Дар баъзе кӯчаву маҳаллаҳои шаҳри Душанбе аз соати 23:00-и 29-уми апрел то соати 23:00-и 30-юми апрел оби ошомиданӣ қатъ мегардад.
Дар ин бора шаҳрдории Душанбе хабар дода, гуфтааст, ки ин кор бо мақсади ивази қубурҳои обгузари чанд кӯчаи пойтахт анҷом дода мешавад.
Дар робита ба ин, шаҳрдорӣ аз шаҳрвандон хост, ки дар ин рӯз миқдори зарурии обро захира кунанд.
Дар ин муддат дар кӯчаву маҳаллаҳои зерин об қатъ мегардад:
- дар ноҳияи Сино: шаҳракҳо (микрорайонҳо)-и 10, 11, 12, 13, 14, 15, 15А, 31, 82, 83, 84, 91, 92, 101, 102, 103, 104, 112, Зарафшон 1 ва 2, Испечак 1 ва 2, Муҳандис, Меҳробод, М. Ҳамадонӣ, Навободи боло ва Навободи поён, Буни Ҳисорак, Деҳи боло, Панҷрӯд, Ободкорон, Бунёдкорон, Лучоби боло ва Лучоби поён, Комсомол, Қазоқон-1, Мовароуннаҳр, Камонгарон, Шишхона, Яккачинор, Ҳаёти нав, Қарамишикор, Меҳнатобод, Зафар, Чавлибои, Гиҷдалабо ва кӯчаи Бобо Ҳамдам;
- дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ: кӯчаҳои Хӯҷамбиёи боло ва Хӯҷамбиёи поён, Шафақ, А. Мухтора, Нодира;
- дар ноҳияи Фирдавсӣ: кӯчаҳои А. Қаҳҳоров, Миралӣ Маҳмадалӣ, Соҳилӣ, Н. Қарабоев то хонаи №36, хиёбони Саъдии Шерозӣ то хонаи №24.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста