Ба хотири гиромидошти ёди Олим Бобоев, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ва шашмақомсарои маъруф Кохи фарҳанги шаҳри Панҷакент ба номи ӯ гузошта шуд. Дар ин бора аз шаҳрдории Панҷакент ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд.
Ба гуфтаи шаҳрдорӣ, дар ин робита 20-уми сентябр қарори Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ба тасвиб расида, дирӯз, 29-уми декабр, маросими номгузорӣ расман баргузор гардид.
Ҳамчунин, дар даромадгоҳи бинои Кохи фарҳанг нимпайкаради Олим Бобоев гузошта шуда ва дар сари қабраш лавҳи ёдгорӣ ниҳодаанд.
Дирӯз ҳамчунин бахшида ба 65-солагии Олим Бобоев дар шаҳр бо ҳузури олимони тоҷик таҳти унвони “Олим Бобоев - шашмақомсарои маъруфи кишвар” конфронси илмӣ-амалӣ баргузор гардидааст.

Дар конфоронс, Абдухолиқ Холиқзода, шаҳрдори Панҷакент ва санъатшиносон, аз ҷумла Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва бастакори шинохта Қудратулло Яҳёев, корманди шуъбаи санъатшиносии Академияи миллии илмҳо Сайдулло Убайдуллоев, раиси намояндагии Иттифоқи композиторони Тоҷикистон дар вилояти Суғд Назира Ғайбуллозода ширкат ва суханронӣ кардаанд.
Ғайр аз ин, бо номи “Ҳунарваре аз табори озодагон” маҷмӯаи мақолаю ёддоштҳо дар бораи ин ҳунарманди нотакрор рӯнамоӣ гардидааст.
Ҳамчунин, бо ҳузури овозхонони шинохта ва шогирдони Олим Бобоев таҳти унвони “Гулбонги шашмақом” дар Кохи фарҳанги шаҳри Панҷакент барномаи фарҳангӣ баргузор гардидааст.
Олим Бобоев 18-уми марти соли 1958 дар шаҳри Панҷакент, дар хонаводаи Искандари Танбӯрӣ дида ба олам кушодааст. Соли 1986 Донишкадаи давлатии санъати ба номи Мирзо Турсунзодаро (1986) хатм карда, солҳо дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон фаъолият доштааст.
Ӯ дар солҳои 1980 дар радифи хонандагони тавонои Шашмақом қарор гирифта буд, вале дар айни авҷи шӯҳраташ дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ тарки Душанбе кард ва то лаҳзаҳои охирини умраш дур аз саҳнаи бузург дар Панҷакент умр ба сар бурд.
Соли 2006 Олим Бобоев бо силсилаи нави таронаҳояш дигарбора ба фазои ҳунарии кишвар баргашт ва чандин сурудҳои Шашмақомро ҳамроҳи як оркестри муҷаҳҳази симфонӣ иҷро ва сабт кард.
Олим Бобоев аз шеваи иҷрои ин асари классикии мусиқии тоҷик дар кишвар қонеъ набуд ва бовар дошт, ки дар ҳоли дуруст суруда шуданаш, Шашмақом метавонад ба мусиқии ирфонӣ табдил ёбад, ки тамоми Ғарбро ғасб кунад.
Аммо дар авҷи камолоташ, 8-уми феврали соли 2012 дар 54-солагӣ бар асари беморӣ дар Душанбе аз ҷаҳон чашм пӯшид ва дар Панҷакент ба хок супорида шуд.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста