шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста