Имсол Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар Душанбе “бо шукӯҳу шаҳомат” таҷлил мешавад. Дар ин бора Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори пойтахт қарор қабул кардааст.
Аз шаҳрдории пойтахт ба “Азия-Плюс” гуфтанд, аз 1 то 23-юми феврал дар Душанбе чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ, варзишӣ, илмӣ ва дар қисмҳои ҳарбӣ озмуну фестивалҳо ба нақша гирифта шудааст, ки наврасон ҷавонон метавонанд дар он ширкат кунанд.
Рӯзи 23 феврал дар Тоҷикистон аз соли 1993 ба унвони Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мешавад. Дар ҳоли ҳозир артиши Тоҷикистон аз нерӯҳои ҳавоӣ, зиддиҳавоӣ, нерӯҳои хушкигард ва нерӯҳои сайёр иборат аст.
Аз ҷумла, рӯзҳои 21-22-юми феврал чорабинии тантанавӣ таҳти унвони “Қувваҳои мусаллаҳ – ҳомии марзу бум” дар чор ноҳияи пойтахт ва сатҳи шаҳр баргузор мешавад.
Ҳамчунин, ташкили мизҳои гирд бо номи “Ҳимояи Ватан – қарзи муқаддас” дар давоми моҳ дар назар аст. Кадом рузҳо маълум нест.
Инчунин, барои хонандагони синфҳои болоии мактабҳо ва ҷавонони синни даъватӣ саёҳат ба қисмҳои ҳарбӣ ташкил мешавад.
Дар тамоми қисмҳои ҳарбӣ барномаҳои ҷашнӣ ва консертҳо бо оростани дастархони идона баргузор мешаванд.
Интизор меравад, рӯзҳои 17-22 феврал байни афсарон, сарбозон ва ҷавонон фестивали дӯстӣ, ки бештар ҷанбаи варзишӣ дорад, баргузор гардад. Дар ин фестивал миёни қисмҳои ҳарбӣ аз рӯйи намудҳои гуногуни варзиш мусобиқаҳо доир мегарданд.
Ҳамчунин, баргузории фестивали гулчини сурудҳои ватандӯстонаи “Суруди сарбоз” ба нақша гирифта шудааст.
Шаҳрдории Душанбе дар мавриди баргузор шудани паради ҳарбӣ гуфт, то ҳол маълумоти дақиқ дар ин бора надорад. Маркази матбуоти шаҳрдорӣ гуфт, дар ин бора аз Вазорати мудофиа пурсем. “Азия-Плюс” натавонист то замони нашри ин хабар аз маркази матбуоти Вазорати дифоъ маълумот гиранд.
Ёдрас мешавем, ки соли гузашта дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳ паради ҳарбӣ доир нагардид.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста