Парвози аввалини хатсайри Душанбе–Панҷакент-Душанбе бори сеюм мавқуф гузошта шуд. Ҳавопаймо, ки мебоист баъди ду маротиба таъхир дирӯз, 19-уми январ аз Душанбе ба Панҷакент ва баръакс парвоз кунад, вале аз сабаби номусоидии ҳаво он парвоз накард. Акнун интизор меравад ҳавопаймо 21-уми январ ба ин масир парвоз кунад.
Дар ин бора аз ширкати “Тоҷик Эйр” ба “Азия-Плюс” хабар доданд.
Қаблан, парвози ҳавопаймо рӯзи 14-уми январ соати 09:00 ба нақша гирифта шуда буд. Вале аз сабаби номусоидии ҳаво дар масири парвоз он аввал ба рӯзи 16-ум соати 09:00 ва баъдан ба 19-ум соати 09:00 мавқуф гузошта шуд.
Намояндаи ин ширкат пештар гуфта буд, ки ҳамаи чиптаҳо барои парвози аввалин фурӯхта шудааст. Арзиши чиптаи ин масир 400 сомонӣ аст.
Ба гуфтаи ширкати “Тоҷик Эйр”, парвози хатсайри Душанбе-Панҷакент ҳафтае се маротиба, рӯзҳои сешанбе, панҷшанбе ва якшанбе анҷом хоҳад шуд.
Бояд гуфт, ки ҳафтаи гузашта ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик-Эйр” аз кушодани хатсайрҳои ҳавоӣ миёни Душанбе–Панҷакент ва Душанбе–Кӯлоб хабар дод.
Парвози аввалини ҳавопаймо дар хатсайри Душанбе–Кӯлоб рӯзи 15-уми январ, бо 17 мусофир анҷом ёфт.
Ба иттилои ин ширкат, парвоз миёни Душанбе ва Кӯлоб низ ҳафтае се маротиба, рӯзҳои сешанбе, панҷшанбе ва якшанбе анҷом хоҳад шуд. Нархи чиптаи ин масир 300 сомонӣ мебошад.
Парвозҳо ба ин ду масир бо ҳавопаймоии АН-28 анҷом хоҳанд шуд, ки барои интиқоли 17 мусофир ва бор бо вазни умумии то 1750 кг пешбинӣ шудааст.
Қаблан низ ширкати “Тоҷик Эйр” гуфта буд, ки вобаста ба талабот моҳи октябри соли 2024 ба самти Панҷакент, Лахш, Ғарм, Кӯлоб, Ишкошим ва Айнӣ парвозҳоро анҷом медиҳанд. Аммо бо сабабҳои номаълум ин парвозҳо ба моҳи январ гузошта шуданд.
Аз ҳисоби пешниҳоди имтиёзҳои андозӣ буҷети кишвар аз миллионҳо сомонӣ маҳрум шуд
Дар Тоҷикистон смартфони HONOR X8c муаррифӣ шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2025
“Ғоратгарӣ ва куштани соҳибхонаҳо”. Додситони кул ангезаи кушторҳои пайдарпай дар Конибодомро шарҳ дод
Додситонии кул ҳадафи ҳамлаи террористӣ ба мошини раиси ҲХДТ дар Кӯлобро шарҳ дод
Тоҷикистон барои бунёди НБО "Роғун" ба маблағи 812 млн доллар созишнома имзо кардааст
Ошӯб дар зиндони Ваҳдат. Додситони кул гуфт, ки сардори зиндон захмӣ шудааст
Додситони кулли Тоҷикистон гуфт, соли гузашта Русия беш аз 30 ҳазор муҳоҷири тоҷикро “бозпас фиристод"
Дар қазияи фасодкорӣ дар Вазорати дифоъ нисбати 26 хидматчии давлатии дигар парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст
Литва ба Шамсулло Саидшарифов паноҳгоҳ дод. Ӯ дар Тоҷикистон барои нашъаҷаллобӣ ҷустуҷӯ мешуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста