Ширкати ҳавопаймоии "Тоҷик-Эйр" парвозҳоро дар масири Душанбе – Рашт– Душанбе оғоз мекунад. Дар ин бора ин ширкат дар саҳифаи “Фейсбук”-и худ хабар дода, навиштааст, ки нархи чипта 350 сомонӣ муайян шудааст.
Ба гуфтаи манбаъ, аввалин парвоз 7-уми феврал хоҳад буд. Парвоз аз Душанбе ба Рашт соати 13:00 ва аз Рашт ба Душанбе соати 14:05 оғоз меёбад.
Манбаъ навиштааст, ки парвозҳо ҳафтае се маротиба рӯзҳои душанбе, чоршанбе ва ҷумъа тариқи ҳавопаймои АН-28 анҷом мешаванд. Ин ҳавопаймо барои интиқоли 17 мусофир ва то 1750 кг бор пешбинӣ шудааст.
Барои фармоиши чипта сокинон имкон доранд ба суроғаи ширкати ҳавопаймоӣ, ки дар шаҳри Душанбе дар кӯчаи Мирзо Мастонгулов, 32/1, қарор дорад, муроҷиат кунанд ва ё бо рақамҳои +992 88837 7777 , +992110000012 тамос гиранд.
Ёдрас мешавем, ки чанде пеш Парвиз Шодмонзода, раиси ширкати ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" дар нишасти Оҷонсии ҳавонавардии Тоҷикистон гуфта буд, ки соли ҷорӣ ин ширкат парвозҳои дохилии нав аз Душанбе ба Ванҷ, Рашт ва Лахшро роҳандозӣ мекунад.
Ӯ он вақт дақиқ нагуфта буд, ки парвоз ба ин минтақаҳо кай оғоз мешавад, танҳо изҳор дошта буд, ки дар ҳоли ҳозир корҳои таъмири фурудгоҳҳои маҳаллии Рашт ва Лахш идома дорад.
Ширкати ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" пас аз танаффуси тӯлонӣ моҳи сентябри соли гузашта аз роҳандозии дигарбораи хатсайри Душанбе-Хоруғ-Душанбе хабар дод. Он вақт дар ин ширкат гуфта буданд, ки вобаста ба талабот моҳи октябри соли 2024 парвозҳо аз Душанбе ба самти Панҷакент, Лахш, Ғарм, Кӯлоб, Ишкошим ва Айниро низ ба роҳ мемонанд.
Баъдан дар моҳи январ ин ширкат парвоз дар масири Кӯлоб ва Панҷакентро оғоз кард. Аммо парвоз дар хатсайри Душанбе-Панҷакент-Душанбе пас аз чор маротиба таъхир анҷом ёфт. Масъулини ширкат ҳар бор сурат нагирифтани парвоз аз Душанбе ба Панҷакент ва баръаксро ба номусоидии ҳаво рабт медоданд.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста