Шаҳрдории Душанбе аз оғози озмун барои дарёфти ҷоизаи шаҳрдор – Рустами Эмомалӣ дар соли 2025 хабар дод. Ҷоиза ба муҳаққиқони ҷавон дар самти илмҳои дақиқ, адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат, меъморӣ, техникаву технология ва инноватсияву ихтироъкорӣ тақдим карда мешавад.
Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе навиштааст, ки ҷоиза соли 2022 таъсис ёфта, ҷиҳати қадршиносии хизматҳои шоистаи муҳаққиқони ҷавон, дастгирӣ, ҳавасмандгардонӣ, баланд бардоштани лаёқати эҷодӣ ва рушду инкишофи иқтидори илмӣ, дар самти илмҳои дақиқ, адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат, меъморӣ, техникаву технология ва инноватсияву ихтироъкорӣ тақдим мегардад.
Номинаҳо:
- Илмҳои дақиқ – фаъолияти илмиву эҷодӣ дар самти рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ;
- Адабиёт (китобҳои илмӣ, бадеӣ, адабӣ, ашъор, осор);
- Рӯзноманигорӣ (мақолаҳо, маводҳои иттилоотӣ, барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ, гузоришҳои хабарӣ (ба корҳо дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон бартарият дода мешавад);
- Санъат (сарояндагӣ, раққосӣ, тарроҳӣ, ҳунармандии саҳнавӣ, расмҳои кашидаи хусусияти тарбиявидошта, портрет, пейзаж, нақшу нигор ва ғайра);
- Меъморӣ (лоиҳаҳои сохтмонӣ, боғу гулгаштҳои фарҳангию фароғатӣ, марказҳои ҷавонон, фаввораҳо, майдончаҳои варзишӣ ва ғайра, ки истифодаи онҳо ба шароити шаҳри Душанбе мувофиқ бошад).
- Техникаву технология - такмили сохти таҷҳизот ва мошинҳо, такмили конструксияҳои сохтмонӣ, бино ва иншоот, сарфаи энергия ва манбаҳои барқароршавандаи энергия, баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот, истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда, такмили фаъолияти меҳнатӣ, паст кардани таъсири буҳрони молиявию иқтисодӣ, барномасозӣ, ихтироъкорӣ дар самти технологияҳои иттилоотӣ, компютерӣ (ба корҳо дар самти ташаккули махзани иттилоотӣ, аз ҷумла дар соҳаи ҷавонон бартарият дода мешавад);
- Инноватсияву ихтироъкорӣ (татбиқи коркардҳои инноватсионӣ дар самти рушди нерӯи инсонӣ, рушди инфрасохтор, амалан татбиқ кардани чор ҳадафи стратегии мамлакат, кам кардани сатҳи камбизоатӣ, бехатарии фаъолияти инсон ва экология, амалисозии усулҳои нави таълим ва тадқиқоти илмӣ, истифодаи маводи навин бар ивази маводи мавҷуда, истифодаи технологияҳои иттилоотӣ.
Номгӯи ҳуҷҷатҳо барои иштирок
Ҳамчунин, барои иштирок дар озмун оид ба дарёфти Ҷоиза довталабон бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:
- варақаи шахсӣ, нусхаи шиноснома, нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда оид ба дараҷаи таҳсилот, тарҷумаи ҳол – ҳар кадом дар 2 нусха;
- тавсифнома дар бораи фаъолияти эҷодӣ ва ҷамъиятии довталаб – 2 нусха;
- расми андозаи 4Х6 – 4 адад;
- қарори муассисае, ки дар он довталаб адои вазифа ва ё таҳсил мекунад, - 1 нусха;
- рӯйхати корҳо;
- баста ва ё маҷмӯи маводҳои марбут ба кори пешниҳодшуда.
Ҳуҷҷатҳои нопурра ё қисман пешниҳодгардида ба озмун қабул карда намешаванд.
Ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун дар суроғаи шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ – 40, тавассути Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе қабул мешавад.
Муҳлати охирини қабули ҳуҷҷатҳо: то 31 – уми марти соли 2025, соати 17:00.
Телефон барои тамос: (+37992) 2217283, 2216736, 934603031, 907778567,
Нишонаи электронӣ: [email protected]




Чин дар ҷаласаи СММ аз “Толибон” хост, куштори шаҳрвандонаш дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро таҳқиқ кунанд
Масъулин мегӯянд, дар пайи боронҳои чанд рӯзи охир таъмини барқ “беҳтар шуд”, аммо сокинон рад мекунанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 декабри соли 2025
Гази моеъ беш аз 1 сомонӣ арзон шудааст
“Фарҳанги суманакпазӣ” ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуд
Маҳдудияти таҳсил барои надонистани забони русӣ. Чӣ гуна ҳазорҳо кӯдаки муҳоҷирон дар Русия аз таҳсил дур мондаанд?
Боздошти як мард дар Ҳамадонӣ бо гумони лутукӯби ҳамсараш, ки ба марг оварда расонидааст
Мазҳаб Ҷумъа, муҳаррири “Азия-Плюс” барандаи ҷоиза - “Барои мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ дар рӯзноманигорӣ” шуд
“Истиқлол” бори 14-ум қаҳрамони Тоҷикистон шуд. Нархи дастаҳои футболи кишвар чӣ қадар аст?
Гули Зардро имрӯз ба хок месупоранд. Ӯ кист ва чӣ корнома дорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста