Сафари осон, қулай ва сарфакорона орзуи ҳар як нафар аст. Акнун бо Агентии Алоқаи Ҳавоӣ – нахустин сомонаи миллии фурӯши чиптаҳои ҳавопаймо ин орзу ба воқеият табдил меёбад.
Ин платформа имконият медиҳад, ки шумо дилхоҳ вақт бо чанд ангуштзанӣ чиптаи ҳавопайморо ба ҳама самтҳои дохилӣ ва хориҷӣ бо нархҳои муносиб дастрас намоед.
Чӣ тавр метавон чипта харид?
Инҷо қадам ба қадам мефаҳмонем, ки барои фармоиш ва хариди чипта кадом марҳилаҳоро гузаштан лозим аст.
- ба сомонаи avs.tj ворид шуда, бо нархи чиптаҳо шинос шавед ва нархи чиптаҳои ин сомонаро бо дигар ширкатҳои фурӯши чипта муқоиса кунед.
- самт ва санаи парвозро интихоб намоед.
- аз байни пешниҳодҳо нархи мувофиқро интихоб кунед.
- барои фармоиш маълумоти шиносномавии худ, аз ҷумла, ному насаб, ҷинс, сол, моҳ ва рӯзи таваллуд, рақами шиноснома ва рақами телефон ва почтаи электронии худро ворид намоед. Баъди ворид кардани маълумот бори дигар дурустии маълумотро санҷида, тасдиқ намоед.
- воситаи пардохти онлайнро интихоб намуда, чиптаро харидорӣ намоед. Пардохт тариқи ҳамёнҳои мобилии "Алиф", "Душанбе Сити", "Эсхата", "Корти миллӣ", "Мир", Visa/Union Pay имконпазир аст.
- чиптаи худро дар шакли электронӣ дар почтаи электронӣ ё ҳисоби шахсии худ дастрас намоед.
Чаро avs.tj? Бартарӣ ва афзалиятҳо
Ин сомона бо усули хиздатрасонии муосир ва нархи рақобатпазир афзалиятҳои зиёде дорад. Аз ҷумла:
Нархи арзонтарин. Ин сомона арзонтарин нархро ба муштариён пешниҳод мекунад. Инро метавон дар муқоиса бо дигар платформаҳо санҷид. Ин агентии генералии ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” аст, аз ин сабаб арзонтарин нархро пешниҳод мекунад.
Тахфифҳо. avs.tj барои хариди чиптаи ҳавопаймо мунтазам тахфиф пешниҳод мекунад: аз Тоҷикистон ба хориҷа – 2% ва аз хориҷа ба Тоҷикистон – 4%.
Пешниҳоди ҷолиб ва осон. Сомона ҳатто барои нафаре, ки аввалин маротиба чипта фармоиш медиҳад, фаҳмо аст ва қадам ба қадам роҳнамоӣ мекунад.
Пардохти чандгуна. Ин аввалин сомонаи миллӣ аст, ки пардохт тариқи ҳамёнҳои электронии Алиф, Душанбе Ситӣ, Эсхата, Корти миллӣ, Мир, Visa/Union Pay имконпазир аст.
Иваз ва баргардон. Тамоми чиптаҳое, ки харидорӣ карда мешаванд, ивазшаванда буда, имкони бозгардониданро низ доранд. Барои ин метавон ба масъулини агентӣ тариқи рақамҳои боварии дар сомона ишорашуда муроҷиат кард.
Дастгирии 24/7 – Агар шумо ягон савол ё мушкил дошта бошед, масъулини avs.tj шабонарӯзӣ омодаанд кӯмак расонанд ва ба суолҳои шумо посух диҳанд.
Барои гирифтани маълумоти бештар ба сомонаи агентӣ бо пайванди www.avs.tj ва Instagram avs.tj ворид шавед. Ҳамзамон, дар сомона ишораи шабакаҳои иҷтимоии ин агентӣ мавҷуд аст, ки метавонед тариқи паёмрасонҳои Телеграм, Ватсап, Инстаграм ва Фейсбук паём ирсол кунед.
Ҳамчунин, дар сомона рақамҳои боварии масъулини агентӣ барои муроҷиати корбарон гузошта шудааст, ки шабонарӯзӣ ба мизоҷон хидмат мерасонанд.
Сомонаи avs.tj – интихоби мувофиқ барои сафарҳои бароҳат ва бехатар! Аз хона набаромада, танҳо дар чанд дақиқа барои сафар ба тамоми гӯшаҳои ҷаҳон чипта фармоиш диҳед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста