Соли гузашта дар вилояти Суғд қариб 3 ҳазор кас ба бемории зардпарвин гирифтор шудаанд, ки ин нисбат ба соли 2023-юм тақрибан 600 кас бештар аст. Дар ин бора Таҳмина Усмонова, муовини директори Маркази санитарӣ- эпидемиологи вилоят ба “Азия-плюс” хабар дод.
Номбурда гуфт, ки имрӯзҳо омори ин беморӣ на танҳо дар вилояти Суғд, ҳамчунин дар тамоми ҷумҳурӣ тамоюли зиёдшавӣ дорад.
“Давоми соли 2024 дар вилояти Суғд 2991 ҳолати сироятёбӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи қиёсӣ 586 ҳолат зиёд аст. Ин шумора сари 100 ҳазор аҳолӣ 1%-ро ташкил медиҳад”, -гуфт ӯ.
Таҳлилҳои эпидемиологҳо нишон медиҳад, ки дар қиёс ба 5 соли гузашта вазъи сироятёбӣ ба бемории сироятии зардпарвин миёна мебошад. Аз ҷумла соли 2020-ум қариб 4 ҳазор кас ба ин беморӣ гирифтор шуда буданд.

Бемории зардпарвин(зардча) дар фасли тирамоҳ хурӯҷ карда, сабаби асосии афзоиши он- зиёдшавии вирусҳои барангезанда мебошад. Дар илми тиб зардпарвинро гепатит низ ном мебаранд. Он вирусе мебошад, ки дар таркиби хун нашъунамо менамояд.
Омори гирифторӣ ба бемории зардпарвин дар 6 соли охир дар вилояти Суғд:
- Соли 2019- 3459 ҳолат;
- Соли 2020-3817 ҳолат;
- Соли 2021-1986 ҳолат;
- Соли 2022-2028 ҳолат;
- Соли 2023-2405 ҳолат;
- Соли 2024- 2991 ҳолат.
Ба гуфтаи ин масъул сабаби зиёд ба қайд гирифтани беморӣ фаро расидани мавсими сардӣ ва саривақт маҳдуд накардани ҳуҷраи шахсии бемор аст, ки дар натиҷа сабаби сирояти атрофиён мегардад. Сабаби дигар ба гуфтаи ӯ, дер муроҷиат кардани наздикони бемор ба муассисаҳои тандурустӣ мебошад.
Инчунин, Усмонова гуфт бояд наздикони бемор дар манзили истиқоматӣ ҳуҷраи ӯро ҳатман алоҳида кунанд, хонандаи мактаб ё кӯдаконе, ки ба боғча мераванд то ба охир табобат кунанд ва ба муассисаи таълимӣ нафиристанд.
Ин беморӣ дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Истаравшан, Шаҳристон, Деваштич, Зафаробод, Конибодом, Мастчоҳ, Спитамен, Ҷаббор Расулов ва Айнӣ бештар ба қайд гирифта шудааст.





Tarona Music Award - 2025: Ҷашни шодиву сурур наздик аст!
Мактабу кӯдакистон, бозор ва корхонаи истеҳсолӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Турсунзода кадом иншоотро ба истифода дод?
Зарару фоидаи электромобил. Чаро бархе мардон аз харидории мошинҳои барқӣ худдорӣ мекунанд?
Даргузашти Саидвалӣ Ӯзбеков, собиқ вакили порлумон ва ноиби пешини раиси вилояти Хатлон
Орун Афшор ва Муҳсин Иброҳимзода ба Тоҷикистон меоянд. Консерти онҳо кай ва дар куҷо мегузарад?
Аз зодрӯзу хатнасур ва саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ, то фолбинию фоҳишагӣ. Аз соли нав барои кадом қонуншиканӣ ҷарима боло меравад?
“Google” ва “Apple” ба корбарони худ дар Тоҷикистон дар бораи ҳамлаҳои сайберӣ ҳушдор додаанд
Идомаи “шикори хлопушка”. Боз ду нафарро бо гумони фурӯши маводи тарфгарӣ боздошт кардаанд
Ба як ҷойи кории холӣ дар кишвар 6 кас рост меоянд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 38
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста