Камчинии китобҳои тоҷикии кӯдакона дар Тоҷикистон яке аз мушкилоти нигаронкунанда арзёбӣ мешавад. Бархе мушкилро ба набудани адиб, махсусан насрнависоне, ки барои кӯдакону наврасон эҷод мекунанд, рабт диҳанд, гурӯҳе набудани талабот ва таваҷҷуҳ ба китобро омили аслӣ мешуморанд.
Махсусан, дар ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон, ки ҳамасола аз 2 то 9-уми апрел дар саросари кишвар баргузор мешавад, ин мушкил бори дигар рӯ мезанад. Мо низ талош кардем, бо истифода аз назари мутахассисони соҳа мушкилоти аслии адабиёти кӯдаконаро ба баррасӣ кашем.
“Аз даҳ китоби кӯдаконае, ки нашр мешавад, 8-тояш ба талабот ҷавобгӯ нест”
Яке аз мушкилоти ҷиддие, ки дар бахши китоби кӯдакона дар кишвар мавҷуд аст, ба талаботи нашри китоби кӯдакона ҷавобгӯ набудан ва бо теъдоди каму сифати паст нашр шудани он номида мешавад.
Азизи Азиз, нависандаи асарҳои кӯдакона, ҳамзамон роҳбари шуъбаи адабиёти кӯдаконаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мегӯяд, “дар ҳоле ки мо қариб 3 миллион хонанда дорем (манзур хурдсолон), китобҳои кӯдакона бо теъдоди бисёр ночиз – аз дусад то ҳазор ё ду ҳазор нусха чоп мешаванд.”
Ӯ аз набудани аксҳо ва ё муносиб набудани аксҳо ба мазмуни афсонаву ҳикояи чопшаванда дар нашри китоби кӯдакона сахт интиқод карда гуфт, азбаски адабиёти кӯдакона рассом надорад, аз “уқёнус”-и интернет ҳар аксро гирифта чоп мекунанд.

Ба андешаи нависанда, яке аз омилҳо ин набудани рассом барои китобҳои кӯдакона аст. Азизи Азиз ба истиснои як-ду рассом, чун Сайёра Имодинова ва Бахтиёр Қаҳҳоров, ки маҳорати нигорандагӣ барои китоби кӯдакона доранд, натавонист касеро ном барад, ки ба талаботи ороиши китоби кӯдакона муносиб тасвир кунанд.
Азизи Азиз гуфт, 12 талаботе ҳаст, ки ҳангоми нашри китоби кӯдакона бояд риоя шавад, аммо “ҳатто худи ноширон ақаллан сетои онро номбар карда наметавонанд”.
“Агар аз назари нақд бингарем, ман гумон мекунам, тақрибан аз даҳ китобе, ки барои кӯдакон дар Тоҷикистон чоп мешавад, 8-тои он ба талабот ҷавобгӯ нест. Танҳо баъзе китобҳое, ки нашриёти “Маориф” ё дигар наширон солҳои охир чоп карданд, як дараҷа ба талабот ҷавобгӯянд”, - гуфт Азизи Азиз.
Азиз Нақибзод, ки молики мағозаи китобфурӯшии “Китобкада” аст, мегӯяд, “аксари мардуми мо баҳона пеш меоранд, ки бо забони тоҷикӣ китобҳои кӯдакона кам ба нашр мерасад ва мо маҷбур мешавем, ки китобҳои русӣ харем”.

Номбурда низ тасдиқ кард, ки сифати китобҳое, ки ба забони тоҷикӣ нашр мешаванд, хеле паст ва бо китобҳои кӯдаконаи бо забонҳои русиву англисӣ нашршаванда тамоман муқоисанашаванда аст. Сифати чоп, хатоҳои зиёди техникӣ, набудани рангомезӣ дар онҳо аз мушкилоти умдаи китобҳои кӯдаконаи тоҷикӣ дониста мешавад.
“Кӯдаконро асосан рангҳо ба худ мекашад, аз ин рӯ китобҳои кӯдакона бояд аксҳои зиёд дошта бошад. Дар мо аксари афсонаҳое, ки чоп мешаванд, ё аслан сурат надоранд, ё суратҳои ба афсона рабтнадошта доранд, ё рангаш хира аст. Афсонаи бесурат кӯдакро ҷалб намекунад” – таъкид мекунад ӯ.
Бо вуҷуди ин, Нақибзод таъкид мекунад, ки агар хоҳиш бошад, ин баҳона намешавад.
Эҳсоси худкамбинӣ нисбат ба адабиёти худ
Азиз Нақибзод аз набудани талабот ба китоби кӯдакона изҳори нигаронӣ карда, гуфт, теъдоди онҳое, ки барои кӯдаконашон китоб мехаранд, хеле кам аст.
“Дар илми иқтисод як мафҳуми маъмул ҳаст: арза ва тақозо. Вақте ҷомеа тақозо мекунад, аҳли тиҷорат арза мекунанд, яъне мардумро бо он таъмин мекунанд. Бадбахтона, мардуми мо он қадар мухлиси китоб нестанд ва хоҳиши ба кӯдаконашон харидани китобҳои кӯдаконаро кам доранд”, - тавзеҳ дод ӯ.
Ба қавли ӯ, сабаби рӯ ба китобҳои англисиву русӣ овардани мардуми мо эҳсоси худкамбинӣ доштан нисбат ба адабиёти худ, нисбат ба забони худ аст. Яъне онҳо бовар надоранд, ки фарзанди онҳо бо донистани забони тоҷикӣ ба ҷойе мерасад, соҳиби касб ва нон мешавад.

“Дар замони шӯравӣ ҳам нависандаи кӯдакон набуд”
Азизи Азиз эътироф кард, ки мушкили асосии адабиёти кӯдакона набудани адиб, махсусан насрнавис аст. Ба мушоҳидаи ӯ, имрӯз дар кишвар нест нафаре, ки лаёқати нависандаи кӯдакон шудан дошта бошад.
“Чӣ қадар адибшавандаҳо буданд, ҳама гурехтанд. Як иллаташ шояд ин бошад, ки чопи китоб душвор аст ва адибон асосан бо маблағи худашон китоб чоп мекунанд ва дар фурӯши он низ душворӣ мекашанд. Имрӯз аз фурӯши китоб зиндагӣ кардани адиб қариб номумкин аст”, - мегӯяд ӯ.
Аммо Азиз Нақибзод боз ҳам таъкид мекунад, ки азбаски талабот нест, китобҳои кӯдакона ба теъдоди зиёд нашр намешаванд.
“Агар талабот бошад, адиб қарз карда, китобашро дар нашриёт чоп мекунад ва мефурӯшаду фоида мегирад. Чун мардуми мо намехаранд, вай наметавонад бо дили пур китобашро нашр карда, ба фурӯш барорад”, - мегӯяд ӯ.
Азизи Азиз эътироф кард, ки на танҳо дар замони истиқлол, балки “дар замони шӯравӣ ҳам нависандаи кӯдакона надоштем”.

“Наметавонем бигӯем, ки фалонӣ дар замони шуравӣ нависандаи кӯдакон буд. Шоирони кӯдакона буданд, лекин нависандаи кӯдакона набуд. Танҳо Пӯлод Толис буд, ки ӯ ҳам барои наврасон чанд ҳикояву қисса эҷод карда буд”, - зикр кард Азизи Азиз.
Ба гуфтаи ӯ, ин боис шуд, ки баъзе адибони дигар, ба эҷоди насри кӯдакона рӯ оваранд.
“Масалан, Аминҷон Шукӯҳӣ, ки шоири лирик аст, қиссаҳои “Об аз куҷо меояд?”-ро эҷод кард, ки хеле муваффақ ҳам шудааст. Ҳол он ки ӯ адиби кӯдакон нест. Сониян, чанд нафар баъди ба нафақа баромадан барои кӯдакон баъзе ҳикояву қиссаву афсонаҳо навиштанӣ шуданд, ки муваффақ нашуданд”, - иброз дошт ӯ.
Ӯ аз ҷумла, аз Насим Раҷаб ба унвони “адиби каму беш муваффақ дар адабиёти кӯдакона” ном бурд.
Бо вуҷуди ин ҳама, Азизи Азиз изҳори умедворӣ карда мегӯяд, “шояд фардо абидони ҷавони боистеъдод пайдо мешаванд, ки мо ҳатто ангушти ҳайрат мегазем”.
“Адабиёти кӯдаконаро рад мекунанд”
Нигаронии дигари нависанда ин аз назари мунаққидон дур мондани адабиёти кӯдакона, бахусус наср аст.
“Адабиёти кӯдакона он қадар аз назари аҳли танқид дур мондааст, ки ба ғайр аз чанд рафиқу ҳамнишин, ягон адабиётшинос ё мунаққиди ҷиддӣ насри адабиёти бачагонаро таҳлил накардааст”, - мегӯяд Азизи Азиз.
Ба мушоҳидаи ӯ, баъзе “донишмандони мо ба адабиёти кӯдакона назари “аҷиб” доштаанд. Ҳатто ӯ борҳо шунидааст, ки адабиёти кӯдаконаро рад карда, гуфтаанд, адабиёт яктост.
“Мехоҳанд, кӯдак аз чор-панҷсолагӣ Бедилу Ҳофиз хонад. Ба кӯдаки семоҳа ба ҷойи шири модар тухмбирён додан аст ин. Ин кор номумкин аст”, - шарҳ дод ӯ.
Нависанда изҳор мекунад, шеъри кӯдакона, насри кӯдакона ва китоби кӯдакона ҳам бояд бошад.

“Боре Ҷӯра Ҳошимӣ як мақола навишта, дар зери номаш шоири кӯдакон менависад. Ба ӯ гуфтаанд, ки “кӯдакон”-ро хат зан, “шоир” навис, чӣ кор мекунӣ худатро паст зада. Чунин суханҳоро ба ман ҳам гуфтаанд”, - бо таассуф зикр намуд нависанда.
Дар ҳамин баробар, ӯ, ки то имрӯз дар доираи ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон бо кӯдакон дар чорабаниҳо ширкат варзидааст, аз шеваи баргузории “маҳфилҳои адабӣ” бо иштироки адибон изҳори норозигӣ кард.
“Адибро даъват мекунанд, вале ба ҷойи он ки бо ӯ саволу ҷавоб ва гуфтугӯ кунанд, як соату 20 дақиқа аввал консерт нишон медиҳанд. Консерту рақси кӯдакон бо фестивали ҳафтаи китоб чӣ муносибат дорад? Беҳтар аст, ки китобҳои адибро хонанду аз кайфияти мутолиаи асар бо мо суҳбат кунанд”, - мегӯяд Азизи Азиз.
Нависанда таъкид кард, ки дар ин бора борҳо ба ниҳодҳои дахлдор гуфтааст, аммо “гӯш намекунанд”.
“Дар Тоҷикистон ҳафтаи китоби кӯдакон мешавад: рақс ҳаст, суруд ҳаст, аммо китоб нест”, - изҳори таассуф кард нависанда