ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 20 ЯНВАР

Соли 2003 – Хатсайри ҳавоии “Алмато-Душанбе-Алмато” боз шуд.

Соли 2008 – Агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Сангтӯда-1” ба кор даромад.

Солии 2010 – Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ муқаррароти минтақаҳои озоди иқтисодии “Ишкошим” ва “Данғара”-ро тасдиқ карданд.

Соли 2010 – Тоҷикистон созишнома дар бораи таҳияи лоиҳаи сохтмони хатти интиқоли барқи "CASA-1000"-ро тасдиқ кард.

Соли 2011 – Бонки Осиёии Рушд барои таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе то марзи Ӯзбакистон (дар Турсунзода) 120 миллион доллар ҷудо кард.

Соли 2018 – Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон қарори ҳукуматро дар бораи тағйири номи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ имзо кард. Тибқи он Қӯрғонтеппа ба Бохтар, шаҳри Сарбанд ба Леваканд, ноҳияи Бохтар ба Кӯшониён ва шаҳраки Восеъи ноҳияи Восеъ ба Ҳулбук номгузорӣ шуданд.

Соли 2020 – Тоҷикистон назоратро болои шаҳрвандони Чин, ки ба кишвар ворид мешаванд, пурзӯр кард.

Соли 2021 – Ширкати ҳавоии “Uzbekistan Airways” хатсайри доимии “Тошкент-Душанбе-Тошкент”-ро дубора барқарор кард.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1875 – Мавлуди Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ, адиб, ношир, сиёсатмадор ва маорифпарвари тоҷик.

Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ

Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ яке аз пешвоёни ҷунбиши ҷадидҳо дар Осиёи Миёна ва чеҳраи барҷастаи адабиёту маориф буд.

Беҳбудӣ барои рушди маориф ва тарғиби таълим дар мактабҳои усули ҷадид китобҳои дарсӣ ва дастурҳои зиёде таълиф кардааст. Намоишномаи "Падаркуш"-и ӯ соли 1913 нашр шуда, моҳи январи соли 1914 дар Самарқанд ба саҳна гузошта шуд.

Ӯ муассиси рӯзномаи "Самарқанд" ва маҷаллаи "Оина" буда, дар шаҳри Самарқанд "Нашриёти Беҳбудӣ"-ро таъсис дода, нахустин китобхонаро барои аҳолии маҳаллӣ кушод.

Ба қавли Саидризо Ализода, "ин мутафаккири ягона ва файласуфи фарзонаро душманони маданият ва ваҳшиён шаҳид намуда, риши муборакашро ба хуни покаш рангин сохтанд". Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ соли 1919 дар шаҳри Қаршӣ аз олам даргузашт.

Соли 1936 – Зодрӯзи Валӣ Самад, адабиётшинос ва нависандаи саршиноси тоҷик.

Валӣ Самад

Валӣ Самад адабиётшинос, нависанда ва пажӯҳишгари маъруф буд, ки дар таҳқиқи равобити адабии тоҷикон бо миллатҳои гуногун, аз ҷумла русҳо, озариҳо, гурҷиҳо, арманиҳо, туркманҳо, тоторҳо ва узбакҳо саҳми арзанда дошт.

Валӣ Самад дар пажӯҳиши осори Абулқосим Фирдавсӣ ва таҳқиқи таъсири "Шоҳнома" ба адабиёти ҷаҳонӣ саҳми назаррас дошт. Ӯ яке аз муҳаққиқони барҷаста дар мавзӯи равобити адабӣ буд, ки шоҳкори "Шоҳнома"-ро аз дидгоҳи таърихӣ, фарҳангӣ ва адабӣ таҳлил намуда, нақши онро дар кишварҳои Қафқоз, Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон равшан сохт.

Ӯ дар давоми фаъолияти илмӣ ва эҷодии худ беш аз 15 китоб ва даҳҳо мақола навиштааст.

Соли 1950 – Зодрӯзи Раҳматшо Маҳмадшоев, олим, муаррихи тоҷик.

Раҳматшо Маҳмадшоев таърихнигор ва пажӯҳишгари тоҷик буда, дар рушди илми таърих ва омӯзиши равандҳои этнополитикӣ ва фарҳангии минтақа саҳми назаррас дорад. Маҳмадшоев муаллифи зиёда аз 50 мақолаи илмӣ буда, айни ҳол профессор ва муовини раиси Шӯрои ҳимояи рисолаҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.

Соли 2023 – Сафиев Ҳайдар, доктори илмҳои кимиё, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ Ибни Сино дар синни 72-солагӣ аз олам даргузашт.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Имрӯз, Рӯзи байналмилалии қабули дигарон (International Day of Acceptance) аст. Ин рӯз ба қабули шахсони дорои имкониятҳои маҳдуд ва эътирофи иҷтимоии онҳо бахшида шудааст.


Бо ташаббуси Энни Хопкинс соли 2007 ҳаракати “3E Love” таъсис ёфт, ки рамзи он аробачаи маъюбӣ ба шакли дил гардид. Ин ҷашн ба таҳаммулпазирӣ, равшаннамоии ҷомеа ва иштирок дар зиндагии маъюбон даъват мекунад.

Имрӯз ҷаҳон Рӯзи дӯстдорони панирро таҷлил мекунад. Ин маҳсулоти ширӣ бо гуногунии навъҳои худ дар миёни истеъмолкунандагони ҳақиқӣ маъруфият пайдо кардааст. 


Таърихи пайдоиши панир аз даврони қадим оғоз меёбад. Баъзе таҳқиқотгарон 8000 сол пеш аз милодро нуқтаи ибтидоии рушди истеҳсоли панир мешуморанд. Маълуми дақиқ дар бораи ватани панир вуҷуд надорад, зеро он дар фарҳанги бисёр халқҳо, ки дар ҷойҳои гуногуни ҷаҳон зиндагӣ мекарданд, дар шаклҳои гуногун вуҷуд дошт. 

Аз рӯи баҳодиҳӣ, аз 800 то 2000 навъи панир вуҷуд дорад. Аз машҳуртарин панирҳо, ки дар тамоми ҷаҳон шинохта шудаанд, метавон Пармезан, Горгонзола, Эмментал, Дор Блю, Рокфор, Чеддар, Камамбер, Бри, Фета, Моцарелла ва Стилтонро ном бурд. 

20 январи соли 1958 дар кӯчаҳои Лондон аввалин радарҳои назорати суръати автомобилҳо пайдо шуданд. Аз он вақт, аз датчикҳои статсионарии калон то камераҳои назоратии хурд, ҳама чиз тағйир ёфт. 


Замоне инспекторҳои ҳаракат суръатро бо чашм ва ҳисобкунии вақт аз як сутун то дигараш муайян мекарданд. Ҳоло радарҳои муосир имкони чен кардани суръати автомобилҳоро бо дақиқии баланд доранд. 

Имрӯз баъзе кишварҳо ҷашни ғайриодии зимистонаро таҷлил мекунанд – Рӯзи сайругашт дар ҳавои тоза. Мақсади асосии ҷашн даъват ба қатъи шитоби рӯзмарра ва таваҷҷуҳ ба роҳҳои соддаи бартараф кардани стресс мебошад. 

Исбот шудааст, ки сайругашт дар ҳавои тоза на танҳо стрессро кам мекунад, балки диққат, хотира ва фаъолиятҳои майнаро таҳрик медиҳад, иштиҳоро беҳтар ва хобро муътадил мекунад. 


 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 20 ЯНВАРИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борон ва барф борида, дар водиҳо бебориш дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -3+2º, рӯзона 2+7º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8-13º сард, рӯзона 0-5º сард.  

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борон ва барф борида, шабона бебориш дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2+3º, рӯзона 3+8º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона -2+3º, рӯзона 4+9º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ –  Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борон ва барф меборад ва дар водиҳо бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2+3º, рӯзона 6+11º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5-10º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 2-4º сард, рӯзона 0+5º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 1-3º сард.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят барф борида, дар шарқи вилоят бебориш дар назар аст. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 8-13º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 0-2º сард, рӯзона -4+1º, дар баъзе ноҳияҳо то 5+7º гарм, дар шарқи вилоят шабона 28-33º сард, дар баъзе минтақаҳо  то 41-43º сард, рӯзона аз 12-17º то 20-25º сард.         

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 0-2º сард, рӯзона 7+9º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 0-2º сард, рӯзона 5+7º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона -1+1º, рӯзона 6+8º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм). Ҳарорат: шабона 11-13º сард, рӯзона 1-3º сард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.