Чандест, ки сокинони пойтахт шикоят доранд, ки бо вуҷуди бекор кардани маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ, то ҳол чароғҳои кӯчаҳои пойтахт фурӯзон нашудааст. Онҳо мегӯянд, маҷбуранд дар торикӣ бо истифода аз чароғи телефонҳо рафтуомад кунанд.
Дар робита ба ин "Азия-Плюс" аз муассисаи "Равшании Душанбешаҳр", ки масъули бо равшанӣ таъмин кардани кӯчаҳои пойтахт аст, пурсид, ки ин маҳдуият кай бартараф мешаванд.
Аз ин муассиса гуфтанд, ки то ҳол қарор дар бораи бардоштани маҳдудият барои рӯшноии кӯчаву хиёбонҳои пойтахт а= шащрдорь қабул нашудааст.
"Барқарор кардани рӯшноӣ аз мо вобаста нест, бояд иҷозатномаи шаҳрдориро дошта бошем. Ба наздикӣ шаҳрдорӣ қарорро дар бораи ин масъала қабул кунад ва рӯшноии кӯчаҳо дар тамоми манотиқи шаҳри Душанбе барқарор мегардад", - шарҳ доданд аз ин нищод.
Вале ӯ дақиқ нагуфт, ки қарори шаҳрдорӣ дар мавриди фурӯзон кардани чароғҳо дар кӯчаҳои пойтахт кай қабул мешавад.
Манбаъ гуфт, ки чароғҳои кӯчаҳои марказии пойтахт ба мисли хиёбони Рудакӣ, кӯчаҳои Исмоили Сомонӣ, Аҳмади Дониш ва Садриддин Айнӣ аз 15-уми апрел пурра фурӯзон шудаанд.
Мушкили қатъи барқ ва ҷорӣ кардани маҳудият дар интиқоли он дар Тоҷикистон солҳо боз доғ мемонад. Ҳар сол, дар фасли тирамоҳу зимистон ва аввали баҳор маҳдудияти интиқоли барқ ё "лимит" ҷорӣ мегардад, ки одатан то нимаи моҳи апрел давом мекунад.
Маҳдудият дар таъмини нерӯи барқ дар Тоҷикистон соли гузашта расман аз 22-юми сентябр оғоз шуд ва то 11-уми апрели имсол давом кард. Дар пайи ин, дар Душанбе низ чароғҳои кӯчаҳои Душанбе хомӯш карда шуданд.
Сабаби маҳдудияти барқ дар кӯчаву хиёбонҳо пойтахт сарфаи барқ гуфта мешуд.




Далели нав барои ҷарима. Дарҷ накардани маълумот зарурӣ дар расид муҷозот мешавад
Мероси урани Тоҷикистон: барои халосӣ аз зарари он чӣ қадар маблағ лозим аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2025
Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ашқобод
Ҷоми Осиё U-17: 16 даста муайян шуд ва Тоҷикистон дар сафи беҳтаринҳо аст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста