Дирӯз, 16-уми марти соли равон нахустин парвоз миёни ҷазираи Кеши Эрон ва Душанбеи Тоҷикистон ва баръакс анҷом ёфт. Тавассути ин хатсайр як гурӯҳ масъулини бахши гардишгарӣ ва ширкатҳои сайёҳии Эрон вориди Тоҷикистон шуданд.
Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар додааст, ки дар ин хатсайр аз ҷумла, Алӣ Ҳасанлу, муовинии ниҳоди гардишгарии ҷазираи Кеш, Абулфазл Асновандӣ, мудири ширкати ҳавопаймоии “Кеш” ва дигар маъмурону намояндагони соҳаи сайёҳии ин кишвар ба Тоҷикистон омадаанд.
Дар доираи ин сафар намояндагони бахши гардишгарии Эрон аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон, маҷмааи Исмоили Сомонӣ, майдон ва маҷмааи “Истиқлол”-и Душанбе дидан карданд.
Дар идомаи сафар онҳо ҳамчунин, бо Ҷамшед Ҷумъахонзода, раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон мулоқот кардаанд.
“...ба роҳ мондани хатсайрҳои нави сайёҳӣ дар доираи баргузории иди миллии тоҷику форс - Наврӯз, ки ҳамасола дар Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хосса баргузор мегардад, барои густариши ҳамкориҳо, зиёд намудани шумораи сайёҳон, шинос шудан аз урфу одатҳои хоси миллии тоҷикӣ замина мегузард”, - гуфтааст Ҷамшед Ҷумъахонзода дар суҳбат бо намояндагони эронӣ.
Дар ин мулоқот беҳтар намудани ҳамкориҳои гардишгарӣ баррасӣ шуда, ҳамзамон, миёни ширкатҳои сайёҳии ду кишвар санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расидааст.
Қаблан гуфта мешуд, ки Ширкати ҳавопаймоии “Кеш-Эйр”-и Эрон дар арафаи ҷашни Наврӯз се парвоз дар масири Кеш – Душанбе - Кеш анҷом медиҳад. Ин парвозҳо ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз бо мақсади рушди ҳамкориҳои фарҳангӣ ва сайёҳии байни Тоҷикистону Эрон роҳандозӣ гардидааст.
Ин парвозҳо санаҳои 16, 18 ва 20-уми март анҷом меёбад. Парвозҳо бо ҳавопаймои “Airbus A321”-и ширкати ҳавопаймоии “Кеш-Эйр” амалӣ мегарданд.
Бояд гуфт, ки сафари намояндаҳои Эрон ба Тоҷикистон дар арафаи ҷашни Наврӯз дар пайи даъвати Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар аз сокинони ин кишвар ҷиҳати боздид аз Тоҷикистон “дар дилхоҳ вақт ва бидуни сармоягузорӣ” сурат хоҳад гирифт.
Ёдовар мешавем, ки аввали соли 2025-ум Эрон низоми раводид бо Тоҷикистонро барои сафари ҳавоӣ ба ҳама шаҳрҳои ин кишвар пурра лағв кард. Шӯрои вазирони ин кишвар қарори дахлдор дар ин бора ба имзо расониданд. Ҳукумати Тоҷикистон низ пешниҳоди ҷониби Эронро дар робита ба лағви раводид тариқи масири ҳавоӣ байни ду кишвар “бо инобати риояи принсипи муомила ба мисл” ҷонибдорӣ кард.




Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 январи соли 2026
“Бо нерӯ ва фарогирӣ касро ба ҳайрат меорад”. Чаро пурҷоизатарин филми тоҷикӣ – “Дов”-ро бояд тамошо кард?
Тоҷикистон ба Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ гуфтааст, ки чаро Владимир Путинро боздошт накард
Раиси ҷамъияти тоҷикон дар Пермро аз шаҳрвандии Русия маҳрум ва аз ин кишвар ихроҷ кардаанд
“Паём ба Чину Русияву Эрон ва таҳдид ба низоми ҷаҳон”. Рабудани раисҷумҳури Венесуэла аз сӯйи Амрико чӣ паёмад дорад?
Нархи парасторӣ дар кӯдакистонҳои давлатӣ боло рафт
Аз Асланшоҳ Раҳматуллоев ва Кароматуллоҳи Мирзо то “Зорро” ва Шариф Назаров. Дар соли 2025 миллати тоҷик киҳоро аз даст дод?
Русия мегӯяд, дар 11 моҳи соли гузашта беш аз 54 ҳазор муҳоҷирро ихроҷ кардааст
Боздошти ҷавоне дар Муъминобод бо гумони куштори ҳамсари собиқаш
Рустам Ятимов - бозингари сол дар мусобиқоти Ҷоми Русия
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста