Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ҳамроҳи Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон аз теппаи “Қӯрғон”-и шаҳри Бохтар, ки дар ҳолати садамавӣ қарор дорад, дидан кардааст.
Ду масъули давлатӣ аз бинои собиқи осорхонаи “Бибихонум”-ро, ки дар болои теппа сохта шудааст, дидан карда, масъалаи таъмири онро баррасӣ кардаанд.
Бояд гуфт, ки атрофи осорхона тайи чанд соли охир фуру рафта, худи осорхона ба хотири бехатарӣ ба тагхонаи бинои Қасри фарҳанги шаҳр кӯчонида шудааст.
Раҷабалӣ Раҳмоналӣ гуфтааст, ки мутахассисони КҲФ ба ин теппа сафарбар шуда, ба ҳолати садаманокии он баҳо хоҳанд дод.

Раиси вилоят ба масъулини шаҳри Бохтар супориш додааст, ки барои безарар фаромадани оби борон аз болопуши осорхона қубурҳои махсус гузоранд, то вазъ аз ин бадтар нашавад.
“Дар вақташ агар ба ин аҳамият медоданду қубур монда, обро безарар мефароварданд, шояд имрӯз ин бино ба ин ҳол намерасид”,- гуфтааст Давлаталӣ Саид.
Бояд гуфт, ки Давлаталӣ Саид баъди ба ҳайси раиси вилояти Хатлон таъин шуданаш дастур дода буд, ки лоиҳаи азнавсозии тепаи “Қӯрғон”-ро омода карда, пешниҳод намоянд.
Барои сохтмону азнавсозии ин мавзеъ аз буҷети вилоят маблағ ҷудо шуда буд, вале баъди таъсиси Агентии ҳифзи ёдгориҳои фарҳангию таърихӣ тепаи “Қӯрғон” ба тавозуни ин Агентӣ гузашт ва ҳамин тариқ таъмиру азнавсозии теппа мавқуф гузошта шуд.
Раиси вилоят ба масъулин супориш додааст, ки дар ҳамкори бо ин Агентӣ масъалаи таъмиру тармими тепарро баррасӣ кунанд.
Давлаталӣ Саид зимни нишасти матбуотии охираш низ ба ин мавзуъ дахл карда гуфта буд, ки тепаи “Қӯрғон” яке аз рамзҳои асосии шаҳри Бохтар ба ҳисоб меравад ва барои ободонии он ҳама кушишро ба харҷ медиҳад.