Ба хотир меорем, ки дар соли ҷорӣ кадоме аз ҳамватанони мо бо комёбиҳои худ Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон машҳур карданд.Онҳо бо заҳмати зиёд ва фидокорӣ ба чунин дастовардҳо ноил гардиданд.

Сомон Маҳмадбеков

Сомон Маҳмадбеков аз ҷониби Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон беҳтарин варзишгари соли 2024 эътироф шуд. Ӯ дар Бозиҳои олимпии Париж ва Чемпионати ҷаҳон дар Абу-Заби дар вазни то 81 кг медали биринҷӣ ба даст овард. Дар даври аввал Сомон бар намояндаи Фаластин Фарес Бадавӣ ғалаба кард. Сипас ӯ бар Фрэнк Де Вит аз Нидерланд пирӯзӣ ба даст оварда, ба чорякфинал роҳ ёфт. Дар ин марҳила ҷудокори тоҷик аз қаҳрамони ҷаҳон Тато Григалашвилии гурҷӣ шикаст хӯрд.

Бо вуҷуди ин, Сомон муборизаро дар даври тасаллобахш идома дода, бар ҷудокори Ӯзбекистон Шарофиддин Болтабоев, инчунин бар варзишгари итолиёвӣ Антонио Эспозито дастболо шуд ва медали биринҷиро ба даст овард.

Ӯ дастоварди ҷудокори маъруфи тоҷик Расул Боқиевро, ки дар Олимпиадаи Пекин дар соли 2008 дар вазни то 73 кг медали биринҷӣ гирифта буд, такрор кард.

Сомон Маҳмадбеков
Сурат: Reuters

Ба ҷуз Сомон Маҳмадбеков, ба даҳгонаи беҳтарин (ТОП-10) варзишгарони сол боз 10 нафари дигар низ шомил шуданд.

Темур Раҳимов

Темур низ дар Бозиҳои олимпии тобистонаи Париж-2024 медали биринҷӣ ба даст овард. Ӯ дар вазни беш аз 100 кг ҳунарнамоӣ кард. Дар рақобат барои медали биринҷӣ Темур бар варзишгари Куба Энди Гранда дастболо шуд. Аммо дар нимфинал бо баҳогузории «иппон», ӯ аз чемпиони олимпӣ ва ҷаҳон ҷудокори машҳури фаронсавӣ Тедди Ринер шикаст хӯрд.

Темур Раҳимов
Сурат: AFP

Ҷолиб аст, ки Темур Раҳимов дар давоми фаъолияти худ се маротиба бо Тедди Ринер, ки ӯро «Шоҳи ҷудо» меноманд, рақобат кард ва дар ҳамаи ин се рақобат мағлуб шудааст.

Давлат Болтаев

Муштзани тоҷик Давлат Болтаев дар вазни 92 кг дар Олимпиадаи Париж-2024 медали биринҷӣ ба даст овард. Дар рақобати аввали худ ӯ бар Георгий Кушиташвилӣ аз Гурҷистон бо ҳисоби 3:2 ғалаба карда, дар чорякфинал бо ҳисоби 4:1 Ҷек Марли аз Ирландияро шикаст дод ва ба даври нимфиналӣ роҳ ёфт.

Давлат Болтаев
Сурат: AFP

Ин медал аввалин медали олимпии Давлат Болтаев ба ҳисоб меравад. Дар соли 2022 ӯ унвони қаҳрамони бокси Осиё миёни ҷавононро ба даст овард. Дар моҳи майи соли 2023 Давлат то давраи чорякфинали чемпионати ҷаҳон роҳ ёфта, моҳи октябри ҳамон сол дар Бозиҳои Осиё дар Ҳанчжоуи Чин дар вазни 92 кг ба дарёфти медали тилло ноил гардид.

Бо гирифтани медали биринҷии олимпӣ Давлат Болтаев дастоварди Мавзуна Чориеваро дар Олимпиадаи Лондон-2012 такрор кард.

Ба ғайр аз Олимпиада, варзишгарони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷиу-ҷитсу низ ба дарёфти медалҳои гуногун даст ёфтанд.

Сурат аз бойгонии шахсии Боймуродов

Исмоил Зиёев, Файз Зиёев, Мустафо Шерализода ва Судайс Соҳибзода қаҳрамони ҷаҳон шуда, Суҳроб Холов, Муҳаммад Соҳибзода ва Ҳикматшоҳ Сатторов ба дарёфти медалҳои нуқра ноил гардиданд.

Мусобиқа дар Абу-Забӣ (АМА) баргузор шуда, дар он зиёда аз 6 ҳазор нафар варзишгарон аз саросари дунё ширкат варзиданд.

Манучеҳр Холиқназаров

Адвокати тоҷик Манучеҳр Холиқназаров барандаи ҷоизаи байналмилалии бонуфузи Мартин Энналс гардид, ки ба ҳомиёни барҷаста барои барои ҷасорат ва устуворӣ дар мубориза барои ҳифзи ҳуқуқи инсон дода мешавад.

Ҳайати ҳакамон аз 10 созмони бонуфузи ҳомии ҳуқуқ ду нафарро ҳамчун баранда интихоб карданд. Ба ҷуз Холиқназаров, ин ҷоиза ба муаллимаи афғон Ҷолия Парсӣ низ супурда шуд.

Айни замон Манучеҳр Холиқназаров, собиқ раиси Ассотсиатсияи барҳамхӯрдаи ҳуқуқшиносони Помир, мӯҳлати 16-солаи ҳабси худро адо мекунад. Ӯ инчунин узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ бар зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ва "Комиссияи 44" буд.

Дилрабо Самадова

Имсол Дилрабо Самадова ба ҷоизаи байналмилалии бонуфузи Мартин Энналс номзад пешниҳод шуд.

Дилрабо Самадова
Сурат аз бойгонии шахсӣ

Дилрабо Самадова яке аз ҳомиёни маъруфи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон аст. Фаъолияти ӯ аз ҷумлаи корҳои аз ҳама душвор мебошад, зеро аксарияти шахсоне, ки зери ҳимояи ӯ қарор мегиранд, қурбониёни меҳтарсолорӣ (дедовшина), шиканҷа ва худсариҳо дар риоя накардани қонун мебошанд.

Бо талошҳои худ ва ҳамкоронаш ба Дилрабо муяссар шуд, ки ҳолатҳои зиёди риоя нашудани қонун дар артишро ошкор намуда, ба истифодаи маҷбурии меҳнати кӯдакон ва донишҷӯён дар маъракаҳои ҷамъоварии пахта хотима бахшад.

Дилрабо кӯшиш мекунад, ки дар бораи ҳуқуқи инсон бо дидгоҳи мусбат ва умедбахш сухан ронад. Ба гуфтаи ӯ, ҳифзи ҳуқуқро бояд мисли як сафар ё як таҷрибаи гуворо арзёбӣ кард. Аммо воқеият, мутаассифона, пур аз қонуншиканӣ, бераҳмӣ ва беадолатӣ аст.

Дар ин маводи “Азия-Плюс” Дилрабо Самадова дар бораи ҳаёту фаъолияти худ изҳори назар кардааст.

Сафармуҳаммад Қодирӣ

Овозхони тоҷик Сафармуҳаммад имсол Сафири иродаи неки ЮНИСЕФ таъин гардид. Ёдовар мешавем, ки ба ҳайси Сафирони иродаи нек танҳо намояндагони барҷаста ва боистеъдоди санъат, варзиш ва дигар соҳаҳо интихоб мешаванд.

Дар барномаи радиои «Азия-Плюс» Сафармуҳаммад зикр кард, ки Сафири иродаи нек шахсест, ки тавассути ӯ масъалаҳои муҳими марбут ба кӯдакон инъикос карда мешаванд. Ин натанҳо ба кӯдакони Тоҷикистон, балки ба тамоми кӯдакони ҷаҳон дахл дорад.

Мақсуд Саидаминов

Бо роҳбарии донишманди соҳаи кимиёи тоҷик аз Канада, Мақсуд Саидаминов дар шумораи моҳи октябри маҷаллаи бонуфузи Nature Synthesis натиҷаҳои тадқиқоти гурӯҳи олимон нашр шуданд. Nature Synthesis яке аз маъруфтарин маҷаллаҳои илмии ҷаҳон аст.

Мақсуд Саидаминов
Сурат аз uvic.ca

Зери роҳбарии Мақсуд Саидаминов гурӯҳи олимон усули нав барои ҳосил кардани монокристаллҳои баландсифатро таҳия карданд. Ин тадқиқотро маҷалла ҳамчун мавзӯи асосии шумораи моҳи октябр бо унвони «Назорати сифати булӯргардонӣ» (кристаллизатсия) пешниҳод намуд. Муқоваи шумораи даҳуми нашрияро акси булӯрҳои ҳосилшуда зебу оро дод.

Ҷумъабой Сангинов ва Илҳомидин Ниёзов

Монографияи саратоншиносони тоҷик дар бораи муолиҷаи саратон дар узвҳои сару гардан дар нашриёти олмонии Lambert Academic Publishing ба нашр расид.

Кори илмии профессори кафедраи саратоншиносӣ Ҷумъабой Сангинов «Амалиёти барқарорсозӣ дар саратони узвҳои сару гардан – муолиҷаи саратон бо дарназардошти сифати зиндагии беморон» моҳи майи ҳамин сол дар доираи ҳамкориҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино чоп шуд.

Ҷумъабой Сангинов ва Илҳомидин Ниёзов

Кор дар ҳаммуаллифӣ бо Илҳомиддин Ниёзов, унвонҷӯи кафедраи саратоншиносӣ, номзади илмҳои тиб ва табиби шӯъбаи умумии саратоншиносии МД “Маркази илмии ҷумҳуриявии саратоншиносӣ” таҳия шудааст.

Кори илмӣ ба омӯзиши муфассали амалиёти барқарорсозӣ барои табобати саратони узвҳои сару гардан дар дараҷаҳои III-IV бахшида шудааст. Гуфта мешавад, ки ин мавзӯъ дар саратоншиносӣ ва ҷарроҳӣ аз масъалаҳои хеле муҳим ба шумор меравад.

Кори илмӣ ба ғайр аз нашри русӣ, боз ба 5 забони аврупоӣ – олмонӣ, фаронсавӣ, испанӣ, итолиёвӣ ва португалӣ чоп шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.