Аз 14 то 21-уми апрел дар шаҳри Душанбе Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ – “Парасту-2025” баргузор мегардад.

Дар ин бора Вазорати фарҳанги кишвар иттилоъ дода навиштааст, ки маросими кушодашавии Фестивал рӯзи 14-уми апрел, соати 17:30 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ оғоз шуда, як ҳафта давом мекунад.

Мақсади баргузории ин фестивал-озмун рушди драматургия ва санъати театри миллӣ, эҷод ва пешниҳоди асарҳои баландғояи ватанӣ, такмили маҳорати касбии коргардонҳо, ҳунармандон, рассомон ва бастакорон гуфта мешавад.

Манбаъ мегӯяд, тамоми театри касбии ҷумҳурӣ ҳуқуқи иштирок дар фестивалро оранд ва бояд беҳтарин намоишномаҳоеро, ки тӯли солҳои 2023-2024 рӯйи саҳна овардаанд, намоиш диҳанд.

Рамзи фестивал-озмуни "Парасту-2025"
Акс аз Вазорати фарщанг

“Интихоби мавзуъ озод аст, аммо афзалият ба асарҳое дода мешавад, ки дастовардҳои замони истиқлол, ваҳдату ягонагӣ, сулҳу субот, шахсиятҳои барҷастаи халқи тоҷик, муқовимат бо фасод, терроризм ва дигар зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосирро тараннум мекунанд”,-гуфта мешавад дар низомномаи фестивал-озмун.

Мувофиқи низомнома, шумораи иштироккунандагон аз ҳар як театр набояд аз 15 нафар зиёд бошад.

Рӯзи 21-уми апрел, соати 17:30 дар театри мазкур чорабинии ҷамъбастии фестивал-озмун доир мегардад. Дар он беҳтарин намоишномаҳо ва ҳунармандон қадрдонӣ мешаванд.

Фестивал-озмунро коршиносони соҳаи театр аз кишварҳои Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон баҳогузорӣ менамоянд.

Бояд гуфт, баргузории Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ – “Парасту” ба ҳукми анъана табдил ёфта, дар ду сол як маротиба бо иштироки театрҳои касбии кишвар доир мегардад.

Навбати охир фестивали “Парасту” соли 2023 доир гардид. Дар хусуси он ки кадом намоишномаҳо ва ҳунармандон дар он мавсим беҳтарин дониста шуданд, дар маводи "Анҷоми “Парасту-2023” ва оғози баҳс атрофи ҷоизаҳо" мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.