Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ният дорад, ки Стратегияи бехатарии ҳаракат дар роҳ ва Нақшаи амали он барои солҳои 2025-2035-ро таҳия кунад. Намояндагони вазоратҳои нақлиёт, адлия, корҳои дохилӣ, тандурустӣ, ва Бонки миллӣ дар як ҳамоиш дар Душанбе таҳияи ин ҳуҷҷатро баррасӣ кардаанд, менависад, сомонаи Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, чунин санад бо ҳадафи коҳиши ҳодисаҳои фавт ва ҷароҳат бардоштани аҳолӣ дар пайи садамаҳои нақлиётӣ таҳия мешавад ва Тоҷикистон бо сохтани роҳҳои наву хушсифат барои кам кардани садамаҳои нақлиётӣ талош мекунад.
Ҳадафи стратегияи нав эҷоди шабакаи бехатари воситаҳои нақлиёт тавассути истифодаи дастовардҳои илмӣ ва таҳкими ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ мебошад.

Масъулин атрофи вазъи кунунии бехатарии ҳаракат дар роҳҳо, мушкилоти асосӣ, суғуртаи ҳатмии мошин гуфтугӯ карда, масъалаҳои инфрасохтори бехатарии роҳ, суръати ҳаракат дар роҳ ва амалҳо пас аз ҳодисаҳои садамавии роҳу нақлиёт баррасӣ шудааст.
Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохила дар Тоҷикистон дар соли 2024-ум, 1 ҳазору 233 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст. Ин дар муқоиса бо соли 2023, 122 маротиба (соли 2023 – 1 ҳазору 111 садама) бештар мебошад.
Дар пайи ин ҳодисаҳо 552 нафар (соли 2023 – 519 кас) ҷон бохта, 1 ҳазору 353 нафар ҷароҳат бардоштаанд.
Бештари ҳолатҳо суръати баланд, ҳолати мастӣ, вайрон кардани қоидаҳои сабқат ва ҷойивазкунӣ, риоя накардани фосила, гуфтугӯ бо телефони мобилӣ, қоидавайронкунии пиёдагардон боиси рух додани садамаҳои нақлиётӣ мегарданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста