Раҳим Ал-Ҳусейнӣ Оқохон V рӯзи 5 феврал пас аз кушодани васияти падари марҳумаш шоҳзода Карим ал-Ҳусайнӣ Оқохони IV, ки дар Лиссабон дар синни 88-солагӣ аз олам даргузашт, 50-умин имоми исмоилиён (пешвои маънавӣ)-и ҷаҳон эълон шуд.
Тавре ки Reuters хабар медиҳад, шоҳзода Раҳим Оқохон V-писарбузурги Карим ал-Ҳусайнии фавтида-12 октябри соли 1971 таваллуд шудааст.
Ӯ Phillips Academy-ро дар Массачусетс хатм кардааст. Дар Brown University, сипас дар Navarra Business School дар Барселона таҳсил кардааст. Ӯ то ин вақт роҳбарии Кумитаи муҳити зист ва иқлими Шабакаи рушди Оқохон ва ҳамраисии кумитаҳои баррасии буҷети ин шабакаро ба уҳда доштааст.
Раҳим Оқохон соли 2013 бо Кендра Ирен Спирс, маъруф ҳамчун шорҳдухтар Салва Оқохон издивоҷ кард.
Дар оилаи онҳо ду фарзанд-шоҳзода Ирфон (11 апрели соли 2015) ва шоҳзода Синан (2 январи соли 2017) ба дунё омаданд.
Падари ӯ - Карим Оқохони 4 шоми 4-уми феврал дар шаҳри Лиссабон дар синни 88-солагӣ аз олам даргузашт.
Оқохони 4 13-уми декабри соли 1936 дар Суис (Швейтсария) ба дунё омада, баъд аз вафоти бобояш Муҳаммадшоҳ Оқохони 3, соли 1957 имоми исмоилиҳо таъин гардид. Ӯ 68 сол имоми исмоилиҳо боқӣ монд.
Пайравони мазҳаби исмоилӣ дар гӯшаҳои Тоҷикистон, аз ҷумла, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) низ ҳастанд.
Дар Тоҷикистон низ Бунёди Рушди Оқохон (AKDN)-амал мекунад, ки тарҳҳои иқтисодиву иҷтимоии зиёдеро амалӣ мекунад.
Ин ташкилот ва агентиҳои он ба тақвият ва беҳтар кардани сифати зиндагии мардум дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ тамаркуз мекунанд. Ҳадафи барномаҳои AKDN ин баланд бародштани сатҳи некӯаҳволии ҳамаи мардум, новобаста аз нажод, миллат ва дин мебошанд.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 марти соли 2025
Гузаргоҳҳои сарҳадӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон: харита ва реҷаи кори онҳо
Пагоҳ сокинони Тоҷикистон гирифти Моҳро мушоҳида карда метавонанд?
Маош ва мақоми омӯзгорон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ гуна аст?
Ҳаҷми савдои дуҷониба байни Тоҷикистону Ӯзбекистон коҳиш меёбад. Сабаб чист?
Пагоҳ парвозҳои мустақим байни Тоҷикистону Қирғизистон барқарор мешавад
Миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон 16 санади нави ҳамкорӣ имзо шуд
Соли 2024 муҳоҷирон ба буҷети Русия 123 млрд рубл андоз пардохт карданд
Созишномаи ниҳоии марзӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон имзо шуд
ВКД ба шаҳрвандон ҳушдор дод, ки аз бурдани ҳазориспанд ба Русия худдорӣ кунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста