Мақомоти Тоҷикистон тартиботи нави ҳаҷи имсола, ки аз сӯи Арабистони Саудӣ тасдиқ ва имрӯз, 29-уми апрел ба иҷро даромад, шарҳ доданд.
Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими Тоҷикистон бо такя ба иттилои расмии Вазорати корҳои дохилии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ бо нашри як изҳорот гуфт, аз ҷумла шахсоне, ки ғайриқонунӣ кӯшиши ворид шудан ба шаҳри Макка ва мавзеъҳои Мино, Арафот, Муздалифаро мекунанд то 20 ҳазор риёл муодили 5 ҳазору 400 доллар ҷарима мешаванд.
Инчунин, шахсоне, ки ғайриқонунӣ дар Макка боқӣ мемонанд ва сокиноне, ки қонуншикании зикршударо содир менамоянд, аз кишвар ихроҷ шуда, то 10 сол аз ҳаққи вуруд ба Арабистони Саудӣ маҳрум мешаванд.
Ҳамчунин, нафароне, ки тартиботро вайрон карда, тавассути дархости раводиди зиёрат, интиқол, паноҳ додан ё кумак расонидан ба нафарони нақзкунандаи тартиби ҳаҷ саҳм мегиранд, то 100 ҳазор риёл, баробар ба 27 ҳазор доллар ҷарима пешбинӣ шудааст.
Инчунин, воситаҳои нақлиётие, ки барои интиқоли ғайриқонунии шахсони нақзкунанда истифода мегарданд, бо ҳукми додгоҳ мусодира карда мешавад.
Шахсоне, ки дорандагони тамоми намуди раводиди зиёратӣ (ба истиснои раводиди махсуси ҳаҷ)-ро дар меҳмонхонаҳо, квартираҳо, хонаҳои хусусӣ, марказҳои иқомати ҳоҷиён ва ғайра ҷой медиҳанд ё кӯшиши пинҳон кардан ё ҳар гуна кумаке мерасонанд, ки боиси боқӣ мондани онҳо дар Макка ва мавзеъҳои муқаддас мегардид, 100 000 риёл, баробар ба 27000 доллар ҷарима таҳдид мекунад.
Кумитаи дин ба шаҳрвандони кишвар тавсия додааст, ки танҳо тариқи расмӣ ва тибқи тартиби муқарраргардида барои адои маросими ҳаҷ иқдом кунанд ва аз кӯшиши вуруд ба Макка ва мавзеъҳои муқаддас бе доштани раводиди махсуси ҳаҷ қатъӣ худдорӣ кунанд.
Ёдрас мешавем, ки қаблан аз Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим гуфта буданд, ки акнун бо раводиди сайёҳӣ, умра ё тиҷоратӣ вориди Макка шудан ғайриимкон шуд. Ҳамчунин шаҳрвандони кишвар, ки тариқи ширкатҳои кишварҳои дигар ба сафари ҳаҷ мераванд, имкони ба шаҳри Макка даромаданро надоранд.
Бояд гуфт, ки шаҳрвандони Тоҷикистон умдатан аз кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон ва Русия ба умра мераванд ва бо будубоши ғайриқонунӣ барои чанд муддат, талош мекунанд маносики ҳаҷро адо намоянд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки тартиби нави Арабистони Саудӣ танҳо ба адои ҳаҷи фарзӣ рабт дорад. Сафари умра мисли пешин озод аст.
Ёдрас мешавем, ки замони сафари ҳаҷ - 2025 нимаи дуюми моҳи май муқаррар шуда, он то нимаҳои моҳи июн давом мекунад. Арзиши хидматрасониҳои сафар ба ҳаҷ дар соли 2025-ум 56 ҳазору 800 сомонӣ муқаррар шуда, он ғайринақдӣ тавассути “Ориёнбонк” пардохт карда мешавад.
Имсол ҳам Арабистони Саудӣ барои мавсими ҳаҷи имсола ба шаҳрвандони Тоҷикистон 7 ҳазор квота ҷудо кард.
Муҳлати боздошти 4 гумонбари ҳамла ба “Крокус” бори шашум дароз карда шуд
“Тоҷикистон куштори бераҳмона дар Ғаззаро маҳкум мекунад”. Вазири корҳои хориҷӣ аз вазъи Фаластин ва Афғонистон нигаронӣ кард
Таносуби қарзи давлатӣ нисбат ба ММД. Қарзи кадом давлатҳо бештар аст?
Сабақҳои зилзила. Тоҷикистон ва дигар давлатҳо баъди заминларзаҳо чӣ иқдом рӯйи даст гирифтанд?
Маҳдудияти ҳаракат барои нақлиёти гаронвазн дар роҳҳо. Чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад ва дар кадом роҳҳо?
Рӯзҳои фарҳанги Озарбойҷон дар Тоҷикистон. Кай ва дар куҷо чӣ чорабинӣ доир мегардад?
Муҳоҷире, ки дар Русия се кӯдакро аз сӯхтор наҷот дод тоҷик будааст
Аз талаботи Тоҷикистон то муқаррароти Арабистони Саудӣ. Чӣ гуна метавон дуруст ва бехатар ба ҳаҷ рафт?
“Равобити Эрон ва Тоҷикистон дар сатҳи олӣ аст”. Пизишкиён бори дигар ба тавсеаи ҳамкориҳо миёни ду кишвар таъкид кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Хуни ноҳақ”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста