Қаллобӣ тариқи интернет дар Тоҷикистон афзоиш меёбад ва ҳарчи зиёдтар одамон, бахусус муҳоҷирони корӣ ба доми онҳо меафтанд. Қаллобон аз эълону ваъдаҳои бардурӯғ истифода мебаранд, то ки мардумро фиреб кунанду ба пулҳои онҳо соҳиб шаванд.
Соли 2024 208 муҳоҷири тоҷик, ки ба доми қаллобон афтода буданду тариқи интернет онҳоро фиреб дода буданд, ба намояндагии Созмони байнулмилалии муҳоҷират (СБМ) муроҷиат карданд. Маблағи зарари расида аз 150 то 4 ҳазор долларро ташкил дод.
Лекин “ин шумори муроҷиатҳо вазъи воқеиро нишон намедиҳанд, зеро аксари муҳоҷирон намедонанд, ки ба куҷо муроҷиат кунанд. Ё умуман ба ҳеҷ куҷо муроҷиат ҳам намекунанд, зеро фикр мекунанд, ки чунин ҷиноятҳо бисёр вақт ошкорнашуда боқӣ мемонанд. Ғайр аз ин, ҷабрдидагон аксаран далели қаллобиро сабт карда наметавонанд ва ба баргардонидани пул бовар надоранд”, - изҳор дошт ба “Азия-Плюс” Саидмуҳаммад Давлатов, коршиноси масоили муҳоҷират дар Аврупо.
Як далел аз садҳо
Ҳодисае, ки бо Рустам ном муҳоҷири тоҷик рух додаааст, гуфтаҳои коршиносро тасдиқ мекунад. Ӯро қаллобон тариқи интернет фиреб доданд. Ӯ мехост дар хориҷа кор ёбад ва ба пешниҳоди бардурӯғ дучор шуд. Сарфи назар аз талошҳо, пулашро баргардонида натавонист.
“Ман ҳама вақт дар Русия кор мекардам. Лекин баъди ихроҷ ёфтани кори доимӣ бароям душвор шуд, ду сол ба корҳои тасодуфӣ машғул мешудам”,- мегӯяд ӯ.
Баъдан дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо шахсе бо номи Рустам шинос шуд, ки ба ӯ ваъдаи дарёфти кор дар ширкати бузурги Аврупо (Олмон) ва ба дӯши худ гирифтани ҳамаи хароҷот барои раводид, чипта ва манзилро ба уҳда гирифт. Лекин баъди гирифтани 15 ҳазор сомонӣ гӯё барои ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ва хароҷоти дурӯғ, ӯ бедарак шуд.
Рустам намедонист, ки барои кумак ба куҷо муроҷиат кунад ва дигар кӯшише накард, ки мушкилашро ҳал кунад.
“Чунин ҳодисаҳо хеле зиёданд. Қаллобон аз бовари муҳоҷирон ва умеди онҳо ба ояндаи хуб сӯиистифода мекунанд, то ба пулҳои онҳо соҳиб шаванд”, - мегӯяд Саидмуҳаммад Давлатов.
Бино ба маълумоти ВКД Тоҷикистон, соли гузашта 22 ҳазору 315 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки 996 ҳолат зиёдтар нисбат ба соли 2023 аст. Миёни ҷиноятҳо қаллобӣ - 3480 ҳолат дар зинаи дуюм қарор дорад. Лекин шумори ҷиноятҳои қаллобии онлайн ва сатҳи ошкоркунии онҳо маълум нест.
Ба гуфтаи намояндаи СБМ, ҷабрдидагон дар бисёр ҳолатҳо бидуни кумак монда, намедонанд, ки чӣ гуна далели қаллобиро сабт кунанд ва пулҳои худро баргардонанд. Ба ақидаи ӯ, вазифаи аввалиндараҷаи ҳам сохторҳои байнулмилаливу ҳам давлатӣ, инчунин рӯзноманигорон аз рушди тафаккури интиқодии шаҳрвандон иборат аст. Одамон бояд бовар накардан ба ҳамаи маълумот дар шабакаро омӯзанд ва онро аз якчанд манбаъ мавриди санҷиш қарор диҳанд.

Қаллобон бештар дар куҷо ҳузур доранд?
Коршиноси СБМ изҳор мекунад, ки ҳамаи эълонҳо бо пешниҳоди кор дар Британияи Кабир ё дигар кишварҳои Аврупо, аз ҷумла “кор дар Англия” ё “work in UK” қалбакӣ аст.
Қаллобон эълонҳои худро маъмулан дар шабакаҳои иҷтимоии писандида, аз қабили Instagram ва Facebook нашр мекунанд. Аксаран дар Telegram-каналҳо ё WhatsApp пайвандҳои худро гузошта, бо шаҳрвандон суҳбат мекунанд.
Барои муътақид кардан қаллобон кори мавриди таваҷҷуҳи шахс, маоши баланд, расмиёти осони гирифтани раводид ва ҳамаи дигар ҳуҷҷатҳоро ваъда медиҳанд ва онро бо огоҳии кам будани ҷой ва шитоб кардан тақвият медиҳанд. Ба шахс барои фикри ҷиддӣ вақт намедиҳанд.
Макони ҳузури қаллобонро муайян кардан душвор аст, аммо бо назардошти он, ки бисёре аз муҳоҷирон пулҳояшонро ба суратҳисобҳои бонкӣ дар Русия интиқол медиҳанд, метавон тахмин зад, ки аксарияти қаллобон дар ҳамон ҷо ҳузур доранд.
Нишонаҳои қаллобӣ
- Қариб ҳамаи эълонҳо дар бораи кор дар Британияи Кабир тариқи Instagram ва Facebook қалбакӣ мебошанд;
- Мудирони расмӣ бо муҳоҷирон тариқи WhatsApp ва Telegram гуфтугӯ намекунанд. Агар ба шумо тариқи ин мессенҷерҳо ҳуҷҷат фиристанд, ба гумони ғолиб, онҳо қаллобанд;
- Иштирок дар барнома ҳама вақт бепул аст. Ҳеҷ касе аз шумо талаб карда наметавонад, ки пул интиқол диҳед ё маблағи иштирокро пардохт намоед;
- операторон наметавонанд ба ҷойи шумо маълумоти биометрӣ супоранд, онҳо танҳо метавонанд пурсишнома (анкета)-и раводидро пур кунанд ва дар пардохти боҷи раводид ба шумо ёрӣ расонанд. Ин хидматрасониҳо ройгон аст;
- Агар дар эълон давлати ҷойи кор - Британияи Кабир нишон дода шуда бошад, таваҷҷуҳ кунед, ки ин ҷо кор нест, ба ҷуз ҷойҳои кори мавсимӣ дар бахши кишоварзӣ. Агар ба шумо дар ҷойи дигар кор пешниҳод шавад, пас мебояд ҳушёр буд;
- Агар дар эълон маоши зиёдтар аз 12,21 фунт стерлинг ($14) дар як соат, иқомати бепул ва билетҳои ҳавопаймоӣ ваъда шуда бошаду лекин дар бораи кор дар бахши кишоварзӣ чизе гуфта нашавад, пас ин аломати қаллобист;
- қаллобон аксар вақт маъмулан интиқоли пул ба суратҳисобҳои бонкиро дархост мекунанд, бахусус ба кишварҳои ИДМ, аз ҷумла Русия.

Барои эмин мондан чӣ гуна чораҳо андешидан мумкин аст?
Агар шумо ба маълумоте дар бораи кор дар дигар давлатҳо дар шабака шубҳа дошта бошед, мутахассисон тавсия медиҳанд, ки ба телефони фаъоли 900 800 800 занг занед ё барои машварат ба хадамоти муҳоҷират бо суроғаи шаҳри Душанбе, Айнӣ, 121 муроҷиат намоед.
Дар ин ҷойҳо ба шумо ҷиҳати муайн кардани дурустии пешниҳод ва эмин мондан аз қаллобӣ ёрӣ мерасонанд.
Қаблан кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва Бонки миллии Тоҷикистон чандин маротиба дар бораи чунин хавфҳо огоҳ карда буданд. Хадамоти муҳоҷират низ борҳо аз шаҳрвандон даъват кард, ки зимни ҷустуҷӯи кор дар хориҷа ҳушёр бошанд ва маслиҳат дод, ки мебояд танҳо ба марказҳои расмӣ муроҷиат кард.
Шахсони хоҳишманди кор дар Британияи Кабир бояд чиро донанд?
Ба гуфтаи Саидмуҳаммад Давлатов, маоши миёна дар Британияи Кабир 11,44 фунт дар 1 соатро ташкил дода, аз 1-уми апрели соли 2025 ин маблағ то ба 12,21 фунт боло меравад. Вақти кории муҳоҷирон дар як ҳафта метавонад аз 32 то 39 соатро ташкил диҳад, лекин ҳамчунин имкон ҳаст, ки дар як ҳафта то 60 соат кор кунед.
Аммо ба ҷуз музди меҳнат, муҳоҷирон бояд хароҷоти иловагиро ҳам ба инобат гиранд:
- Андоз – 20% аз маош, агар он аз 242 фунт дар як ҳафта зиёд бошад;
- Суғуртаи миллӣ – 8% аз маош, агар он аз 242 фунт зиёд бошад;
- Иқомат – ҳудуди 69,93 фунт ба як кас дар як ҳафта;
- Фонди нафақа – 5% аз маоши умумӣ бо имконияти даст кашидан аз ин маблағ, зеро муҳоҷирони мо асосан муваққатан ба кор гирифта мешаванд.
Тавре ки мутахассис зикр мекунад, муҳоҷирати корӣ ба Британияи Кабир имкониятҳои зиёд медиҳад, лекин пешакӣ омода шудан лозим аст. Омӯзиши қонунгузорӣ, донистани ҳуқуқу уҳдадориҳои худ зарур аст.
Дар сурати пеш омадани мушкилот, ҳамеша метавонед ба созмонҳое чун СБМ, ки барои муҳоҷирати кории бехатар кумак карда, машварати зарурӣ медиҳанд, муроҷиат кунед.
“Вақте одамонро даруни бинои оташгирифта дидам, натавонистам бетараф бошам”
Пулиси Хатлон сабаби латукӯби модару духтар аз сӯи бародарони шавҳари занро шарҳ дод
Боздошти як ҷавони 28-сола бо гумони фиреби сокинон бо ваъдаи фиристодан ба Амрико
Шиносномаи Тоҷикистон дар сафи заифтаринҳо дар ҷаҳон қарор гирифт (НАВШУДА)
“Як рӯз пеш аз маргаш куштанд”. Поягузори нашрияи парлумонӣ ва рӯзноманигори шаҳир Муродулло Шерализода 80-сола шуд
“Онҳоро ба талбандагӣ маҷбур мекард”. Ду кӯдакро аз модарашон гирифта, ба мактаб-интернат супоридаанд
Гумонбарони асосии ҳамла ба “Крокус” аз лиҳози равонӣ солим эътироф шудаанд
Давраи дуввуми музокираи Эрон ва Амрико рӯзи шанбе мегузарад. Дар музокираи аввал тарафҳо чӣ гуфтанду чӣ шуниданд?
Паёмади 5 заминларза дар минтақаи Рашт: 160 хонаи истиқоматӣ ва се мактаб зарар дидааст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Ҷароҳат” қисми 1
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста