Президенти Русия Владимир Путин муҳлати қонунӣ гардонидани будубоши шаҳрвандони хориҷиро дар қаламрави Русия, ки қоидаҳои муҳоҷиратро риоя накардаанд, то 10 сентябр дароз кард. Касоне, ки то ин муҳлат мақоми ҳузури худро қонунӣ намесозанд, бояд кишварро тарк кунанд. Амри марбутаи сарвари давлати Русия дар портали санадҳои ҳуқуқӣ нашр шудааст.
Ин ҷо сари шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандие сухан меравад, ки ба рӯйхати шахсони таҳти назорат дохил шудаанд. Ин рӯйхат аз 5 феврал мавриди амал қарор гирифт. Ба ин феҳрист афроде дохил мешаванд, ки барои ҳузур доштан дар қаламравҳои Русия асосҳои қонунии худро аз даст додаанд.
Нахуст дар амр пешбинӣ гардида буд, ки онҳо бояд то 30 апрел будубоши худро қонунӣ созанд ё кишварро тарк кунанд. Акнун чунин муҳоҷирон боз қариб 4,5 моҳи дигар вақт доранд, ки ҳузури худро қонунӣ кунанд.
Қаблан моҳи март вазири корҳои дохилии Русия Владимир Колоколтсев изҳор дошта буд, ки ба рӯйхати шахсони таҳти назорат 685 ҳазор шаҳрвандони хориҷӣ шомил гардидаанд, ки барои ҳузур доштан дар Русия асосҳои қонунӣ надоранд. Сафи одамон дар ин рӯйхат доимо бо ному насабҳои нав зиёд мешавад.
Агар хориҷиён ба ин рӯйхат афтанд, нисбати онҳо амали реҷаи раводид оғоз шуда, ҳуқуқҳояшон ба таври назаррас маҳдуд мешавад. Ба онҳо сабтином ба сифати шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инифродӣ, харидани амволи ғайриманқул ва нақлиёт, идоракунии воситаҳои нақлиёт, кушодани суратҳисобҳои бонкӣ ва анҷом додани баъзе амалиёти бонкӣ манъ мешавад. Ба ин гуна шахсон ақди никоҳ бастан ҳам иҷоза дода намешавад.
Дар сурати қонунӣ гардонидани мақоми будубоши худ дар Русия, муҳоҷирон аз рӯйхат хориҷ ва ҳуқуқҳояшон барқарор мешавад. Ҳамчунин шаҳрванди хориҷӣ дар сурати тарки ихтиёрӣ ё маҷбурии кишвар аз рӯйхат хориҷ мешавад (аз ҳамон замон амали реҷаи ихроҷ низ қатъ мешавад.





Далели нав барои ҷарима. Дарҷ накардани маълумот зарурӣ дар расид муҷозот мешавад
Мероси урани Тоҷикистон: барои халосӣ аз зарари он чӣ қадар маблағ лозим аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2025
Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ашқобод
Ҷоми Осиё U-17: 16 даста муайян шуд ва Тоҷикистон дар сафи беҳтаринҳо аст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста