Тоҷикистон ва Қирғизистон созишномаеро имзо кардаанд, ки тибқи он шаҳодатномаи ронандагии ҳамдигарро эътироф мекунанд. Матни ин созишномаро пойгоҳи иттилоотиву ҳуқуқии Вазорати адлияи Тоҷикистон нашр кардааст.
Тибқи ин созишнома, шаҳрвандони Тоҷикистон ё Қирғизистон ҳангоми будубош дар кишварҳои ҳамдигар ҳақ доранд бе супоридани имтиҳон шаҳодатномаи ронандагии худро иваз кунанд.
Вале як шарт ҳаст, ки шаҳрвандони ду кишвар бояд ҳуҷҷати ронандагии худро бо тарҷумаи забони давлатӣ ё русӣ пешниҳод кунанд.
“Дар сурати пайдо шудани шубҳаи марбут ба дурустӣ ё аслӣ будани шаҳодатномаи ронандагӣ, ки барои иваз кардан пешниҳод шудааст, мақомоти салоҳиятдори анҷомдиҳандаи ивазкунӣ метавонад ба мақомоти салоҳиятдори тарафи дигар барои тафтиши аслӣ будан ё дуруст будани шаҳодатномаи ронандагӣ муроҷиат намояд”, - гуфта шудааст дар ин санад.
Қарори дахлдор аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 11-уми март имзо шудааст. Ҷониби Қирғизистон дар ин бора ҳоло расман иттилоъ надодааст.
Бояд гуфт, ки ба мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон баъди тақрибан чор соли нофаҳмиҳо муяссар шуд, ки дар масъалаи сарҳад тавофуқ ҳосил намуда, ба муносибатҳои неки ҳамсоягӣ баргарданд.
Сарони кишварҳои Тоҷикистону Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Жапаров рӯзи 13-уми март Шартнома дар бораи сарҳади давлатии миёни кишварҳоро ба имзо расониданд. Парлумонҳои ҳар ду кишвар рӯзҳои 18-19 март ин шартномаро тасвиб карданд.
Ҳамчунин, сарҳади ду кишвар, ки қариб 4 сол баста буд, боз шуд ва парвозҳои мунтазам байни ҳарду кишвар баъди қариб 4 соли маҳдуд будан дубора азсар гирифта шуд.
Интизор меравад, ки хатсайрҳои автобус миёни кишварҳо дубора роҳандозӣ шавад.




Таҳримҳо алайҳи 3 бонки Тоҷикистон. Он ба фаъолияти бонкҳо чӣ таъсир расонида метавонад?
Назархудо Дастамбуев: "Ҳар як кӯдак бояд тавассути бозӣ инкишоф ёбад..."
Аввали ҳафтаи оянда дар кишвар боришоти шадид пешгӯӣ мешавад
"Лимит"-и барқ то нақлиёти барқӣ расид. Электромобилҳо чӣ қадар барқ истифода мекунанд?
Пиряхи "Деҳдал" дар як моҳ 520 метр ҳаракат кардааст
Дар Русия марҳилаи озмоишии ҷамъоварии маълумоти биометрии муҳоҷирон оғоз шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 декабри соли 2025
Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Барои вориду паҳн кардани “салют”-у “хлопушка” чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст?
БАТР барои кам кардани талафоти қувваи барқ ба Тоҷикистон 43 млн евро кумак мекунад
Додситон ба муттаҳами куштори пурсарусадои як оила дар Рӯдакӣ ҳукми абад хостааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста